© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Хуқуқи кӯдак дар  Тоҷикистон: Чаро Сурайё  бо хонавода панҷ сол ягон тамосу робитае надорад?

Тоҷикистон 22 соли пеш зери Эъломияи ҳуқуқи кӯдаки СММ имзо гузошт ва назди ҷомеаи байналмилалӣ ӯҳдадор шуд, аз ҳуқуқи ин қишри осебпазири ҷомеа ҳимоя кунад, дастраси ба таҳсилро барои онҳо фароҳам созад, аз меҳнати сангини онҳо пешгирӣ кунад.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Русский English


Мақомоти тоҷик зимни ироаи гузоришҳои солона ба Созмони миллаи муттаҳид пайваста таъкид мекунанд, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунанд. Созмонҳои кор бо кӯдакон ҳам иқрор мекунанд, ки дар ин ҳама солҳо Тоҷикистон дар самти ҳимоя аз ҳуқуқи кӯдакон чанд қадам ба пеш гузоштааст.

Аммо боз ҳам ба назар мерасад дар иҷрои бахше аз уҳдадориҳои худ, аз ҷумла меҳнати сангини кӯдакон, дастрасӣ ба таҳсили духтарон ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ин кившар ба натиҷаҳои чашмрас ноил нашудааст.

Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз DW
22 сол пеш, замоне, ки Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро Тоҷикистон имзо гузошт, Сурайё, як сокини ноҳияи Ҳамадонии ин кишвар 1 сол дошт. Кӯдакии ӯ пур аз маҳрумиятҳо, дур аз таҳсил ва мушкили зиёд пушти сар шудааст.

Сурайё мегӯяд, бо хости волидон ҳанӯз дар хурдсолӣ аз таҳсил ва ҳамин тавр аз кӯдакии хубу хуш маҳрум шуд. Тасмими волидон, ки ӯро ҳанӯз ба балоғат нарасида ба шавҳар доданд, ба рӯзгори кӯдакиаш нуқта гузошт.

Ӯ бо хоҳиши волидон ҳанӯз дар 13 солагӣ тарки мактаб кард. Замоне, ки ҳамсолони ӯ ба таҳсил дар мактаб идома медоданд, волидони Сурайё омодагиро ба арӯсии духтарашон шурӯъ карданд. Он замон ӯ 17 сол дошт ва аз издивоҷу зиндагии муштарак чизе намедонист. Волидайн ҳам барои ба осонӣ берун кардани ӯ аз мактаб ба тақаллубкорӣ даст заданд.

“Дар синфи 7 мехондам, ки маро аз мактаб маҷбур гирифтанд. Як справка бурданд, ки гӯё ман дар ҷои дигар хонда истодаам. Касе ҳам коре карда натавонист, ки ба мактаб баргардам”- ба ёд меорад, Сураё.
Маъмулан, дар бархе маҳалҳои Тоҷикистон талош мешавад, духтаронро ба хотири барвақттар ба шавҳар додан аз таҳсил бигиранд.

Ба гуфтаи ҷомеашиносон, ҳанӯз бархе волидайн бар ин назаранд, ки духтарашон дар мактаб “бадахлоқ” мешавад ва эҳтимол дигар ӯро касе ҳамсар накунад.
Солҳост, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомот барои аз миён бурдани ин андеша ва ҷалби духтарон ба таҳсил талош мекунанд.

Аммо он замон гӯиё касе Сураёро нашунид ва тарки таҳсил роҳи ӯро ба издивоҷи бармаҳал боз кард.

“17 сола будам, ки ба писари амаам номзад карданд. Ман намехостам. Ҳатто як бор гурехтам ба милисахона рафтам, ҳамаро гуфтам, вале намедонам, чӣ коре карданд, маро маҷбурӣ ба шавҳар доданд ва ин зиндагӣ ҳам 3 моҳ идома кард”, – гуфт Сурайё.
Маросими издивоҷи ӯ бо писараммаш бо никоҳи мусалмонӣ анҷом ёфт ва дар ҳеҷ ҷое ин никоҳро расман сабти давлатӣ накарданд. Талошҳои Сурайё ҳам барои мухолифат ба ин тасмими волидон бенатиҷа анҷом ёфт. Ӯ ба зиндагии оилавӣ оғоз кард, ки ҳамагӣ се моҳ давом кард.

Ӯ ҳоло 21 сол дорад. Панҷ соли ахир бо хонавода ва наздиконаш ягон тамосу робитае надорад. Мегӯяд, баъди оилавайрон шудан, муносибаташ бо падару модар, ки бо тасмими худ зиндагии ӯро ба ҳам заданд, сард шуд ва дар хонаи иҷорае ба зиндагии мустаъқилона, шурӯъ кард. 

Сураё мегӯяд, агар Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва дигар қонунҳои Тоҷикистон, ки пас аз имзои эъломия дар Тоҷикистон қабул шуд, он замон дуруст иҷро мешуд ва мақомот волидайни ӯро маҷбур мекарданд, то ӯ ба мактаб биравад, аз бармаҳал шавҳар карданаш пешгирӣ мекарданд, ҳоло зиндагии комилан дигару беҳтаре дошт.

Дар як соли гузаштаи 2018 мисли Сурайё дар Тоҷикистон тақрибан дуюним ҳазор ноболиғ издивоҷ кардаанд. Ин рақамро Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ду моҳи пеш бо такя ба омори Додгоҳи олии Тоҷикистон нашр кард.

Дар бархе маҳалҳои кишвар духтаронро ба хотири барвақттар ба шавҳар додан аз таҳсил бигиранд. Акс аз sputnik-tj.
Ҳомиёни ҳуқуқ ин падидаро чун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, издивоҷҳои бармаҳал ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳо мебошад.

Лучиано Калестинӣ, раҳбари Бунёди атфоли Созмони миллали муттаҳид, дар ростои рӯзи кӯдак, ки ҳар сол 1-уми июн ҷашн мешавад, дар сӯҳбат бо CABAR.asia гуфт, яке аз мавзӯҳое, ки ҳоло таваҷҷӯҳи ин созмон ба он бештар аст, аз таҳсил дур мондани кӯдакону наврасон, ба вижа духтарон аст.

Лучиано Калестинӣ. Акс аз ozodi.org
Ӯ ҳамчунин дар ин сӯҳбати худ хушунату зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва ба корҳои мухталиф ҷалб шудани онҳоро аз мавзуҳои муҳими дигар хонд, ки бояд барои ислоҳашон таваҷҷӯҳи бештар ва чораандешӣ шавад.

Ин созмон миёни беш аз 6 ҳазор кӯдакону наврасон пурсиш анҷом додааст.

Бар пояи ин назарсанҷӣ 43 дар сади кӯдакон гуфтаанд, ки дар давоми чанд моҳи охири зиндагии худ хушунату зӯроварӣ дидаанд.

“Онҳо бештар дар кӯча ва мактаб аз ҷониби ҳамсолони худ ва ҳам хонавода мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд. 43 дар сад ин фақат зӯроварии ҷисмонӣ, аммо дар маҷмӯъ кӯдакон ва наврасон ба навъҳои мухталифи хушунат рӯ ба рӯ мешаванд ва мо медонем, ки ин мушкил нав нест ва танҳо хоси Тоҷикистон нест. Мо бояд ба поин бурдани сатҳи он кӯшиш кунем. Зеро зӯроварӣ дар хурдсолӣ, ба сиҳатӣ ва рушди ояндаи кӯдак таъсири манфӣ хоҳад дошт”-гуфт ӯ.

Аммо бо ин ҳама, ба гуфтаи Лучиано Калестинӣ, дар давоми 20 соли ахир Тоҷикистон тавонистааст дар чанд бахш ҷиҳати риояи уҳдадориҳои худ дар доираи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак муввафақ шавад.

Ӯ дар ин зимн аз вазъи сиҳатии модару кӯдак ва ба вижа фавти атфол ёдовар шуд, ки дар ин муддат ду баробар коҳиш ёфта. Холо аз миёни ҳар 1000 кӯдак 33 нафар мемуранд. Қаблан дар кишвар аз миёни ҳар 1000 кӯдак, то 100 нафар ба сини 5 нарасида мемурд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, даҳҳо барномае барои беҳбуд бахшидани зиндагӣ ва рушди кӯдакон дар кишвар амал мекунад ва аксаран муввафақ низ ҳастанд.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, дар як сӯҳбаташ бо хабарнигорон оид ба иҷроиши конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон дар чанд соли ахир бо қабули санаду барномаҳои мухталиф барои ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи талош дорад. Қонуни масъулияти падару модар ҳам ба гуфтаи ӯ яке аз ин санадҳост.

Ба гуфтаи ин масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, «барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳимояи онҳо аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд».

Як талоши чашмгирӣ худ барои беҳбудии вазъи кӯдакон дар Тоҷикистонро мақомот дар таъсиси кумиссиюни ҳуқуқи кӯдак дар соли 2008 медонанд.

Соли 2015 порлумони Тоҷикистон қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» -ро тасвиб кард. Ин аввалин қонуни хос барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон аст. Аммо дар гузориши алтернативии худ оид ба риояи конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, созмонҳои ҳуқуқи башар ба он ишора кардаанд, ки чандин масоили муҳими кӯдакон аз ҷумла мавзӯи шиканҷаи онҳо ва адолати судӣ дар ин қонун рӯшану мушахас нест.

Дар гузориши ахири алтернативии Тоҷикистон, оид ба иҷрошавии эъломияи ҳуқуқи кӯдак, ки соли 2017 аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатӣ ба СММ пешниҳод шуд, гуфта шудааст, ки кори Комиссиюни миллии ҳуқуқи кӯдаки ин кишвар ҳанӯз заъф дорад. Дар гузориш таъкид шудааст, ки натиҷаи кори ин комиссиюн норӯшан ва дастраси омма нест.

«Ҳамин тавр дар ҷаласаҳои ин комиссия ҳам намояндагони кӯдакон, ҳам намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат намекунанд,» омадааст дар гузориш. Дар зимн яке аз мавзуҳои мавриди нигаронии созмонҳои кор бо кӯдакон ҳанӯз ҳам ба меҳнати сангин ҷалб шудани кӯдакону наврасони тоҷик аст.

Як пажӯҳиши тоза миёни ҳазорҳо навраси аз 10 то 14-сола муайян кардааст, ки беш аз 60 дар сади кӯдакони тоҷик дар канори таҳсил шуғле ҳам доранд, 3 дар сад ҳам бо корҳое машғуланд, ки барояшон даромад меорад.

Ба таъкиди созмонҳои кор бо кӯдакон, онҳо бояд беш аз 4 соат дар як рӯз ба кор ҷалб нашаванд, аммо пажӯҳиши ахири Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва Бунёди атфоли СММ муайян кардааст, ки 11 дарсади кӯдакону наврасон ҳамарӯза беш аз 4 соат ба кори хона ҷалб мешаванд, ки ин ҳам як шакли меҳнати кӯдак аст.

Тангдастии хонавода Баҳриддини 13 соларо аз шаҳри Душанбе водор кардааст вориди бозори кор шавад. Ӯ мисли даҳҳо дигар ҳамсолонаш дар яке аз бозорҳои шаҳр кор мекунад. Таҳсилашро тарк накардааст, вале ин кори мушкил ба ӯ имкон намедиҳад то ба пуррагӣ ба дарсаш бирасад.

“Меравам мактаб, аммо баъзе рӯзҳо вақт ва имконияти ба мактаб рафтан надорам. Бояд бисёртар кор кунам, кори падарам дар Русия хуб нест ва наметавонад тез-тез пул фиристад. Мо панҷ фарзандем ва агар кор накунем, модарам азоб мекашад», – мегӯяд Баҳриддин.
Ҳоло мақомот дар Тоҷикистон бо роҳи муҷозоти волидон талоши баргардонидани кӯдаконро аз кӯчаву кор ба мактабро дорад. Роҳе, ки ба гуфтаи ҷомеашиносон корсоз нест ва сади кори кӯдакон шуда наметавонад. Бино ба иттилои созмони ҷаҳонии кор дар чанд соли ахир, 10 дар сад ё 270 ҳазор кӯдак аз корҳои сангин озод шуда ба мактаб ва зиндагии маъмулӣ баргардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ бино ба натиҷаҳои пажӯҳиши тозаи Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ ва Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон оид ба вазъи кӯдакон, беш аз 80 дар сади кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд.

Созмонҳои кор бо кӯдакон мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи ин қишри осебпазир бояд қабл аз ҳама огоҳии ҳуқуқии кӯдакон боло бурда шавад. Бунёди атфоли Созмони миллали Муттаҳид ҳоло талошашро ба он равона дорад, ки ширкат ва нақши ҷавонон дар равандҳои мухталифи ҷомеаи худ чашмрас бошад.

Беш аз 80 дар сади кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд. Акс аз news.tj
Аммо Сурайё ҷавоне, ки мегӯяд, як тасмими нодурусти волидон ӯро аз кӯдакии хуб маҳрум ва ҳуқуқашро нақз карданд, ҳоло тамоми талошашро ба он равона дорад, ки ду фарзанди ӯро сарнавиште мисли сарнавишти худаш интизор набошад. Кӯдакие, ки ба гуфтаи Сураё қурбонии андешаҳои хурофотии волидайн ва дуруст амал накардани қонуну иҷрокунандагони он гардид. Сурайё дар ин миён дубора оиладор шуд.

“Вақте монеи таҳсили духтар мешаванд ва ӯро маҷбурӣ ба шавҳар медиҳанд, ҳатман зиндагии ӯ дер давом намекунад. Ӯ бадбахт мешавад. Вақте маро ба шавҳар доданд, ман ҳеҷ чизро намефаҳидам. Фақат мехостам бимирам. Ҳоло намехоҳам тақдири духтаронам ҳам чунин бошад ва бо вуҷуди мушкилот талош мекунам онҳо соҳибмаълумот шаванд ва аз тамоми ҳақу ҳуқуқи худ огоҳ бошанду нагузоранд, ки касе ҳуқуқи онҳоро поймол кунад”, – мегӯяд Сурайё.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: