© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дар Тоҷикистон мутмаинанд, ки куштори сайёҳон ба рушди туризм таъсири манфӣ нахоҳад дошт

Охирҳои моҳи июл дар сархати ахбори расонаҳои дунё қарор гирифтани номи Тоҷикистон на он қадар ба манфиати кишвар аст; шояд ин ба рушди бахши сайру сайёҳат таъсири манфӣ дар пай дошта бошад. 


Тоҷикистон таваҷҷуҳи сайёҳонро бо манзараҳои табиат ҷалб мекунад. Вилояти Хатлон. Суратгир: Амонҷон Муҳиддинов
На русском English

Пас аз қатли чор сайёҳи дучархасавор аз кишварҳои ғарбӣ, мақомоти Тоҷикистон ва ширкатҳои ҷаҳонгардӣ ба сурати оҷил дар ВАО-и маҳаллӣ эълон доштанд, ки ҳодисаи мазкур ба раванди сафари ҷаҳонгардон ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон таъсир надошт ва пас аз ин рӯйдод шумораи онҳо кам нашудааст.

29 июл ду шаҳрванди ИМА, як нафар аз Ҳолланд ва яке дигар аз Швейтсария дар қаламрави вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон вақте бо дучарха озими Душанбе буданд, кушта шуданд. Дар ин ҳодиса се тани дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия се нафарро боздошт карданд. Аснои амалиёти вижаи низомиён панҷ нафари дигар, ки гумонбарони ҳодиса маҳсуб меёфтанд, кушта шуданд. Иттилоъи нашру паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо, ки гумонбарони қатли сайёҳони хориҷӣ ба гуруҳи террористии “ДИИШ” робита доранд, фазои дохили кишвар ва хориҷ аз онро ба гунае шокӣ кард.

Дуруст аст, ки ба ин ҳодиса ва таъсири он ба бахши сайёҳӣ мешавад бо нигоҳи сатҳӣ ва аз зовияи як сол баҳогузорӣ кард. Ҷаҳонгардоне, ки аллакай ба Тоҷикистон омадаанд ва ё онҳое, ки то ин вақт билети сафар харидаанд, бо сабаби масрафоту хароҷот нақшаи худро тағйир намедиҳанд. 

Мурод Суқрот чанд рӯз қабл аз Олмон барои тамошои кӯҳҳои баланди Помир дар шарқи Тоҷикистон ба ин ҷо омадааст. Ӯ мегӯяд, ҳодисаи қатли сайёҳон дидгоҳи ӯро дар мавриди Тоҷикистон тағйир надод.   

«[Пайвандону наздикон] мепурсанд, ки чӣ ҳол дорам, ҳама чиз хуб аст, ба ман ҳеч чӣ нашудааст. Ман онҳоро мутмаин сохтам, ки ин ҷо ҳама чӣ хуб аст, оромист ва то кӯҳҳои Помирро набинам, ба хона барнамегардам”.

Абахон Султоназаров, ки дар даҳаи аввали моҳи август дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  (ВМКБ) қарор дошт, нақл кард, ки дар ин минтақаи кишвар сайёҳони зиёдеро дид.  

«Ба назари ман шумори онҳо бештар шудааст. Онҳо савори дучарха, мотосикл ва мошин буданд, бархеи дигар пиёда мерафтанд. Фикр намекунам, ки онҳо аз чизе ҳарос дошта бошанд, тарс дар чеҳраи онҳо набуд”,- афзуд ӯ. 

Аз дараҷаи аввал ба дуввум

Фоҷеаи июл ба сафари хориҷиён таъсири манфӣ надошт, мегӯянд мақомоти Тоҷикистон . Акс аз : Хулкар Юсупов
Дар феҳрасти ширкатҳои ҷаҳонгардии хориҷӣ аз рӯйи шохиси манзараҳои табиат ва зебоиҳои табиию фарҳанги хоси минтақа Тоҷикистон дар бештари вақт мақоми аввалро соҳиб мешавад. 

Аммо пас аз нашри матолиби силсилавӣ дар ВАО-и хориҷӣ, бархе аз корбарони порталҳои  туристӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки оё Тоҷикистон то куҷо кишвари амну ором аст, ба сайёҳон дар ин ҷо хатаре таҳдид мекунад ва ё хайр?

Департаменти давлатии ИМА дар сайти расмии худ, дар рейтинги кишварҳои амн Тоҷикистонро ба як зина пойин оварда, онро шомили гуруҳи “афзоиши чораҳои эҳиётӣ дар сатҳи баланд” кард. Ба ин тартиб, Вазорати умури хориҷаи Амрико барои ҳимояи шаҳрвандонаш дар хориҷ аз ИМА ҳушдори расмӣ медиҳад. Рейтинги мазкур аз чор бахш (дараҷа) иборат аст; қаблан Тоҷикистон дар садри ҷадвал бо касби “риояи оддии чораҳои эҳтиётӣ” манзур мешуд.

Баъд аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997), ва дар оғози солҳои  начале 2000-ум теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон боздид кардан мехостанд, рӯ ба афзоиш овард

 

Таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба манзараҳои Тоҷикистон меафзояд. Суратгир: Лола Олимова
Бо он ки ҳанӯз имиҷи кишвар дар хориҷ аз он дуруст тарғибу ташвиқ нашудааст ва ҷумҳурӣ наонқадар зерсохторҳои хубу замонавӣ дораду бо Афғонистони ноором ҳаммарз аст, сол аз сол шумори дӯстдорони табиат ва онҳое, ки сайёҳати кӯҳиро интихом менамоянд, рӯ ба афзоиш дорад.

Бар пояи иттилоъи Кумитаи рушди сайёҳӣ, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон бештар аз 950 ҳазор сайёҳ ва шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, ки он дар қиёс ба тамоми давраи соли гузашта ҳудуди се маротиба бештар аст

Вақт нишон хоҳад дод, ки ҳодисаи фоҷеаи сайёҳон дар ҷануби Тоҷикистон то куҷо ба раванди сайру саёҳати хориҷиён таъсири манфӣ дошт. Ҳадди аққал як сол баъд ба ин паҳлӯи масъала метавон баҳо дод.  


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва коршиносӣ дар Осиёи Марказӣ” омода шудааст.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: