© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Москва: равобити зич ва умедҳои барбод рафта

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18 апрел ба Русия сафари расмӣ анҷом дод. Сарфи назар аз шарикии тӯлонии Душанбеву Москва, дар 12 соли охир ин нахустин сафаре буд, ки дар чунин сатҳ баргузор шуд.


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


На русском English

Бештари коршиносон бар ин назаранд, ки сафари мазкур ба интихоботи президентии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2020 рабт дорад.

Умед Ҷайҳонӣ, таҳлилгари тоҷик бовар дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо президенти Русия Владимир Путин масъалаи интиқоли қудратро ба писараш баррасӣ кардааст.

Photo: kremlin.ru

“Президенти Тоҷикистон мехоҳад, дар интихоботи пешорӯ пуштибонии сиёсии Путинро дошта бошад. Дар интихоботе, ки Рустами Эмомалӣ, писари президент ва шаҳрдори кунунии Душанбе довталаби асосӣ хоҳад буд”, – гуфт Ҷайҳонӣ.

Муслимбек Буриев. Photo: CABAR.asia
Аммо таҳлилгари мустақил Муслимбек Буриев бар ин назар аст, ки дар бораи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон суҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст:

Ба эҳтимоли зиёд, Эмомалӣ Раҳмон номзадиашро ба даври нав пешбарӣ хоҳад кард. Ба ҳамин далел аст, ки дар остонаи интихоботи президентӣ вай талош дорад, муносибатҳоро беҳбуд бахшида, робитаҳои қадимиро барқарор кунад.
Ин дидгоҳ ҳам вуҷуд дорад, ки президенти Тоҷикистон ба ҷалби сармояи Русия умедвор аст. Дидгоҳи мазкурро ин нукта тақвият мебахшад, ки ахиран хабар расид, Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба маблағ эҳтиёҷ дорад.

Чархаеро, ки моҳи ноябри соли гузашта фаъол гардонданд, ҳамакнун аз кор мондааст. Фаъолсозии чархаи дувум ҳам ба таъхир афтод, дар ҳоле, ки қарор буд, моҳи апрели соли ҷорӣ ба кор дароварда шавад.

Роғунро чи гуна сохтанд

Давомашро дар инҷо хонед: Низоми энергетикии Осиёи Марказӣ: Маҳкум ба рушди якҷоя

Ибтидои моҳи апрели соли ҷорӣ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз Бонки ҷаҳонӣ хост, ба Тоҷикистон дар ҷалби сармоя барои сохтмони Роғун кумак расонад. Аммо посухи бонк норушан ва печида буд.

“Аз ҳамин хотир, эҳтимолан, ин мавзуъ дар ҷараёни гуфтугӯҳо баррасӣ шуда бошад, аммо мумкин аст, Русия моил ба сармоягузорӣ набошад. Зеро Москва дар самти кумакҳои молӣ ба тарҳҳои Осиёи Марказӣ чандон фаъол нест”, – гуфт Муслимбек Буриев.

Густариши ИИАО ва муҳоҷирон

Миёни шарикони тиҷории Тоҷикистон Русия дар мақоми аввал қарор дорад. Ба иттилои Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон, дар соли 2018 гардиши савдои хориҷии ду кишвар 893 миллион долларро ташкил додааст. 

Дар бораи густариши Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва шомилшавии Тоҷикистон ба он солҳост, ки суҳбат мешавад. Аммо то кунун ҳеч қадами ҷиддие дар ин самт гузошта нашудааст. Дар изҳороти матбуотӣ дар поёни гуфтугӯҳои ахир Владимир Путин ба ин масъала танҳо нимишорае кард:

“Мо талошҳои Тоҷикистонро барои ба роҳ мондани робитаҳои зич бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё на танҳо дар бахши иқтисод, тиҷорат ва сармоя, балки дар бахшҳои дигари манфиатҳои муштарак қадр мекунем”.

Photo: kremlin.ru
Ба бовари коршиноси иқтисодӣ Алӣ Мастов, Тоҷикистон як даста далелҳое дорад, ки барои ворид шудан ба ИИАО шитоб накунад. Миёни онҳо эҳтимоли аз даст додани бозори Чин, ки ба таври ғайри қобили қиёс аз бозори Иттиҳоди Авруосиё бузургтар аст; назорати хориҷии содироту воридоти Тоҷикистон, инчунин тарс дар баробари “фурӯ бурда шудан” аз сӯи Русия, ки нисбатан иқтисоди тавоное дорад. 

“Ба ҷуз ин, таҳримҳои дарозмуддати иқтисодиву сиёсии Ғарб нисбати узви асосии Иттиҳод – Русия, ки 86% ММД ИИАО-ро ташкил медиҳад, мустақиман ба вазъи иқтисодии кишварҳои дигари Иттиҳод таъсир мерасонад”, – афзуд Мастов.

Бо такя ба изҳороти ахири вазири меҳнати Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

Ба иттилои Бонки марказии Русия, дар соли 2013 то замони ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия тоҷикистониҳо ба ватанашон қариб 4,2 миллиард доллар ирсол кардаанд. Соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ҳамагӣ 2,5 миллиард долларро ташкил додааст.

Беҳсозӣ ва сабукгардонии шароит барои муҳоҷирони меҳнатӣ – яке аз масоилест, ки ба маҳзи шомилшавии Тоҷикистон ба ИИАО эҳтимоли ҳалшавиаш мавҷуд аст. Аммо таҳлилгари мустақил Муслимбек Буриев мегӯяд, масъала марбут ба ин нест, ки кишвар майли шомилшавӣ ба Иттиҳоди Авруосиёро надорад, балки масъалаи омодагӣ матраҳ аст.

“Кишвар, усулан, бардошт намекунад. Ҳамеша такрор мешавад, ки бояд аз Қирғизистон ибрат гирем, вале ин таҷриба хеле ҳам мусбат нест. Суол аслӣ ин аст, ки оё Тоҷикистон мехоҳад? Бале, мехоҳад. Шомилшавӣ метавонист, вазъи муҳоҷиронро дар Русия беҳтар гардонад”.

Ба гуфтаи Буриев, Русия сиёсати муҳоҷиратии зидду нақизе дорад. Ҳуҷҷатҳои расмӣ далолат мекунанд, ки Русия талош дорад, муҳоҷиронро ҷалб созад ва қоидаҳоро барои онҳо содатар гардонад, аммо дар қадамҳои баъдӣ ҳуҷҷатҳои дигареро қабул мекунад, ки зидди муҳоҷирон равона шудаанд.

Неъматулло Мирсаидов. Photo: Facebook
Умедвории дигар аз ин сафар он буд, ки масъалаи авфи муҳоҷирони аз Русия депортшударо ҳал мекунад. Шумори онҳо, бино бар иттилои Вазорати меҳнати Тоҷикистон, ба наздики 180 ҳазор мерасад.

“Тоҷикистон амалан аз Русия хост, ки ҳадди ақал нисфе аз муҳоҷирони депортшударо авф кунад, вале мутаассифона чунин нашуд. Агар мо шарики стратегӣ ҳастем, агар ҳампаймон ҳастем, пас дар чунин мавридҳо бояд қадаме гузошта мешуд. Вале мо шоҳиди ин иқдом нашудем”, – гуфт шореҳи сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов.

Ҳамкории низомӣ

Изҳори назар дар бораи ин ки Тоҷикистону Русия шарикони стратегӣ ва ҳампаймон ҳастанд, аз ҷониби ҳар ду раҳбар пештар ҳам баён шуда буд ва дар ҷараёни сафари охир ҳам. Аммо ин муносибатҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои низомиро намешавад, содаву ҳамвор унвон кард.

Бузургтарин пойгоҳи низомии хориҷии Русия дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин пойгоҳ дар заминаи двизияи 201 таъсис шудааст, ки ҳанӯз дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дошт. Баъди пошхӯрии СССР президенти пешини Тоҷикистон Раҳмон Набиев аз қабул ва таъмини ин пойгоҳ даст кашид ва Русия онро соҳиб шуд.

Баҳори соли 1993 роҳбарияти нави Тоҷикистон барои 10 сол созишнома имзо кард, ки дар асоси он ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Чину Афғонистон расман ба уҳдаи низомиҳои Русия вогузор шуд. Бо гузашти 6 сол аз он таърих Душанбеву Москва дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон шартнома имзо карданд. Ҳазинаи ҳузури ин пойгоҳ дар ибтидо як маблағи рамзиро ташкил медод.  

Аммо баъди воридшавии эътилофи ғарбӣ ба Афғонистон дар охири соли 2001 ва таъсиси пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар Ӯзбекистону Қирғизистон, ки амрикоиҳо барои он чандсад ҳазор доллар мепардохтанд, Душанбе ҳам тасмим гирифт, бо ҳамсояҳояш ҳамқадам бошад.

Қасри миллат дар Душанбе. Photo: tj.sputniknews.ru
Низомиҳои Русияро аз маркази шаҳри Душанбе ба канораи он кӯчонданд ва дар маркази шаҳр Қасри миллат бунёд шуд, ки ҳоло президент Эмомалӣ Раҳмон меҳмонҳои олиқадри хориҷиро дар он ҷо қабул мекунад. Мақомоти Тоҷикистон дидгоҳҳояшонро нисбати ҳузури низомиҳои Русия тағйир доданд ва бо амрикоиҳо вориди музокира шуданд.

Аммо амрикоиҳо аз идеияи таъсиси пойгоҳ дар хоки Тоҷикистон даст кашиданд. Ин ба Русия имкон дод, ки дар соли 2004 ҳузури низомиҳояшро барои 10 соли дигар тамдид кунад. Русия ҳамчунин дар мавриди маҷмаи назорати фазоии “Окно” вориди муколама шуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст.

Ҳамон сол Владимир Путин гуфта буд, Русия барои рушди иқтисоди Тоҷикистон 2 млрд. доллар сармоягузорӣ мекунад. Ширкати русии РусАл ҳам шартномаи ширкат дар анҷоми сохтмони неругоҳи Роғунро имзо кард.

Буҳрони дувум дар бахши ҳамкориҳои низомиву сиёсӣ миёни Тоҷикистону Русия соли 2009 падид омад. Он замон президенти вақти Русия Дмитрий Медведев аз ҳамтои ӯзбекаш Ислом Каримов дар масъалаи мухолифат ба сохтани сарбандҳо дар минтақа ҷонибдорӣ кард.

Гуфтугӯҳои тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба кӯчаи сарбастае ворид гардид ва созишномаи боқӣ мондани низомиҳои рус то соли 2042 танҳо баъди се сол имзо шуд.

Мавзуи ҳамкории низомӣ, аз ҷумла масъалаи марзи Тоҷикистону Афғонистон низ дар сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Москва баррасӣ шуд. Роҳбари Тоҷикистон гуфт, ки масъалаи Афғонистон роҳҳали низомӣ надорад:

“Тоҷикистон ҷонибдори устуворӣ ва шукуфоии Афғонистон аст ва ба роҳҳали сулҳомези мушкили он кишвар таъкид мекунад. Дар ҳамин робита мо ба идомаи талошҳои муштарак оиди барқарории сулҳ ва устуворӣ дар Афғонистон бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ таъкид дорем”.

Коршиносон мегӯянд, сарфи назар аз он ки танку тӯпи ИМА ва НАТО 18 сол инҷониб дар Афғонистон ҳузур дорад, Москва то кунун сиёсати рушану қобили даркро нисбати Афғонистон рӯи даст нагирифтааст. Амалкарди Русия дар қиболи Афғонистон асосан ба рӯйдодҳо рабт дорад ва чунин амалкард ба баҳодиҳии вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳам таъсир дорад.  

Коршиноси тоҷик Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, бархе аз мақомоти қудратии Русия миқёси хатари Афғонистонро ба Осиёи Марказӣ аз он чи ҳаст бузургтар нишон медиҳанд. Пушти ин, ба гуфтаи коршинос, одатан хоҳиши густариш додани ҳузури Русия дар Тоҷикистон ва дар маҷмуъ дар минтақа ниҳон аст.

“Эъломи ҷамъшавии 5-10 ҳазор ҷангӯ дар марз боис мешавад, баъзан одамон ба таъсирнокии сохторҳои низомиву сиёсие амсоли СПАД ва ё пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон шубҳа кунанд. Аммо чунин эъломҳо нишонаи мавҷуд набудани бархурди комилу тарҳрезишудаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар маҷмуъ ва ба вижа дар мавзуи ҳамкорӣ дар марз бо Афғонистон аст”, – гуфт Бекмуҳаммад.

Умедҳо бароварда нашуданд

Photo: kremlin.ru
Бо натиҷагирӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Москва шореҳи сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, ҳарчанд мулоқот дар руҳияи мусбат баргузор шуд, аммо ҳеч масъалаи чашмрасе ҳал нагардид. Ба гуфтаи вай, чанд протокол ва чанд созишнома имзо шуд, вале дар бахши иқтисод ҳеч созиши қобили таваҷҷуҳе набуд.

“Умедвориҳо буд, аммо ин умедҳо, зоҳиран, бароварда нашуданд. Русия, шуруъ аз замони пошхӯрии СССР, ҳамеша ба Тоҷикистон ваъда медиҳад, ки омодаи сармоягузорӣ дар бахшҳои саноати куҳиву энергетикӣ ҳаст. Аммо ҳамеша чунин мешавад, ки ҳеч чиз ҳосил намешавад”, – гуфт Мирсаидов.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: