© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR Tajikistan: Худжанд: коррупция начинается с детского сада?

Жители города Худжанда говорят, что прием и воспитание детей в государственный детские сады осуществляется через взятку или личные связи. Наше расследование, проведенное в течение нескольких месяцев на эту тему, показало, что для приема детей в детские сады города Худжанда административный центр Согдийской области незаконно взымает деньги с их родителей.
Несмотря на то, что ежегодно за счет бюджета выделяются определенные средства дошкольным образовательным учреждениям, руководство детских садов города Худжанда требует у родителей за прием и воспитание их детей дополнительные средства. Журналистское расследование выявило насколько бюджетные средства в этой сфере используются по назначению.

Кроме того, повышение спроса на докшольные образовательные учреждения стало причиной того, что сегодня родители для приема своих детей в детские сады должны простоять долгое время в очереди или же решить свой вопрос “легким” путем посредством знакомых или оказания “помощи” детскому саду.

Авторы расследования –Джамшед Марупов и Рустам Гулов

Джамшед МаруповДжамшед Марупов начал журналистскую деятельность в 2007 году в качестве корреспондента частной газеты «Сугд». Через год он стал ответственным секретарем газеты, затем заместителем главного редактора. С августа 2009 года до конца 2010 он являлся специальным корреспондентом журнала «Бонувони Точикистон» («Женщины Таджикистана») в Согдийской области. Джамшед также работал региональным корреспондентом ИАА «TojNews» по Согдийской области.С мая месяца 2012 года до сегодняшнего дня является главным редактором и заведующим информационного отдела радио «Пайванд» города Худжанда. Одновременно является представителем ИА «Озодагон»в Согдийской области на севере Таджикистане. За вклад в развитие интернет-журналистики и радиожурналистики Джамшед Марупов был награжден дипломами председателя Согдийской области.

Rustam GulovРустам Гулов начал работу в сфере поддержки гражданского общества в 2008 г. в составе Ассоциации молодых юристов «Ампаро». Был ответственным за проведение исследований и мониторинга прав человека, активно занимался освещением деятельности организации в социальных сетях и блогах. С 2012 г. является основателем и администратором блогпортала «Блогистон» (www.blogiston.tj). Материалы его блога, посвященные правам человека, периодически публикуются в различных средствах массовой информации.  Активно участвует в совместном проведении журналистских расследований с представителями СМИ. За высокую блоггерскую активность награжден дипломом «Лучщий блоггер 2013\ 2014 г.г., учрежденный Медиа-Альянс Таджикистана и ООО «А-Медиа».

Расследование вышло на таджикском языке: 

 

Хуҷанд: Коррупсия аз боғча оғоз мешавад?

 
 
Бошандагони шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки қабул ва таълиму тарбияи кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ тариқи пора ва ё шинос ба роҳ монда шудааст. Таҳқиқоти чандмоҳаи мо низ дар ин замина исбот намуд, ки барои дохил намудани кӯдакон дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанди маркази маъмурии вилояти Суғд аз волидайн ғайриқонунӣ маблағ меситонанд.

Мудири бахши муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд Мадина Ботурова рӯзи 12-уми ноябри соли равон дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 36 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз он ҷумла 30 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шӯъбаи маориф ва 5 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 1 комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино, фаъолият мебаранд. «Дар соли 2015 аз 22 ҳазор кӯдаки синни томактабии шаҳри Хуҷанд, 8 ҳазору 252 кӯдак дар муассисаи томактабӣ ва дар 5 кӯдакистони хусусӣ 512 нафар кӯдакон, дар маҷмӯъ 8 ҳазору 764 нафар кӯдаконро, ки 40%-ро ташкил медиҳад, фаро гирифта шудааст. Ин рақамҳо нисбат ба солҳои пеш зиёд шуда истодааст ва талаботи шаҳрвандон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ зиёд мебошад»,- изҳор дошт ӯ.

Хонум Ботурова дар идома афзуд, ки ба ҳамин хотир, сол аз сол барқарорсозиву азнавсозии кӯдакистонҳо ба роҳ монда шудааст: «Масалан, дар маҳаллаи Темурмалики микроноҳияи 3-юм як кӯдакистон барқарор карда шуда, барои 320 нафар кӯдакон ба истифода дода шуд. Инчунин, дар маҳаллаи Сари Баландӣ сохтмони бинои нави кӯдакистони №16 барои 200 нафар кӯдакон идома дорад».

Ҳарчанд ин гуна иқдомҳо аз сӯйи ҳукумати шаҳр ва маориф ба назар расад ҳам, вале норасоии кӯдакистонҳову зиёдшавии талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сабаб шудааст, ки имрӯзҳо волидайн барои дохил кардани фарзандонашон ба кӯдакистонҳо бояд дар муддати тӯлонӣ навбат истанд ва ё бо роҳи «осон» мушкилашонро тавассути шинос ё «кӯмак» намудан ба кӯдакистон ҳаллу фасл намоянд.

Бо мақсади дақиқ намудани чунин вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд аз 19-ум то 30-юми ноябри соли равон мо миёни мардум назарсанҷие анҷом додем.

Дар назарсанҷии мо аз 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (№2, №11, №13, №14, №15, №18, №23, №24, №25, №33 ва №40) 22 нафар падару модароне, ки кӯдаконашон дар ин боғчаҳои шаҳри Хуҷанд таълиму тарбия мегиранд, иштирок намуданд.

Тибқи назарсанҷии мо, гарчанде аз 22 нафар иштирокчиён 12 нафар аз шарту шароити кӯдакистонҳо «розӣ»-ву 5 нафар «норозӣ» ва 5 тани дигар «миёна» ҷавоб дода бошанд ҳам, вале аз миёни 22 нафар пурсидашудагон 10 нафар фарзандонашонро ба кӯдакистон бо маблағ дохил намудаанд, 7 нафар тавассути шинос, 2 тани дигар ба кӯдакистон «кӯмак» кардаанд ва танҳо 3 нафар дар навбат истода, фарзандашонро дохил кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Мадина Ботурова – мудири бахши муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд, дохилшавӣ ба кӯдакистон тариқи маблағро рад мекунад: «Барои дохил намудан ба кӯдакистон умуман маблағ ситонида намешавад. Вале дар рафти таълиму тарбия гирифтани кӯдакашон онҳо (падару модарон,- муаллифон) мебинанд, ки ягон чизро дастгирӣ намудан зарур аст, масалан, таъмиру тармим, шикасту рехт, гӯшаҳо ва ин ба эҳсонкории онҳо вобастагӣ дорад. Ҳамту маблағ ситонида намешавад».

Нигина (ном тағйир дода шудааст), як ҷавонзани сокини шаҳри Хуҷанд, ки соҳиби ду фарзанд аст, аз ҳоло барои дохил намудани фарзанди дуюмаш ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ менамояд: “Кӯдаки дуюмам, ки ҳамагӣ 7-моҳа буд, ман ҳуҷҷатҳояшро барои дохилшавӣ супоридам, то дар вақти синни дохилшавӣ навбаташ ояд, бе мушкилӣ ба боғча супорам. Чун таҷрибаи се сол пеши фарзанди калониам нишон дод, ки «дар боғча ҷой несту навбат хеле калон аст», маро маҷбур кард, ҳуҷҷатҳои фарзанди дуюмамро аз синни хурдиаш супорам. Он вақт имконияти дар навбат истодан набуд, чун ман бояд аз рухсатӣ ба ҷойикориамбармегаштам. Маҷбур шудам тариқи шинос ба мудири боғча бароям. Вале баъд аз супоридани 400 сомонӣ кӯдакамро ба боғчаҷойгир намудам».

– Ба ғайр аз ин,- мегӯяд ин ҷавонзан,- мураббияи гурӯҳ рӯйхатикалонеро навишта додааст, ки дар он собуну хокаи ҷомашӯӣ, хлор, коғази ташноб, капля (собуни моеъ,- муаллифон) ва ба ин монанд маҳсулоти хоҷагидорӣ мавҷуд буд, ки ба зиёда аз 50 сомонӣ харидам.«Боз барои кӯдакам ҷойпӯш, кӯрпача ва болишт бурда додам»,- афзуд Нигина.

Бино ба гуфтаи ин хонум, ҳоло фарзанди дуюмаш ба синни 2 қадам мениҳаду ҳанӯз навбаташ ба боғча нарасидааст.

Ин дар ҳолест, ки дар натиҷаи назарсанҷӣ ва аз рӯйи баъзе маълумоти мо, барои ворид намудани кӯдак дар боғча аз 400 то 1000 сомонӣ маблағ сарф мешавад.

Мадина Ботурова – мудири бахши муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки дар дафтари банавбатгирии шӯъбаи маориф 3 ҳазору 203 нафар кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо дар соли равон 1370 нафар кӯдак ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷойгир карда шудаанд: «Айни замон, 1833 нафар кӯдак ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар навбат истодаанд ва соли равон аз 8 ҳазору 252 нафар кӯдакони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 1070 нафарашон ба мактаб равона карда шудаанд».

Аммо масъули шӯъбаи маориф ба суоли он, ки «имрӯз барои дохилшавӣ ба кӯдакистон чанд вақт лозим мешавад ва умуман, ҳар сол чанд нафар кӯдакон ба боғча қабул карда мешаванд?», афзуд, ки чанд вақт меравад, дақиқ гуфта наметавонад, чун ин ба шумори кӯдакони боғчаҳо вобастагӣ дорад: «Ин вобаста ба дархости ҳар як муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз рӯйи рӯйхат аст».

Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», кӯдакони синни томактабие, ки шаҳрвандони ҶТ мебошанд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон, инчунин новобаста ба эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии падару модар ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ ҳуқуқ доранд ва дар баробари ин, падару модари тарбиягирандагон низ ҳуқуқ доранд, ки барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдакон муассисаи таълимии томактабиро интихоб намоянд.

Харитаи «сарсонӣ»

Имрӯз барои дохил шудан ба боғча кадом намуди ҳуҷҷатҳо талаб карда мешавад, аз шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба мо гуфтанд, ки барои дохил намудани кӯдак ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ чунин намуди ҳуҷҷатҳо лозим аст:

– Маълумотнома аз ҷойи истиқомат, маълумотнома ҳам аз ҷойи кори падар ва ҳам модар (вале маълумотнома аз ҷойи кори модар бештар ба назар гирифта мешавад), нусхаи зоднома ва ариза.

Дар робита ба ин, мо аз усули таҷриба истифода намудем, ки харитаи«сарсонӣ»-и мо чунин сурат гирифт (Ниг. акси 1):

hudjant1

Аммо агар ба ҳисоби миёна дар як кӯдакистон ҳар сол 50 нафар ба мактаб раваду 50 тани дигар қабул карда шавад, тақрибан дар зарфи 5-6 сол навбат мерасад, ки фарзанди шумо аллакай ба синни мактабӣ мерасад.

Вале агар ба омори бахши муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд назар афканем, дар соли равон 1070 нафар кӯдак боғчаҳои буҷавиро хатм карда, ба мактаб равона шудаанд, ки ин ба ҳар як муассиса дар як сол то 35 нафар кӯдак рост меояд.

Интизорӣ+шиносбозӣ=?

Муаттара Мамадҷонова – мудири нави кӯдакистони №33-и шаҳри Хуҷанд, ки моҳи сентябри соли равон ӯро аз боғчаи №37 ба ин кӯдакистон гузаронидаанд, рӯзи 4-уми декабри соли равон дар як сӯҳбат бо мо гуфт, имрӯз дар ин кӯдакистон наздики 390 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегиранд ва феълан зиёда аз 400 нафар дар навбати шӯъбаи маориф истодаанд.

Каримҷон Мансуров (ном тағйир дода шудааст), як сокини шаҳри Хуҷанд, ки барои дохил кардани фарзандаш тахмин 3-3,5 моҳ сарф кардааст, мегӯяд, борҳо назди мудири маорифи шаҳр даромадааст ва ҳатто назди дари маориф интизорӣ кашидааст, то фарзандашро вориди боғча намояд: «Се фарзанд дорам, ки ду нафараш ҳоло хурдтар аст ва хостам ақаллан фарзанди калониамро ба кӯдакистон дохил намоям. Вақте ҳуҷҷатҳоямро тибқи дархости маорифи шаҳри Хуҷанд пурра карда бурдам, маро дар навбат монданд, ки он ҳам бошад, аз 150 боло буд. Худ тасаввур кунед, ки навбати ман кай меояд. Хушбахтона, дар маҳаллаи 3-юм кӯдакистон кушода шуд, ки он ҷо фарзандам бенавбат дохил гардид ва агар кушода намешуд, намедонам навбати фарзандам ба кӯдакистон кай мерасид».

Шерзод Шарофови 31-сола (ном тағйир дода шудааст), сокини шаҳри Хуҷанд зимни як сӯҳбат гуфт, ки имрӯз дохил кардани як кӯдак дар боғчаҳои шаҳри Хуҷанд бидуни шинос ё миёнарав ғайриимкон аст. Бино ба гуфтаи ӯ, ҳангоми муроҷиат ба кӯдакистон ва шӯъбаи маориф ба вай гуфтаанд, ки ҷой надоранд: «Ҳарчанд ман фаҳмонидам, ки ману завҷаам кор мекунему имконияти дар хона нигоҳубин кардан нест, вале мутаассифона, ба ман ҷавоби рад доданд».

Ҷаноби Шарофов мегӯяд, барои дохил намудани кӯдакаш воқеан ҳам ба мушкилӣ дучор шудааст ва ҷараёни баҳсу илтимоси ӯ бо ин ниҳод тақрибан зиёда аз 1 моҳ давом кардааст ва бо ба миён даровардани шиноси худ фарзандашро вориди боғча намудааст: «Ман намедонам, ки шиноси ман чӣ гуна фарзандамро ба боғча дохил намуд, аммо ман маҷбур шудам. Бубинед, ки имрӯз воқеан ҳам бидуни шинос дохил кардан ғайриимкон аст. Тасаввур кунед, нафаре на шинос дораду на пул, ӯ чӣ гуна дохил мекунад!?».

Шартнома «ради галочка»

Дар шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба мо гуфтанд, ки имрӯз байни маъмурияти ширхоргоҳ-кӯдакистон ва падару модарон шарнома низ баста шудааст, ки дар он вазифаҳои кӯдакистон, падару модар ва маблағи моҳонаи кӯдакистон зикр ёфтааст.

Муаттара Мамадҷонова – мудири кӯдакистони №33-и шаҳри Хуҷанд низ шартнома байни маъмурияти ширхоргоҳ-кӯдакистон ва падару модаронро тасдиқ намуда, гуфт, «тибқи оинномаи кӯдакистон, ба ғайр аз 60 сомонии моҳона, дарсҳои иловагии пулакӣ барои тайёрӣ ба мактаб низ мавҷуд аст, ки он ҳам бо розигии худи падару модарон ба роҳ монда шудааст ва ин нукта дар шартнома низ зикр ёфтааст».

Аммо мусоҳибон гуфтанд, ки миёни кӯдакистон ва онҳо ягон шартнома то имрӯз баста нашудааст.

Дар робита ба ин, назарсанҷии мо низ муайян кард, ки аз 22 нафари пурсидашудагон 55% (12 нафар) бо кӯдакистон шартнома надоранд ва танҳо 10 нафар (45%) шартнома доранду бас.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки шартномаи мазкур то куҷо риоя мегардад? Масалан, дар банди 2.11-и шартномаи мазкур чунин омадааст: «Дар асоси банди 4.2.-и Оиннома, барои се маҳал хӯроки гарми кӯдакон дар як моҳ барои як нафар кӯдакашон 60 (шаст) сомонӣ маблағ, ки бо қарори маҷлиси падару модарони кӯдакистон аз санаи 01.09.2014с. тасдиқ гардидааст, ҳар моҳ сари вақт то санаи 5-ум ба суратҳисоби махсус ирсол намоянд».

Назарсанҷии мо низ муайян кард, ки имрӯз падару модарон дар як моҳ ба ҳисоби миёна на 60 сомонӣ, балки 75-80 сомонӣ маблағ месупоранд, ки гуфтан мумкин аст, аллакай ин банди шартнома риоя намегардад. Ҳатто барои маблағҳои иловагӣ ягон намуд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дода намешавад.

Вале хонум Мамадҷонова мегӯяд, ки дар як сол як маротиба худи кумитаи падару модарон суратҷаласа доир намуда, вазъи гурӯҳҳоро ба назар мегиранд ва таъмиру тармим мекунанд: «Таъмиру тармими куллие, ки маблағи калонро талаб менамояд, он аз сӯйи шӯъбаи маориф ва ҳукумати шаҳр дастгирӣ меёбад. Дигар маблағи иловагӣ аз падару модарон гирифта намешавад. Ҳастанд падару модароне, ки бо хоҳиши худашон ба он гурӯҳе, ки фарзандонашон таҳсил доранд, туалетный бумага, собун, капля ва ба монанди инҳоро оварда медиҳанд».

Аммо аз рӯйи назарсанҷии мо, волидайн ба ғайр аз маблағи хӯрока, яъне 60 сомонӣ, боз барои 25 намуди хароҷот маблағ месупоранд.

Аз ҳама ҷавобҳои бисёр такроршуда ин таъмиру тармим, намоишномаҳои театрӣ, хлор, шикасту рехт мебошанд. Инчунин, собун, барқ, ангишт, омӯзиши иловагӣ, ҷевон ва бозича зиёдтар қайд шудаанд. Дар баробари ин, бархе аз хароҷоти волидон хусусияти мавсимӣ доранд, яъне дар фасли гармо харидани тармеваю обҳои ташнагишикан ва дар мавсими сармо бошад, тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ – харидани оина, печка, насбу васли дару тирезаҳои пластикӣ ва ба ин монанд (Ниг. акси 3).

hudj2

Мо дар бобати бандҳои дигари шартнома ҳарф намезанем, чун бархе аз онҳо низ ба пуррагӣ риоя карда намешаванд. Пас, бастани шартнома байни маъмурияти ширхоргоҳ-кӯдакистон ва падару модар ба хотири чист: танҳо «ради галочка» ё бояд аз рӯйи он амал намуд?!

Кӯдакистонҳо маблағи ҳукуматро барои чӣ сарф мекунанд?

Маблағгузории соҳаи маориф сол аз сол аз ҳисоби буҷаи давлат тамоюли зиёдшавӣ дорад ва дар ин самт таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар, бахусус раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар гаштани сифати хизматрасониҳои он бештар шудааст.

Бино ба иттилои Саидмухтор Ҷалолов – мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, соли 2015 аз ҳисоби буҷаи ин шаҳр барои хизматрасониҳои коммуналӣ (обу мусор ва барқ), маош ва хӯрокаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 10 миллиону 905 ҳазору 626 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нишондод дар соли 2014 наздик ба ҳамин миқдор маблағ будааст.

Дар баробари ин, Мадина Ботурова – мудири бахши муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки бо дастгирии маъмурияти шаҳр аз рӯйи нақша 112 тоннаву 600 кг ангишт бо маблағи 88 ҳазор сомонӣ захира гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 24 тоннаву 600 кг зиёд мебошад: «Инчунин, барои баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинии кӯдакон бо дастгирии раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар соли 2014 ва 2015 2-ададӣ компутер, дар маҷмӯъ 60 адад компутер бо UPS 650 VA ва 60 адад принтери 3х1 ба муассисаҳои томактабӣ таъмин карда шудаанд».

Хонум Ботурова меафзояд, ки бо дастгирии маъмурияти шаҳри Хуҷанд боз ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 385 адад ҷевони либоскашӣ, 363 адад рахти хоб, 456 адад миз барои кӯдакон, 600 адад курсичаҳо барои нишаст, 76 адад мизи хӯрока харидорӣ карда шудааст: «Баҳри беҳтар намудани шароити хӯроки кӯдакон дар кӯдакистонҳо бошад, мутобиқи иҷозатномаи Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз 9-уми апрели соли 2014, таҳти №356 оид ба мувофиқа расонидани нархи хизматрасонӣ дар самти ҷамъоварии маблағ барои хӯрока аз тарафи волидайн 60 сомонӣ тасдиқ гардидааст ва бо дастгирии раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ барои маҳсулоти хӯрока дар соли равон 858 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар як моҳ барои як кӯдак 9 сомонию 66 дирам ва дар як рӯз 0,46 дирамро ташкил медиҳад».(Ниг. акси 4.)

hudj3

Вале бино ба гуфтаи Мадина Ботурова, дар соли 2014 аз буҷаи шаҳр 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар як моҳ барои як кӯдак 10 сомонию 50 дирам ва дар як рӯз 0,50 дирам рост меомад, ки назар ба соли ҷорӣ 12 ҳазор сомонӣ камтар аст.

Абдусалом Бобоҷонов – сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд рӯзи 4-уми декабр дар як сӯҳбати телефонӣ афзуд, ки дар соли 2014 аз буҷаи шаҳри Хуҷанд танҳо барои хӯрокаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 870 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин рақам дар соли 2015-ум 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: «Аз ҳисоби маблағҳои волидон барои беҳтар кардани сифати хӯрока, ки ҳар моҳ барои як кӯдак 60 сомонӣ супорида мешавад, дар соли 2014 ҳамагӣ 2 миллиону 750 ҳазору 777 сомонӣ ва дар соли 2015 ҳамагӣ 3 миллиону 69 ҳазору 238 сомонӣ равона шудааст».

Дар робита ба ин, Мадина Ботурова гуфт, ки имрӯз шумори мураббиён ва ёрдамчиёни онҳо дар кӯдакистонҳо дар умум 432 нафарро ташкил медиҳад, ки маоши онҳо аз воҳиди кориву тахассусашон муайян карда мешавад: «Имрӯз маоши мураббиён аз 600 то 900 сомонӣ буда, маоши ёрдамчиёни онҳо аз 260 сомонӣ иборат аст».

Кӣ рост мегӯяд: Маориф ё коррупсия?

Мадина Ботурова – мудири бахши муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд, дар робита ба ришваситонӣ дар кӯдакистонҳо гуфт, ки «соли 2014 ва даҳ моҳи соли 2015 чунин ҳолат ба назар намерасад, вале мо дар сӯҳбату ҷаласаҳо баҳри пешгирии он ба таври умумӣ гуфта мегузарем».

Аммо сарнозири бахши кадрҳо ва таҳлилӣ-иттилоотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Васлибек Назров 7-уми декабри соли равон дар сӯҳбат бо мо афзуд, ки вобаста ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (кӯдакистонҳо) дар соли 2014 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд як ҷиноят аз рӯйи моддаи 314 – «Сӯйиистифода аз ваколатҳои мансабӣ» ба қайд гирифта шудааст ва ин нишондод дар соли 2015 дар маҷмӯъ 4 ҳолатро ташкил медиҳад: «Аз ҷумла, ҷинояти «Сохтакорӣ» дар ду ҳолат – тибқи моддаи 323, як ҳолат 314 – «Сӯйиистифода аз ваколатҳои мансабӣ» ва як ҳолати дигар бо моддаи 245 – «Азонихудкунии маблағ бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ» содир шудааст».

Ҷаноби Назров дар идома афзуд, ки ҳарчанд омори ошкори ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта каманд, вале дар амал чунин кирдорҳо ба назар мерасанд, ки мутаассифона, ҳамоҳангсозии муроҷиатҳои ҳамкории шаҳрвандон нисбат ба ин амалҳо кам ҳастанд: «Ошкори ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта асосан аз ҷомеаи шаҳрвандӣ низ вобастагӣ дорад, чунки камбудӣ аз сӯйи волидайн ҳам сурат мегирад ва онҳо, ки худ манфиатдор ҳастанду бо роҳи осон мушкилии худро ҳаллу фасл менамоянд, ба мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд, лек дар асл, дар кирдори онҳо низ амали ғайриқонунӣ – «Додани пора» дида мешавад, ки қонунгузорӣ бо моддаи 320 ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст».

ПЕШНИҲОД

Дар пайи назарсанҷӣ байни 22 нафар волидайн аз 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои бартараф намудани вазъи мавҷуда падару модарон дар мадди аввал пешниҳод намуданд, ки дохилшавӣ ба кӯдакистонҳо осонтар гардад, яъне бепул ва бидуни шиносу кӯмак намудан. Дигар ин ки, ба таълиму тарбияи кӯдаконашон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва сифати хӯроки кӯдакистонҳо боз ҳам беҳтар гардад.

Инчунин, волидон ба ин монанд ҷавобҳоро пешниҳод доштанд:

– шумори кӯдакистонҳо зиёд карда шавад;

– маблағҳои иловагӣ ҷамъ накунанд;

– дарсҳои иловагӣ бепул карда шавад;

– хароҷоти иловагӣ расмӣ бошад…

Таҳқиқоти чандмоҳаи мо дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд нишон дод, ки имрӯз дохил намудани кӯдакон ба боғчаҳо бидуни шиносу пора ғайриимкон шудааст. Он маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷа барои хизматрасониҳои коммуналӣ, маош ва хӯрокаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ – 10 миллиону 905 ҳазору 626 сомонӣ ҷудо карда мешавад, то куҷо дуруст масраф мегардад?! Маблағҳое, ки аз ҳисоби волидон барои беҳтар кардани сифати хӯрока, ки ҳар моҳ барои як кӯдак 60 сомонӣ супорида мешавад, дар соли 2015 ҳамагӣ 3 миллиону 69 ҳазору 238 сомонӣ равона шудааст, то куҷо ба хӯрокаи кӯдакон 100% истифода мешавад?!

Ҷамшед МАЪРУФ,Рустам ГУЛОВ

 

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: