© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Парвиз Турсунов: Футболбоз, «экстремист», гуреза

Тақдири ситораи пешини футболи Тоҷикистон, ки дар Ватан дар экстремизм муттаҳам мешавад, дасти мақомоти Белорус аст. Ӯро ё зиндагии осоишта дар Ғарб ё боздошту шиканҷа дар Тоҷикистон интизор аст. 



English На русском
Парвиз Турсунов. Акс аз сомонаи muslim-info.com
Парвиз Турсунов. Акс аз сомонаи muslim-info.com
Роҳи душвори Турсунов ва хонаводаи ӯ барои дарёфти паноҳандаи сиёсӣ дар Иттиҳоди Аврупо тақрибан дар остонаи дарвозаҳои он қатъ шуд. Парвиз дар фурудгоҳи Минск аз ҷониби кормандони хадамоти гумруки Белорус боздошт гардид. Мақомоти Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2016 Парвиз Турсуновро бо иттиҳоми «ташкили фаъолияти созмонҳои экстремистӣ» дар пайгарди байналмилал қарор дод.
Турсунов вақте дар маркази таваҷҷуҳи мақомот ва расонаҳои Тоҷикистон қарор гирифт, ки соли 2011 талаби мақомот барои тарошидани риши «дароз»-ашро рад кард ва маҷбур шуд ба карераи футболбозиаш хотима бахшад. Худи ҳамон сол ҳамроҳи хонаводааш ба Аморати муттаҳидаи Араб мардикорӣ рафт.   
Бар пояи иттилои созмони ҳифзи ҳуқуқи Human Constanta дар Белорус, ки аз ҳуқуқҳои Турсунов ҳимоят мекунад, авохири соли 2016, вақте барои дарёфти маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ ҷиҳати дуруст кардани ҷойи иқомати доимӣ ба Сафорати Тоҷикистон дар АМА муроҷиат мекунад, мефаҳмад, ки моҳи ноябри соли 2016 дар Тоҷикистон нисбати вай айб эълон шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳанӯз далели боз кардани парвандаи ҷиноиро шарҳ надодаанд. 
Ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, Парвиз Турсуновро дар пайравӣ аз ҷараёни Салафия, ки дар Тоҷикистон экстремистӣ эълон шудааст, муттаҳам медонанд. Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо ба мактаби мазҳаби Ҳанафия, ки ба фарҳанги мардуми минтақа наздик аст, бартарӣ медиҳад.       
Наздикони Турсунов намегӯянд, ки ӯ воқеан салафӣ буд ё на. Онҳо танҳо таъкид мекунанд, ки ҳеч фаъолияти ғайриқонунӣ анҷом надода ва зидди ҳукумат ҳам баромад накардааст.
«Вақте ту мусалмони ҳақиқӣ ҳастӣ, пас ҳатман террорист мебошӣ. Дар мо ҳамин хел мафкура вуҷуд дорад, ҳарчанд Тоҷикистон як кишвари мусалмонист»,-гуфтааст яке аз пайвандони Турсунов ба хабаргузории белорусии Naviny.by. 
Фаъолияти ҷараёни Салафия бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шуда ва аз маҳкумияти афроде, ки дар пайравӣ аз он муҷрим шинохта шудаанд, зиёд хабарҳо нашр мешавад. Миёни ин афрод табибон, одамони оддӣ, руҳониён ва ҳатто кормандони мақомоти қудратӣ ҳам ҳастанд. 
 «Соли 2017 дасти кам 20 нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз Салафия аз 5 то панҷуним солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Моҳи декабри соли 20107 се сокини шаҳри Хуҷанд (Муҳиддин Мирзоев, Хайрулло Исмоилов ва Ҳасан Ҷаббаров) барои ибодат кардан монанди салафиҳо панҷсолӣ маҳкум ба ҳабс шуданд. Се нафари дигар барои ба мақомот хабар надодан, ки муҷримон «ба гунаи дигар» ибодат мекунанд, шаш моҳӣ пушти панҷара равон шудаанд»,-омадааст дар гузориши солонаи Комиссияи ИМА дар умури озодиҳои динӣ (USCIRF).
Чунин тарзи бархӯрди мақомот ва шак дар воқеияти таҳдидҳо саволҳои зиёдеро миёни ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи Парвиз Турсунов низ ба бор оварда, маъракаи васеъ барои ба истирдод нашудани вай ба Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. 
11 октябр созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон – Human Rights Watch, (HRW), Кумитаи Ҳелсинки Норвеж ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар як изҳороти муштарак аз мақомоти Белорус дархост карданд, ки Турсуновро ба Душанбе истирдод накунад.
«Тоҷикистон бо назорат кардани русум, пӯшишҳои исломӣ ва фазои таълими динӣ, озодиҳои диниро шадидан маҳдуд мекунад. [Мақомот] озодиҳои шаҳрвандонро бо иттиҳомоти номафҳуми экстремизми динӣ маҳдуд мекунанд», — таъкид шудааст дар изҳороти созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон. 
Турсунов ҳамроҳи хонаводааш барои он ба Белорус омад, ки тавассути марзи ғарбии он ба Лаҳистон гузашта, аз ин кишвар паноҳгоҳи сиёсӣ бихоҳад. Пас аз соли 2010 дар сиёсати динии кишвар мавҷи нави маҳдудсозиҳо оғоз гардид; дар соли 2014 «тоза» кардани мунтақидони режим шурӯъ гардид ва садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин ИМА паноҳанда шуданд.   
Шабнам Худойдодова талаби озодии Парвиз Турсуновро дорад. Акс аз саҳифаи шахсии ӯ дар Facebook аст.
Шабнам Худойдодова талаби озодии Парвиз Турсуновро дорад. Акс аз саҳифаи шахсии ӯ дар Facebook аст.
 «Маро ҳам дар ҳамдастӣ ба Салафия ва терроризм муттаҳам карданд, аммо ман ба онҳо шабоҳат дорам?»,-мепурсад Шабнам Худойдодова, ки либоси аврупоӣ ба бар кардааст.
Шабнам Худойдодова баъди фаъолиятҳои оппозитсионии худ ба Лаҳистон фирор кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ва дигар кишварҳои Аврупоӣ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки дар ватан бо иттиҳоми экстремист ва паҳн намудани маводи экстремистӣ муттаҳам мешаванд, аммо дар асл онҳо аз дину мазҳаб фарсахҳо дуранд.  
 «Онҳо [мақомдорони тоҷик] калимаи «салафия»-ро суйиистифода мекунанд. Миёни паноҳандаҳо ман чунин одамҳоро надидам. Зиёд умед дорам, ки дар оянда низ намебинам»,-таъкид намуд вай дар суҳбат бо IWPR.
Белорус ва Тоҷикистон Конвенсияи ИДМ дар бораи ёрии ҳуқуқиро тасвиб кардаанд, ки масъалаи истирдоди шаҳрвандони боздоштшударо ба танзим медарорад. Дар ин санад гуфта мешавад, ки давлат метавонад дастгиршударо истирдод накунад, агар вай барои эътиқоди динӣ ё афкори сиёсиаш таъқиб шавад. Аммо Белорус барои нақзи ҳуқуқи инсон зиёд интиқод мешавад.
Наста Лойко, ҳомии ҳуқуқ аз созмони Human Constanta ба IWPR гуфт:

«Барои пешгирии раванди истирдод Парвиз тавассути маъмурияти СИЗО дар Минск барои мақоми паноҳанда дар Белорус дархост ирсол кард. Мо умедворем, ки дар сурати аз ҷониби Белорус рад кардани ин дархост, кишварҳое пайдо мешаванд, ки ба вай ҳимояи байналмилиро пешниҳод кунанд».

 «Белорус новобаста ба манъи истирдод ба кишварҳое, ки имкон дорад одамон шиканҷа ва қатл шаванд, одатан боздоштшудаҳоро бар асоси иттиҳомоти расмӣ истирдод мекунад. Ман зиёд умедворам, ки вобаста ба ҳолати Парвиз чунин намешавад»,-афзуд ӯ.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои истирдоди Парвиз Турсунов тамоми санадҳои лозимро фиристода ва ба пайгирии одилона умед дорад.
 «Низоми ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва шиканҷа метавон гуфт, ки ҳаммаъноянд, -мегӯяд таҳлилгари сиёсӣ Марат Мамадшоев, ки дар пайи фаъолиятҳои рӯзноманигориаш маҷбур шуд, Тоҷикистонро тарк намояд. –Одамеро, ки ба ин низом дармеафтад, шиканҷа таҳдид мекунад. Онҳо [мақомоти қудратӣ] худашон низ инро пинҳон намекунанд. Мубориза бо шиканҷа, ки анҷом мешавад, саҳнасозӣ аст».
Ҳама чиз зери шиори мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм
Тоҷикистон ҳеч гоҳ дар масъалаи озодии динӣ намуна набуд, аммо солҳои ахир мақомот бахши диниро шадидан зери назорат гирифтанд ва як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ гардид.
Президент Эмомалӣ Раҳмон борҳо зидди пӯшишҳои динӣ, ришҳои дароз ва ҷараёнҳои ғайрисуннатӣ сухан кард. Баъди суханрониҳои ӯ барои риояи намуди зоҳирии шаҳрвандон, ки раисиҷумҳур таъкид кард, дар кишвар рейдҳо баргузор шуд; тавсияҳои ғайрирасмӣ дар мавриди пӯшиш ва дарозии риш ҳанӯз мавҷуданд.
Ибораи «мубориза бо терроризм ва экстремизм» барои мақомот ба қавле «дастак» шуд ва бо истифода аз он даҳҳо нафар аз озодӣ маҳрум шуда ё дар курсии айбдорӣ нишастаанд.
Аммо дар Душанбе дар чорчуби таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои бойи Халиҷи Форс, ки баръакс аз Салафия пуштибонӣ мекунанд, солҳои ахир як андоза «руҳияи ҷангӣ» бо пайравони ин ҷараён заиф гардид. Моҳи августи соли равон мақомоти Тоҷикистон дар чорчуби ворид кардани тағйиру илова ба қонунҳо, аз афви аввалин салафиҳои пушаймоншуда хабар доданд.  

Қабули ҳайати соҳибкорон аз Арабистони Саудӣ дар шаҳри Хуҷанд (шаҳри бузурги саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон). Акс аз сомонаи news.tj
Қабули ҳайати соҳибкорон аз Арабистони Саудӣ дар шаҳри Хуҷанд (шаҳри бузурги саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон). Акс аз сомонаи news.tj
 
«Дар баъзе ҳолатҳо онҳо нақша доранд, ки бояд миқдори муайяни террористону экстремистҳо маҳкум шаванд»,-мегӯяд Марат Мамадшоев. 
Ба гуфтаи ӯ, на ҳамаи муттаҳамону маҳкумшудаҳо тавре мақомот мегӯянд, хавфноканд: баъзеҳо танҳо ба ин ё он ҷараён дилбастагӣ доранд ва дар сар ҳавои ҷинояте алайҳи ҷамъият ё давлатро надоранд.
 «Аз ин рӯ инҷо бояд инфиродӣ нигоҳ кард. Онҳое ки воқеан хатан доранд, – ҳадди аксар 5-10 дарсад [аз шумори тамоми маҳкумшудаҳо]-ро ташкил медиҳанд. 90 дарсади маҳкумшудаҳо, онҳоеанд, ки дар нақша уфтодаанд ё бо онҳо «ҳисобҳо»-ро баробар мекунанд»,-таъкид мекунад Мамадшоев.   
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Маруфҷон Абдуҷабборов. Акс аз саҳифаи шахсии ӯ дар Facebook аст.
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Маруфҷон Абдуҷабборов. Акс аз саҳифаи шахсии ӯ дар Facebook аст.
Аммо сиёсатшинос аз Душанбе Маъруфҷон Абдуҷабборов бо ин андеша розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, таҳдиди экстремизму терроризм дар Тоҷикистон мушкиди сохта нест; хатари онҳое зиёд аст, ки пушти парда ҳастанд.
Охирҳои соли 2016 Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм ва экстремизм стратегияи вижаеро қабул кард, ки то соли 2020-ро дар бар мегирад. Тоҷикистон бо Афғонистон, ки солҳост шоҳиди ҷанги шаҳрвандист, марзи муштарак дорад. Як қисми ҷангиёни созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар ин кишвар паноҳ бурдаанд. Миёни ин ҷангиён зодаҳои Осиёи Миёна низ ҳастанд. Ба гуфтаи Маъруфҷон Абдуҷабборов, онҳо на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми минтақа хатари ҷиддӣ доранд.  

 «Фикр намекунам, ки дар Тоҷикистон бидуни ҳеч далеле дар мавриди иштирокаш дар ҷиноятҳои экстремистӣ одамонро боздошт ва бозпурсӣ кунанд. Як нафари мавриди таваҷҷуҳ чандин моҳ зери назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегирад»,-меафзояд ӯ.

 «Ман зидди он ҳастам, ки одами бегуноҳ бидуни кадом як шубҳаи тасдиқнашуда дар бораи иштирокаш дар экстремизм қурбони шиканҷа гардад. Аз ҷониби дигар, ҳеҷ як экстремист бо сухани хуш ва меҳрубонӣ ба ҷинояти хеш иқрор намекунад»,-андеша дорад ӯ.