© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ояндаи суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

8 апрели соли 2019 Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон мизбони мулоқоти коршиносии “Ҷорӣ кардани низоми суғурта дар бахши тандурустии Тоҷикистон” буд. Коршиносон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои хусусӣ, шореҳони мустақил ва рӯзноманигорон мушкилоти мавҷуд дар бахши тандурустии Тоҷикистон ва дурнамои ҷорӣ намудани низоми бима ё суғуртаро баррасӣ ва пешниҳодоти худро ироа карданд.


 English На русском


Муҳимтарин нуктаҳои пешниҳодшуда:

Механизмҳои мушаххаси низоми умумии суғурта бояд дар ояндаи наздик хеле дақиқ коркард ва омӯхта шаванд;  

Тамоми маълумот дар мавриди чораҳои барои татбиқ пешниҳодшуда бояд барои ҷомеаи коршиносӣ ва дар маҷмӯъ барои аҳолӣ дар дастрасии озод қарор дошта бошад;

Иқдомоти ҷоришаванда бояд бо корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ тавъам бошанд;

Арзиши хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ҷиҳати мутобиқати беҳтар бо нархи бозор бознигарӣ шаванд;

Низоми бимаи ҳамагонӣ метавонад ба таври муассир ба хизматрасониҳои ҳукумати электронӣ пайванд гардад.

Авохири моҳи феврали соли 2019 сомонаи CABAR.asia тадқиқоти журналистии “Фасодкорӣ дар Маркази саломатии шаҳрии №1 дар Душанбе”-ро мунташир кард. Муаллифи тадқиқот аз таҷрибаи худ дар мавриди муроҷиат ба маркази саломатии пойтахт ва шоҳиди ҳолатҳои ришвахорӣ гардидани худ навиштааст. Ин матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои шадидеро ба вуҷуд овард. Корбароне ки зери ин матлаб шарҳ навиштанд, ба ду гуруҳ ҷудо шуданд: дар ҳоле ки як гуруҳ пешниҳод мекард, бояд дар соҳа тартибот ҷорӣ шавад, гуруҳи дуввум иддао дошт, мизони нокофии ҳақмузди табибон онҳоро маҷбур ба гирифтани маблағҳои ғайрирасмӣ менамояд.

Миёни пешниҳодҳои ироашуда перомуни решакан намудани фасод идеяи ҷорӣ кардани суғуртаи тиббӣ дар низоми тандурустии кишвар низ буд. Бо назардошти ин ки дар ҷомеаи коршиносии кишвар андешаҳо дар мавриди чӣ тавр фаъолият кардани ин низом мухталиф аст, Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон мулоқоти коршиносиеро созмон дод, ки ба мушкили ҷорӣ кардани низоми бима ё суғурта бахшида шуд.

Коршиносон имкон пайдо карданд, ки дар як фазои озод ва интерактивӣ дидгоҳи худро дар мавриди ҷорӣ шудани чунин низом қисмат намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар бахши тандурустии Тоҷикистон пешниҳодоти худро ироа намоянд. 

 

Шараф Давлатов, ҳамоҳангсози барномаи Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон мулоқотро оғоз намуд ва мушкили ҷойдоштаро шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки пешниҳодоти коршиносону иштирокдорони ин ҳамоиш чӣ барои онҳое ки тасмим мегиранд ва чӣ барои аҳолӣ фавқулода муҳим хоҳад буд.

Ба гуфтаи Сафар Сайфуддинов, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, феълан дар низоми тандурустии кишвар наздики 100 ҳазор нафар кор мекунад ва ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокини кишвар тақрибан 7 муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ дар як сол рост меояд.

Давоми 17 сол буҷаи Вазорати тандурустӣ 60 маротиба афзуда, аз 29 миллион сомонӣ (ҳудуди $3 миллион)-и соли 2002 то 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ (тақрибан $184,5 миллион) дар соли 2019 расидааст.

Дар низоми тандурустӣ ташаббусҳои пешниҳоди ёрии ройгони тиббӣ ба аҳолӣ амал мекунанд. Аз ҷумла, Барномаи кафолати давлатии таъмини кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ барои солҳои 2017-2019 ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №600 – “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ.  

Бар асоси ин, шаҳрвандоне ки ба гуруҳҳои муайяни имтиёзӣ ворид мешаванд, ҳаққи гирифтани хизматрасонии ройгони тиббиро доранд.

Сафар Сайфуддинов
Сафар Сайфуддинов

Ба гуфтаи Сафар Сайфуддинов бештар аз 50 дарсари беморон хизматрасонии тиббиро тибқи низоми имтиёзӣ мегиранд. 

“Ҳадафи барномаҳои қабулшуда коҳиш додани шумораи пардохтҳои ғайрирасмии 50 дарсади дигар аст”,-таъкид намуд ӯ.

Барномаҳои қабулшуда феҳристи хеле дақиқ ҳисобшудаи нархҳои хизматрасонии тиббиро пешниҳод мекунанд. Ин, ба қавли Сайфуддинов, бояд ба коҳиши ҳаҷми пардохтҳои ғайрирасмӣ дар муассисаҳои тиббӣ мусоидат намояд. 

Нигора Обидҷонова
Нигора Обидҷонова

Нигора Обидҷонова, директори барномаи “Тандурустии ҳамагонӣ”-и Институти “Ҷомеаи кушод”-и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон таъкид намуд, ҳар иқдоме ки ба пешниҳоди кумаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ иртибот дорад, бояд ҳатман бо назардошти шароити демографӣ ва иқтисодии кишвар арзёбӣ шавад. 

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми амалӣ намудани барномаҳои кумаки ройгони тиббӣ бояд афзоиши босуръати аҳолии кишвар дар солҳои охир ба назар гирифта шавад. Ва бар ин асос ҳаҷми маблағгузории чунин иқдомҳо бояд зиёд карда шавад.

Абдулмаҷид Ризоев
Абдулмаҷид Ризоев

Бар илова, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди андозбандии ширкатҳои хусусӣ барои суғуртаи тиббии кормандон анҷом дода шавад, таъкид мекунад Абдулмаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси созмони “Адолат ва равобити ҳуқуқӣ”. 

Ӯ меафзояд, меъёрҳои воридшуда бояд ҳамчунин ба ширкатҳои суғурта имкони санҷидани далелҳои табобатро бидиҳанд. Ба гуфтаи вай, бо назардошти ин омилҳо айни замон низоми тандурустӣ ҳанӯз омодаи ҷорӣ кардани суғурта нест.

Илҳом Расулов
Илҳом Расулов

Феълан, шарики асосии ширкатҳои суғуртаи хусусӣ муассисаҳои тиббии хусусӣ маҳсуб меёбанд. Ба гуфтаи Илҳом Расулов, раҳбари шӯъбаи суғуртаи тиббии BIMA Insurance, муассисаҳои тиббии давлатӣ ҳанӯз омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои суғурта нестанд.   

Сабаби инро вай дар нархҳои пасти хизматрасониҳои тиббӣ, ки дар беморхона ва дармонгоҳҳои давлатӣ муайян шудаанд, медонад. Барои ҷуброни меҳнати худ, нархи доруҳо ва хизматрасониҳо кормандон маҷбуранд, маблағҳои ғайрирасмӣ бигиранд. Дар муассисаҳои тиббии хусусӣ бошад, баръакс, нархи хизматрасониҳо баланд аст, ки ин ба ширкатҳои суғурта имкон медиҳад бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. 

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Коршиносон Музаффар Олимов ва Михаил Петрушков гуфтанд, ба муассир будани низоми суғуртаи ҳатмии умумӣ шак доранд. Олимов гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин андеша ки бо нархи арзон намешавад, хизматрасонии босифат гирифт, мизони боварии аҳолӣ ба суғуртаи ҳатмӣ нокофӣ хоҳад буд. 

Дар навбати худ Петрушков таъкид намуд, қабл аз ҷорӣ кардани низоми суғуртаи ҳамагонӣ бояд феҳристи муайяншудаи нархҳо барои хизматрасониҳои тиббӣ тағйир дода шуда, он ба сатҳи ҳаҷми воқеии меҳнати кормандон, доруворӣ ва хизматрасонӣ расонда шавад.    

Михаил Петрушков
Михаил Петрушков

Дар ҷараёни баррасӣ ва натиҷагирӣ иштирокдорони нишаст имкони истифодаи хизматрасонии ҳукумати электрониро барои мусоидат ба ҷорӣ кардани барномаҳои бима баррасӣ карданд.

Андешаҳо якранг набуд: бархеҳо ин идеяро писандиданд, аммо қисме бо ишора ба мушкилоти мавҷуд дар бахши коммуникатсия дар Тоҷикистон ва маҳдудияти ҷуғрофии истифодаи хизматрасониҳои онлайн (ин система танҳо барои истифодабарандаҳои интернет дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои бузург дастрас аст) онро зери суол бурданд.

Ҳамчунин хонед: Интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад

Шараф Давлатов бо натиҷагирӣ аз нишасти мазкур пешниҳодоти асосии иштирокдоронро навишта кард:

  • механизмҳои мушаххаси низоми умумии суғурта бояд дар ояндаи наздик хеле дақиқ коркард ва омӯхта шаванд;  
  • тамоми маълумот дар мавриди чораҳои барои татбиқ пешниҳодшуда бояд барои ҷомеаи коршиносӣ ва дар маҷмӯъ барои аҳолӣ дар дастрасии озод қарор дошта бошад;
  • иқдомоти ҷоришаванда бояд бо корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ тавъам бошанд;
  • арзиши хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ҷиҳати мутобиқати беҳтар бо нархи бозор бознигарӣ шаванд;
  • низоми бимаи ҳамагонӣ метавонад ба таври муассир ба хизматрасониҳои ҳукумати электронӣ пайванд гардад.

Коршиносон дар поёни нишаст изҳори умед карданд, ки чунин мулоқотҳо идома ёфта, пешниҳодоти ироашуда аз сӯйи шахсоне ки ҳаққи тасмимгирӣ доранд, ба назар гирифта хоҳанд шуд.


Мулоқоти коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи мусоидат ба сулҳу субот дар минтақа идома хоҳад ёфт.