© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ошӯб дар зиндони Ваҳдат: Чаро музокира сурат нагирифт?

Маҳмурод Одинаев мегӯяд, солҳои ахир теъдоди шикоятҳое, ки маҳбусон мегирад бештар шудааст. Ба гуфтаи Одинаев, маҳбусон бештар аз бадрафтории кормандони зиндон ба ӯ шикоят мекунанд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Ошӯб дар яке аз калонтарин зиндонҳои Тоҷикистон бори дигар номи ин кишварро ба сархати хабарии расонаҳои ҷаҳонӣ баровард. Дар ним соли ахир ин дуввумин ошуби пурқурбонӣ дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон мебошад.

Мақомот ҳардуи ин ошӯбро кори дасти тундравон медонанд, аммо коршиносон дар суҳбат ба CABAR.asia гуфтанд, ошӯбҳои пайдарпай дар зиндонҳои Тоҷикистон аз вуҷуди мушкили ҷиддӣ дар ин бахш дарак медиҳад.

“Ошӯб аз куҷо сар зад?”

Ошӯб дар маҳбаси №3/2-и шаҳри Ваҳдат, дар панҷ километрии пойтахти Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот соати 21:30-и шаби 19-уми май сар зад.

Маҳбаси №3/2-и шаҳри Ваҳдат. Акс аз ozodi.org

Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки идораи зиндонҳо дар тобеияти он аст, бо нашри хабарнома гуфт, 30 нафар маҳбусоне, ки бо ҷурми пайравӣ аз гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” (мамнуъ дар Тоҷикистон ва аксар кишварҳои ҷаҳон) зиндонӣ буданд ошӯбро созмон доданд. Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи маҳбусон “бо корд ва дигар ашёи тезу бурранда мусаллаҳ гардида, 3 нафар нозирони муассисаро гаравгон гирифта, ба қатл расонданд ва мехостанд фирор намоянд. Онҳо шарт гузоштанд, ки аз маҳбас озод карда шаванд.”

Мақомоти Вазорати адлия дар хабарномаи худ тасдиқ карданд ки барои фурӯкаш кардани ошӯб “аз чораҳои қатъӣ” кор гирифта шуд ва чанд нафар аз ошӯбгарон ҳам кушта шуданд.

Дертар мақомоти тоҷик гуфтанд, ошӯб дар маҳбаси маъруф ба “Кирпичний” бо роҳбарии Беҳрузи Гулмурод, писари Гулмурод Ҳалимов, собиқ командири ОМОН сурат гирифтааст, ки соли 2015 ба гуруҳи “Давлати исломӣ” пайваста буд.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки дар робита ба ошӯби ахир парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи омилҳои он идома дорад. Тибқи омори расмии мақомот  дар ошӯби маҳбаси “Кирпичний” 32 нафар бо шумули се корманди маҳбас ва 29 маҳбус кушта шуданд.

Маҳбаси №3/2 дар шаҳри Ваҳдат, панҷ километрии пойтахти Тоҷикистон ҷойгир буда, яке аз калонтарин маҳбасхонаҳои Тоҷикистон мебошад. Дар ин зиндон ҳудуди якуним ҳазор зиндонӣ нигоҳдорӣ мешаванд.  

“Мазҳабиҳо ва ҳаётиҳо-ду гуруҳи маҳбусон дар Тоҷикистон”

Ошӯб ё бунт дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Солҳои гузашта низ маҳбусони тоҷик даст ба чунин коре зада буданд. Аммо дар аксари вақт ин ошӯбҳо хурд буданд.

Вале моҳи ноябри соли 2018 дар зиндони шаҳри Хуҷанд ошӯбе сар зад, ки дар он тибқи омори расмӣ 23 нафар кушта шуданд. Ҳарчанд бархе расонаҳо теъдоди кушташудаҳои ин ошӯбро бештар аз ин гуфтанд.

Ин пурқурбонитарин ошӯби солҳои ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Масъулияти ошӯби маҳбаси шаҳри Хуҷандро гуруҳи тундарви “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифта буд.

Аммо ошӯби маҳбаси шаҳри Ваҳдат бар иловаи онки аз ошӯби Хуҷанд ҳам қурбонии бештар дошт, паҳлуи хатарноки маҳбасхонаҳои Тоҷикистонро ошкор кард. Ин ҳам бошад баҳсҳои динӣ дар маҳбасхонаҳо, ки барои он маҳбусон ҳатто ҳамдигарро ба қатл мерасонанд.

Дар ошӯби рӯзи 19-уми май ду нафар аз роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (мамнуъ дар Тоҷикистон) ва як тан аз руҳониёни маъруфи пайрави равияи суфигӣ бо таври ваҳшиёна кушта шуданд. Масъулини тоҷик гуфтанд, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Саидмаҳдихон Сатторов аз ҷониби ошӯбгарони пайрави “ДОИШ” ба қатл расиданд.

Абдураҳими Саттор, писари Махсуми Саттор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки падараш дар вохӯрии ахир аз баҳс бо пайравони гуруҳҳое дар дохили зиндон гуфтааст.

Дафни Махсуми Саттор дар Душанбе. Акс аз ozodi.org

Феълан манбаи аслии гирифтани маълумот аз ошӯби маҳбаси шаҳри Ваҳдат ҳамчунон хабарномаҳои мақомот аст ва имкони мустақилона санҷидани фактҳо вуҷуд надорад.

Бо ин ҳам агар ба фарзияи мақомот дар бораи кушта шудани чанд тан аз руҳониёни суннатӣ аз сӯи ифротиёни гуруҳи “Давлати исломӣ” бовар кунем, пас сарусадоҳои ахири ҷудо шудани маҳбусони Тоҷикистон ба ду гуруҳ тасдиқ мешавад.

Собиқ маҳбусон мегӯянд, феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусон ба ду гуруҳ “ҳизбиҳо” ва “ҳаётиҳо” ҷудо шудаанд ва байни худ ҳамеша баҳсҳое доранд. Манзур аз “ҳизбиҳо” нафароне  ҳастанд, ки бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм пушти панҷара рафтаанд.

Икром, исмии шарти як маҳбуси тоҷик мебошад, ки пас аз адои ҳукм се моҳи пеш аз зиндон озод шуд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, “ҳизбиҳо” ва “ҳаётиҳо” дар зиндонҳои Тоҷикистон якҷоя нигоҳдорӣ мешаванд ва гоҳ-гоҳ байнашон ихтилофҳо сар мезанад.

“Нозирони маҳбас гуруҳи “ҳизбиҳо”-ро зери назорати сахт мегиранд ва умуман нисбаташон муносибати хубе надоштанд. Барои камтарин хатогӣ дар маҳбас “ҳизбиҳо” ҷазо мегирифтанд. Ин нобаробарӣ бисёр вақт онҳоро норозӣ мекард,”-гуфт маҳбуси собиқ.

Ба гуфтаи ин зиндонии собиқ, якҷо нигоҳ доштани маҳбусони “ҳизбӣ” ва “ҳаётиҳо” метавонад ҳар лаҳза хатари муноқиша байни онҳоро бештар кунад.

Чаро музокира сурат нагирифт?

Таҳлилгарони тоҷик аз шеваи бархӯрди мақомот бо ошӯби маҳбаси Хуҷанд ва ҳам зиндони шаҳри Ваҳдат сахт интиқод мекунанд, ки натавонистанд ҳардуи онро бо қурбонии камтар ба поён баранд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқ, ки борҳо аз зиндонҳо боздид кардааст мегӯяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ вақте дар зиндон ошӯб сар мезанад, мақомот соат ва ҳатто рӯзҳо бо ошӯбгарон музокира мекунанд то онҳоро аз роҳашон баргардонанд. Аммо ба гуфтаи хонум Бобоназарова, чунин коре дар Тоҷикистон сурат нагирифт ва мақомот барои фурӯ нишондани ҳардуи ошӯби ахир аз роҳи музокира кор нагирифтанд.

Ин коршиноси тоҷик афзуд, музокира дар чунин ҳолатҳо ба хотири он аст, ки касе қурбон нашавад, вале ду ошӯби ахир дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон танҳо бо омори расмӣ 55 нафар кушта доштанд.  

“Барои чӣ дар як соат тез масъаларо ҳал мекунанд. Чаро панҷ-шаш соат ё як рӯз гуфтугузор намекунанд,”-таъкид кард Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова. Акс аз ozodi.org

Ба таъкиди Ойниҳол Бобоназарова, ошӯбҳои ахири маҳбасхонаҳои Тоҷикистон суолҳои зиёде дорад, ки беҷавоб мондааст. Азҷумла инки баъди пахши ошӯби зиндони Хуҷанд чаро пайравони гуруҳҳои тундрав боз дар зиндони Ваҳдат даст ба ошӯб заданд.

“Суол ҳамин аст, ки онҳо бо донистани онки ҳукумат бо онҳо гуфтугузор намекунад ва ҳатто агар гурезанд ҳам оқибаташ дастгир ё кушта шудан аст, чаро даст ба ошӯб заданд? Яъне инҷо дигар сабабҳо ҳам буданаш мумкин аст. Вақте одам дар ҷонаш мезанад ва дигар роҳи зиндагӣ ва ҳимояашро намеёбад, мумкин ба ин чиз даст мезанад,”-афзуд Ойниҳол Бобоназарова.

“Агар вазъ хуб аст, пас дарҳоро боз кунед”

Вазъи маҳбасхонаҳои Тоҷикистон борҳо аз сӯи расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ интиқод шудааст. Бадрафторӣ, озору азияи маҳбусон ва фасодкорӣ аз мушкилиҳои умдаи зиндонҳои Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Коршиносони CABAR.asia мегӯянд, ду ошӯби ахир ҳам як навъ эътироз ба вазъи зиндонҳо аст, ки наметавон ба онҳо чашм пӯшид. Мушкили маҳбасхонаҳои Тоҷикистон баъд аз ошӯби зиндони Хуҷанд доғ шуда буд ва дар пайи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти зиндонҳои Тоҷикистон пурра аз вазифа озод кард.

Бо фармони президент, Мансурҷон Умаров аз вазифаи муовини аввали раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба мақоми роҳбари идораи зиндонҳо омад. Он замон ҳомиёни ҳуқуқ аз роҳбари нави зиндонҳо даъват карданд, то ба мушкили нақзи ҳуқуқи инсон дар маҳбасхонаҳо таваҷҷуҳ кунад. Худи Мансурҷон Умаров борҳо дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, барои беҳбуди вазъ талош дорад.

Ба гуфтаи Маҳмурод Одинаев, маҳбусон бештар аз бадрафтории кормандони зиндон ба ӯ шикоят мекунанд. Акс аз CABAR.asia

Маҳмурод Одинаев, раиси комиссияи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон мегӯяд, агар воқеан роҳбарияти нав мехоҳад вазъи зиндонҳо беҳбуд ёбад, бояд дари маҳбасхонаҳо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ боз бошад. Феълан мақомоти тоҷик, ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто Салиби Сурх иҷозаи вуруд ба маҳбасхонаҳоро намедиҳанд.

Ба истиснои чанд ҳолат, ки дар онҳо ҳам маҳбусон дар назди масъулини зиндон бо рӯзноманигорон суҳбат карданд ва шароити худро хуб гуфтанд.

Маҳмурод Одинаев мегӯяд, модом, ки мақомот даъво доранд дар зиндонҳо бадрафторӣ нест пас бояд дари маҳбасҳоро ба рӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ боз кунанд.

Одинаев, ки беш аз даҳ сол масъалаи ҳуқуқи маҳбусонро пайгирӣ мекунад гуфт, солҳои ахир теъдоди шикоятҳое, ки маҳбусон мегирад бештар шудааст. Ба гуфтаи Маҳмурод Одинаев, маҳбусон бештар аз бадрафтории кормандони зиндон ба ӯ шикоят мекунанд.

Дар умум коршиносон мегӯянд, ошӯби зиндони Ваҳдат нишон дод, ки мушкилиҳои аслии зиндонҳои Тоҷикистон ба мисли бадрафторӣ ва озори маҳбусон ҳамчунон бар сари худ боқист ва кафолате нест, ки то чанд моҳи дигар ин воқеа дар дигар маҳбас такрор нашавад.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз давлати Тоҷикистон даъват мекунанд, ки ба ҳуқуқи инсон нисбати маҳбусон арҷ гузоранд.

Феълан тибқи омори расмӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафар маҳбус адои ҷазо мекунанд.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: