© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: байни ҳиҷоб ва дунявият

Дар Тоҷикистон пешнависи қонуне дар бораи мамнӯъияти пӯшиши ҳиҷоб дар муассисоти давлатӣ ва хусусӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Коршиносон ин ибтикорро навъе таъарруз ба ҳуқуқ ва озодиҳои мардум мехонанд ва мегӯянд, ки “дунявият”  ба сират ва замир аст, на ба сурат ва зоҳир.


Ба канали мо дар  Telegram  ҳамроҳ шавед! 


English Русский

Ҷамила омӯзгори риёзӣ дар яке аз мактабҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, аст. Ҳоло, ҳангоми ҳозир шудан дар маҳалли кор вай маҷбур аст аз фароизи динӣ чашм пӯшад ва рӯсарияшро аз сар бардорад.

— Ман ҳама ҷо бо сатр меравам, ин интихоби ман аст. Чанд бор аз бахши кор бо занон ва хонаводаи шаҳрдорӣ ба ман ҳушдор доданд, ки сатрамро аз сарам бияндозам. Ҳатто таҳдидҳое ҳам шунидам.

Аҷиб аст, ки чаро Кумитаи кор бо занон ба ҷои дифоъ аз ҳуқуқи занон инчунин дастуру тавсияҳои табъизомез медиҳад?

Сатр — рӯсариест, ки аз пеш баста мешавад ва қафаси синаро ҳам мепӯшонад.
Дар Тоҷикистон кумисиюни вижае барои таҳияи пешнависи қонун дар бораи мамнӯъияти ҳиҷоб дар муассисоти давлатӣ ва хусусӣ таъсис шудааст. Мубтакири ин тарҳи қонунзуорӣ Кумитаи кор бо занон ва хонаводаи ҳукумати Тоҷикистон аст.

Дар моҳи декабри соли гузашта ин кумита номае бо чунин пешниҳод ба Додситонии кул фиристода ва ин ниҳод, ба навбаи худ, ин номаро ба дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ирсол кардааст. 

Сиёсати маҳдудсозӣ

Мамнӯъиятҳои мазҳабӣ падидаи наве дар Тоҷикистон нест. Сиёсати маҳдудсозӣ дар ин ҳавза чанд сол пеш оғоз шуд — замоне ки мардонро маҷбур мекарданд ришашонро тарошанд ва занонро водор сесохтанд, ки ба ҷои ҳиҷоб рӯмол ва либоси миллӣ бипӯшанд.

Дар солҳои гузашта мавориде буд, ки гурӯҳҳое аз мансабдорон ва кормандони давлатӣ дар кӯчаву хиёбонҳо мегаштанд ва ба занҳои ҳиҷобпӯш мефаҳмонданд, ки ин навъ либос бо фарҳанги мардуми тоҷик бегона аст.

Шокирҷон Ҳакимов. Акс аз сафҳаи шахсии ӯ дар Фейсбук
Шокирҷон Ҳакимов. Акс аз сафҳаи шахсии ӯ дар Фейсбук
Аммо чунин иқдомоте дар сатҳи қонунгузорӣ барои мамнӯъияти ҳиҷоб бори аввал сурат мегирад.

Ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки ин ибтикор ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро, аз ҷумла дар заминаи озодии интихоби дин ва доштани эътиқод ва иродаи озод, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон ва мавозини ҳуқуқи башари байналмилалӣ сабт шудааст, помол мекунад:

“Бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ кард: ҳар шаҳрванде дар интихоби навъи либос ва шеваи зиндагӣ озод аст. Арзишҳо ва фалсафаи зиндагии ҳар шаҳрванд дар ин маврид омили таъйинкунанда аст. Муҳим аст, ки назми иҷтимоъӣ халал наёбад ва усули бунёдии Қонуни асосӣ риъоят шавад.
Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз: RFE/RL
Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз: RFE/RL
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавлатии «Перспектива +», низ дар ин бора назаре мушобеҳ дорад:

«Шояд раҳбарони Кумитаи кор бо занон як бор ҳам матни Қонуни асосиро нахондаанд ва дарке ҳам аз мафҳуми давлати демукротик надоранд. Аз ин кумита на ба занон суде мерасад, на ба давлат. Пешниҳод мекунам, ки ин ниҳод барҳам дода шавад».

Рӯзноманигор Мижгона Ҳалимова, ки худаш рӯсарӣ дорад, мегӯяд, ки аслан намефаҳмад, ки пӯшидани ҳиҷоб чи зараре ба муассисаҳои давлатӣ мерасонад:

Мижгона Ҳалимова. Акс аз бойгонии шахсӣ
Мижгона Ҳалимова. Акс аз бойгонии шахсӣ
— Ман ҳиҷоб мепӯшам ва зиндагиям хуб аст. Таҳсил мекунам, кор мекунам, фоидаам ба худам ва хонаводаам мерасад.

Ду сол аст, ки ҳамчун рӯзноманигори озод кор мекунам, аммо пеш аз он ҳам дар ширкатҳои хусусӣ ҳиҷоб пӯшидан ҳаргиз мушкиле бароям эҷод накардааст.

“Барои чи зан наметавонад дар интихоби либоси худ озод бошад?
Пешниҳодҳое барои кор буд, аммо ба ман гуфтанд, ки бояд сабкамро иваз кунам — яъне ҳиҷобро дур андозам, аммо ман розӣ нашудам.

Кумитаи кор бо занон ва хонавода дар шаш моҳ як бор нишасти матбуотӣ баргузор мекунад. Ва ба хотири ҳиҷобам маро ба ин нишастҳо роҳ намедиҳанд. 

Ман намефаҳмам, ки чаро зан наметавонад дар интихоби либоси худ озод бошад? Метарсам, ки тасвиби ин қонун бисёре аз хонаводаҳоро водор мекунад, ки тарки ватан кунанд ва ба кишварҳои дигар муҳоҷир шаванд.

Акс аз сомонаи aftag.info
Акс аз сомонаи aftag.info
Вокуниши ҷомеа

Пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ба вокунишҳои густурдае доман задааст. Дар Тоҷикистон хонаводаҳои бисёре ҳастанд, ки ба арзишҳои диниву дунявӣ ҳамзамон арҷ мегузоранд. Баҳс бар сари ин мавзӯъ дар интернет, ба вижа дар миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ, доғтар шудааст.

“Давлат худаш эътироф мекунад, ки бештари мардум мусалмон ҳастанд.”
Бисёре аз корбарон бар ин назаранд, ки занонро набояд дар чунин дуроҳаи интихоб қарор дод, зеро дар натиҷа, онҳо бисёре аз озодиҳо ва имтиёзоти дигари худро ҳам аз даст медиҳанд. Фарохоне видеоӣ барои худдорӣ аз тасвиби ин қонун ҳам дар интернет мунташир шудааст.

Мавлуда Вафоева, як сокини Душанбе, мегӯяд: «Давлат худаш эътироф мекунад, ки бештари мардуми мо мусалмон ҳастанд. Азбаски мо мусалмонем, пас онҳое, ки аҳкому фароизи диниро иҷро мекунанд, ҳақ доранд либоси мазҳабӣ пӯшанд. Чи лозим аст ин гуна муқаррарот, ки хашми мардумро бармеангезад?»

Худи Кумитаи кор бо занон ҳануз ин пешниҳоди худро шарҳ надодааст. Аммо дар посух ба дархосте хаттӣ масъулони он нивиштанд, ки гурӯҳе корӣ дар ин замина таъсис ёфта ва аз натоиҷи кораш ҳамаи расонаҳо хабардор хоҳанд шуд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, муътақид аст, ки ин пешниҳодҳо бештар ба хотири ин сурат мегирад, ки мақомот мехоҳанд вокуниши ҷомеаро бисанҷанд:

— Ин амр барои тасмимгирӣ бисёр муҳим аст. Бавижа агар ба масоили ҳассосе, монанди дин, рабт дошта бошад.

Дар солҳои ахир дар Тоҷикистон сиёсати ниҳодҳои давлатиро фаҳмидан душвор шудааст. Мақомот ё сукут ихтиёр мекунанд, ё тавре рафтор мекунанд, ки як инсони дорои ақли салим аз рафторашон чизе наметавонад дарк кунад.

Акс аз news.tj
Акс аз news.tj
Дар ҳамин ҳол, дар ҷомеа садоҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки гӯё ин фақат як ибтикор аст ва ҳеҷ гуна санади қонунгузорӣ дар ин маврид тасвиб нашуда ва далеле барои нигаронӣ вуҷуд надорад.

Аммо гурӯҳи дигар бар ин боваранд, ки порлумони Тоҷикистон ҳар санади қонунгузориеро, ки ҳукумат мефиристад, бе чуну чиро тасвиб мекунад.

Ба назари ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов, аъзои порлумон иродаи сиёсии кофӣ ва шуҷоъати ҳирфаӣ барои рад кардан ва ё эрод гирифтан ба иштибоҳот ё костиҳои қавонини тасвидшуда надоранд. Ҳарчанд тибқи қонун, Додгоҳи Қонуни Асосӣ ва Кумисери ҳуқуқи башар (омбудсмен) метавонанд баъд аз тасвиби ин ё он қонуне расман ба он вокуниш кунанд.

Ҳакимов мегӯяд: «Аммо раиси ҷумҳур ва мубтакирони дигари тарҳу лоиҳаҳо чи андоза онҳоро ҷиддӣ мегиранд? Ин ба авомили пушти парда ва воқеъиятҳои сиёсии имрӯз бастагӣ дорад».

Абдумалик Қодиров. Акс аз сафҳаи шахсии ӯ дар Фейсбук
Абдумалик Қодиров. Акс аз сафҳаи шахсии ӯ дар Фейсбук
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки мубтакирони ин тарҳи қонунгузорӣ фақат ба зоҳир ва сурати масъала таваҷҷуҳ мекунанд ва аслу моҳияти онро нодида мегиранд:

— Мамнӯъияти ҳиҷоб аслан барои чи лозим аст? Барои пешбурди андешаҳои давлати дунявӣ?

Агар ҳадафи асосӣ мубориза бо ифрот дар диндорӣ бошад, пас барои густариши афкори дунявӣ миёни занон бояд зеҳнияти мардумро иваз кард.

Мо фаромуш мекунем, ки барои “дунявӣ” занон бояд сирати онҳоро иваз кард, на сураташонро.  Яъне мо ба мардум бояд бартариҳои сабки зиндагӣ дар як ҷомеъаи дунявиро нишон бидиҳем. Оре, бояд нишон бидиҳем, на ин ки аз тариқи “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ба занон таҳмил кунем.

Барои “дунявӣ” кардани занон бояд сираташонро иваз кард, на сураташонро.
Ва барои ин ки ба ин ҳадафамон даст ёбем, бояд худамон аввал пешоҳанг ва намунаи ибрат барои дигарон бошем. Яъне мо бояд шахсияти ахлоқии бенақсу айбе дошта бошем, дурӯғ нагӯем, ҳаққи ятимонро нахӯрем, ришва нагирем, бе далел дар пайи озори касе набошем ва ғайра.

Оё касоне, ки мехоҳанд “арзишҳои дунявӣ”-ро ба дигарон ёд диҳанд, худашон омода ҳастанд, ки улгӯ ва ибратомӯзи дигарон бошанд? Агар “оре”, пас ман аз онҳо сидқан ҳимоят мекунам. Агар “на”, пас саъйи беҳуда накунанд.


Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Сабот дар Осиёи Миёна аз роҳи муколимаи озод» таҳия шудааст.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: