© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Кишоварзӣ дар Тоҷикистон: Бо қарз душвор, бидуни он мушкил

Дар Тоҷикистон солҳост, ки ислоҳоти кишоварзӣ идома дорад – ҷойи колхозу совхозҳо ҳазорон хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ таъсис ёфтанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, фоизҳои баланди қарзи бонкӣ метавонад монеи рушди ин бахш гардад.


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


Мағфират Сайраҳмонова. . Photo: CABAR.asia
На русском English

Мағфират Сайраҳмонова 15 сол мешавад, ки раҳбарии хоҷагии деҳқонии “Идибек”-ро дар ноҳияи Шаҳритус бар зимма дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати рушди кишоварзӣ барои хариди тухмиҳои босифат, нуриҳо ва дигар маводи зарурӣ маблағҳои иловагӣ лозим аст, аммо бо фоизҳои феълии қарзи бонкӣ фоида аз онҳо ночиз мебошад.

“Аз таҷрибаи худ мегӯям. Ду сол қабл барои тавсеаи хоҷагии деҳқонӣ аз бонк қарз гирифтам. Қарзҳо кутоҳмуддат ва ҳамзамон бо фоизҳои хеле баланд ҳастанд. Аз ин сабаб натавонистем аз ин маблағҳо фоида бардорем. Ниҳоят ба ин натиҷа расидем, ки дигар аз гирифтани қарзҳои бонкӣ даст мекашем”,- мегӯяд Сайраҳмонова.

Кибирё Усмонова. Photo: CABAR.asia
Аммо на ҳама имкони даст кашидан аз қарзҳои бонкиро доранд. Кибриё Усмонова, раҳбари хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” аз ноҳияи Ёвон мегӯяд, бидуни ҷалби маблағҳои бонкӣ фаъолият карда наметавонанд:

“Мо дар оғози мавсими киштукор аз бонк қарз мегирем ва пас аз анҷоми давраи ҳосилғундорӣ онро бармегардонем. Бидуни қарзи бонкӣ фаъолият кардан хеле душвор аст. Соли равон аз як бонк бо 19% солона қарз гирифтем. Бо чунин фоизҳо фоидаи зиёде намебинем”.

Дар баррасии ҳукумат

Бино ба иттилои Гулмаҳмад Тағоев, муовини директори филиали “Амонатбонк” №42, ки дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият мекунад, дар соли 2018 тамоми шӯъбаҳои ин бонк ба бахши кишоварзӣ дар минтақа 1 миллиону 883,7 ҳазор сомонӣ ($199,9 ҳазор) ҷудо кардаанд. Фоизҳои камтарини қарзҳо аз 24 то 26%-ро ташкил медиҳад.

“Беш аз 36 дарсади фонди қарзии мо ба бахши кишоварзӣ рост меояд. Соли равон ин нишондод эҳтимол марзи 40%-ро бигзарад. Фоизи қарзҳои мо бешак аз фоизи ҷалби манобеи бонкӣ бастагӣ дорад. Агар маблағҳои бонкӣ бо фоизи паст ҷалб шаванд, мо низ ба истеъмолкунандаҳо қарзҳоро бо фоизҳои камтарин пешниҳод мекунем”,-гуфт Тағоев.

Соли 2018 тамоми намояндагиҳои ташкилотҳои қарзии кишвар дар вилояти Хатлон ба маблағи наздики 1,15 миллиард сомонӣ ($121,6 млн.) қарз додаанд. Тақрибан сеяки он – 365,7 миллион сомонӣ ($38,8 млн.) ба бахши аграрӣ рост меояд.

Дар қиёс ба соли 2017 ин рақам 55,5 миллион сомонӣ ($5,9 млн.) бештар аст, мегӯяд намояндаи шӯъбаи Бонки миллӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Бадриддин Сафаров.

Бадриддин Сафаров. Photo: CABAR.asia
Муҳлати пешниҳоди қарзҳо аз 12 то 36 моҳро дар бар мегирад. Барои бахши пахтакорӣ асосан қарзҳо ба муҳлати 12 моҳ ва барои боғдориву асалпарварӣ то 36 моҳ пешниҳод мегардад.

Ба гуфтаи Сафаров, фоизи солонаи қарзҳо аз 18 то 33 дарсадро ташкил медиҳад. Ин аз он бастагӣ дорад, ки худи ташкилотҳои қарзӣ бо кадом фоиз маблағ мегиранд. Масалан, “Амонатбонк” аз тариқи барномаҳои давлатӣ маблағҳои буҷаро мегирад, аз ин рӯ фоизи он поинтар аст. Инчунин онҳо метавонанд барои пешниҳоди қарз маблағҳои муштариён ва саҳҳомон – ташкилотҳои молиявии дохилӣ ва байналмилалиро истифода намоянд.   

“Инчунин дар низоми бонкӣ як амалиёт аст, ки бозтамвил ном дорад. Бонкҳо маблағҳои озоди худро ба ҳамдигар пешниҳод мекунанд. Фоизи бозтамвил ба ҳисоби миёна дар сатҳи 16% муайян шудааст. Яъне, бонке ки бо ин фоиз маблағ гирифтааст, ҳангоми пешниҳоди қарз хароҷот ва фоизи худро ба он илова мекунад. Аз ин хотир дар бонкҳо фоизҳо аз ҳам фарқ мекунанд”,- меафзояд Сафаров.

Давомашро дар инҷо хонед: Ширкатҳои чинӣ дар Хатлон: Ба дунболи сармоягузориянд ё тавсеъаталабӣ?

Интихоби дигар нест

Неъмат Бобомуродов, сардори хоҷагии деҳқонии “Лоиқ”- и ноҳияи Дӯстӣ аст. Ин хоҷагӣ соли 2009 таъсис ёфта, бештар ба пахтакорӣ, тарбузпарварӣ ва парвариши дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст. Бобомуродов мегӯяд, онҳо қарзҳои бонкиро бо 29-30%-и солона мегиранд. Ӯ меафзояд, бо чунин фоизҳо танҳо дар шароити боду ҳавои мусоид имкони дарёфти фоидаи андаке мавҷуд аст:

“Соли 2018 бо сабаби гармии шадид натавонистем ҳосили хуб бардорем ва қарзи бонкро бо душворӣ баргардонидем. Имсол ҳоло тасмим нагирифтем, ки қарз бигирем ё на. Бо чунин фоизи баланд, барои мо кор кардан фоидаовар нест, аммо интихоби дигар ҳам надорем. Бидуни қарзи бонкӣ наметавонем корҳои киштукорро шурӯъ намоем”.

Мехнатуло Сироджов. Photo: CABAR.asia
Меҳнатулло Сироҷов, сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон мегӯяд, бонкҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ таҳти ҳамон шароите қарз медиҳанд, ки ба дигар субъектҳои ҳоҷагидорӣ пешниҳод мекунанд. Барои бахши кишоварзӣ ҳеч имтиёзе пешбинӣ нашудааст.  

“Деҳқонҳо 7-8 моҳ заҳмат мекашанд, то ҳосил бигиранд. Аммо бо чунин фоизҳои баланд, намешавад фоида ба даст овард. Дастгирии давлат эҳсос намешавад”, -афзуд Сироҷов.

Ба ин монанд андешаро Раҳматулло Бобомуродов, сардори ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббускорон”, ки чанд сол аст дар самти боло бурдани мизони донишҳои ҳуқуқии деҳқонони вилояти Хатлон кор мекунад, иброз дошт. Ин коршинос мегӯяд, бахши кишоварзӣ ба қарзҳои имтиёзнок ниёз дорад ва низоми феълии қарзӣ ба талаботи деҳқонҳо ҷавобгӯ нест.  

Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 178,4 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Ба гуфтаи Баҳодур Назаров, сардори раёсати сиёсати аграрии Вазорати кишоварзӣ барои дастгирии бахши кишоварзӣ чанд барномаи давлатӣ дар самтҳои гуногун, инчунин ду лоиҳаи маблағгузорӣ амал мекунад. Аммо барномае, ки ба дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ нигаронида шуда бошад, ҳанӯз вуҷуд надорад.

“Мо наметавонем ба низоми бонкӣ таъсир бирасонем ва талаб намоем ки фоизи қарзҳоро коҳиш бидиҳад. Аммо Вазорати кишоварзӣ пешниҳодоти худро ба ҳукумати кишвар ироа кардааст. Мо дархост намудем, ки барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тавсеаи ин бахш ҷиҳати пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлати бонкӣ бо фоизҳои паст маблағ ҷудо карда шавад. Ҳоло пешниҳоди мо мавриди баррасӣ қарор дорад”,-гуфт Назаров.  

Манбаъҳои алтернативӣ

Мағфират Сайраҳмонова мегӯяд, бахши кишоварзӣ танҳо дар сурате метавонад тавсеа ёбад, ки ба қарзҳо бо фоизи поин дастрасӣ дошта бошад. Ҳоло бо сабаби набудани маблағ онҳо маҷбуранд тухмиҳои арзон, ки 7-8 сомонӣ ($0,74-0,85) арзиш доранд, бихаранд. Тухмиҳои аълосифат беш аз 30 сомонӣ ($3) фурӯхта мешаванд.

Бо ин сабаб на ҳамеша қоидаҳои агротехникӣ риоя мегардад. Масалан, ҳаҷми зарурии нуриҳо истифода намешавад, ки дар натиҷа ҳосили дилхоҳ ба даст намеояд.

Майдони кишти пахта дар вилояти Хатлони Тоҷикистон. Photo: tj.sputniknews.ru

Ба гуфтаи Сайраҳмонова, хоҷагиҳои пахтакор манбаъҳои алтернативии маблағгузорӣ доранд – қарзи корхонаҳое, ки ба коркарди пахта машғуланд. Инҷо ҳам шартҳо ва фоизҳои муайяне мавҷуданд, аммо дар қиёс ба бонкҳо ин усул барои пахтакорон хеле роҳат аст.       

Корхонаҳо пардохти фоизи ҳармоҳаро талаб намекунанд. Пас аз анҷоми мавсим кишоварзон ба онҳо пахта медиҳанд ва ҳамин тариқ ҳисоби худро барои қарз ва фоизҳои он баробар менамоянд.

“Дар ҳолатҳое ки ҳосили хуб ба даст наомад, муҳлати шартнома то соли оянда тамдид мегардад, вале барои ин фоиз ситонида намешавад. Аз ин хотир ҳамкорӣ бо корхонаҳои коркарди пахта дар қиёс ба бонкҳо нисбатан манфиатовартар аст”,-мегӯяд Сайраҳмонова

Рахматулло Бобомуродов. Photo: CABAR.asia
Коршинос Раҳматулло Бобомуродов бо ин нуқтаи назар мувофиқ аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, инҷо як нозукӣ ҳам ҳаст: корхонаҳо пахтаро аз хоҷагиҳое, ки наздашон қарздоранд, нисбат ба хоҷагиҳое ки вом надоранд, арзонтар қабул мекунанд:

“Яъне, аз ҳоҷагиҳои қарздор пахта нисбат ба хоҷагиҳое ки қарз надоранд, 50 дирам (наздики $0,05) арзонтар қабул карда мешавад. Ба андешаи ман, агар корхонаҳои коркарди пахта ин масъаларо бартараф кунанд, ба деҳқонон кумаки бештар мешавад”,-меафзояд Бобомуродов.  

Ба гуфтаи ӯ, барои тавсеаи бахши кишоварзӣ дарёфти роҳҳои осони маблағгузорӣ барои деҳқонҳо зарур аст.

 
Барои бахши кишоварзӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат зарур аст, то хоҷагиҳои деҳқонӣ тавонанд рушд кунанд. 

Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: