© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Баргузории ҳамоиши минтақаии иштирокчиёни Мактаби таҳлилии cabar.asia дар Душанбе

Таҳлилгарони ҷавон ва хабарнигорон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар нишасти серӯза масоили марбут ба чолишҳо ва равандҳо дар кишварҳояшон дар соли 2019-ро баррасӣ карда, ҷаласаи минтақаӣ дар заминаи сифати таҳлил ва мавзӯи обу барқро баргузор намуданд. Ҳамчунин, ширкатдорони нишаст донишу маҳорати худро дар ростои инъикос ва пешниҳоди мавзӯҳои таҳлилӣ беҳбуд бахшиданд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


 

Иштирокчиёни мулоқоти минтақаӣ хатмкунандагони Мактаби тобистонаи таҳлил ва рӯзноманигории таҳлилии cabar.asia, инчунин нафарони ҷадид буданд, ки тоза ба пружаи мазкур пайвастанд. Чорабинӣ бо ҳимояти ВУХ-и Норвеж ва Сафорати Британияи Кабир дар Бишкек сурат пазируфт.

Шурӯъ аз соли 2018 Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ силсилабарномаҳои   назариявӣ ва амалиро баргузор намуда, барои ташаккулу муаррифии коршиносони ҷавон ва журналистони таҳлилгар фаъолият менамояд. Интизор меравад, онҳо дар оянда барои мақомоти давлатӣ ва доираи васеи ҷомеъа матолиби таҳлилии босифатро бо шаклу услуби нав пешниҳод созанд.

Лола Олимова, мудири барномаҳои Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон ва Тимур Токтоналиев, муҳаррири минтақаии IWPR дар Осиёи Марказӣ аснои суханронии ифтитоҳӣ қайд карданд, ки платформаи cabar.asia ба хабарнигорон ва коршиносони ҷавон имконияти нашри мавод ва рушди касбиро фароҳам меорад.  

Маълумоти бештарро дар мавриди лоиҳа аз инҷо хонед:

Дар рӯзи аввали нишаст иштирокдорон мавзӯъ ва раванду чолишҳоеро, ки дар кишварҳои онҳо дар соли 2019 муассир хоҳанд буд, инчунин тарзи пешниҳоди онҳоро ба баррасӣ гирифтанд. Сипас, барои хабарнигорон ва коршиносон ҷаласаҳои мавзӯии алоҳида (тематикӣ) дар мавриди нигориши матолиби таҳлилӣ, беҳтар пешниҳод кардани мавод ва рафъи иштибоҳҳо доир гардиданд.

Шоҳрух Абдуллоев, муҳаққиқ аз Тошканд:

Ба таври амалӣ нишон дода шуд, ки аз кадом зовия ва кадом дидгоҳ ба мушкилоти мавҷуда наздик шуда, онро ба баррасӣ бигирем. Воқеан, дар фаъолияти ҳирфаии ман ҳамин чиз намерасид. Ҳамчунин, броям баргузории ин нишаст зиёд писанд омад. Сухангӯён, худи ҷаласаҳо бо санъати хос сурат пазируфта, идомаи мантиқӣ мавҷуд буд. Ин равия ва дарсҳоро дар кори амалии худ истифода хоҳам кард.

Нурбек Бекмурзаев, пажӯҳишгари мустақил аз Бишкек:

Ба ман бештар сессия дар бораи иштибоҳҳо аснои навиштани матолиби таҳлилӣ маъқул шуд. Ҷаласаи марбут ба коркарди додаҳо ва баҳси равандҳо дар соли 2019 барои ҳар кишвар низ ҷолибу муфид буд. Хеле маълумоти хуб пайдо кардам, ки дар кишварҳои ҳамсоя чӣ мегузарад. Чунин ҷаласа (сессия)-ҳо агар бештар сурат мегирифтанду хабарнигорон огаҳӣ пайдо мекарданд, ба нафъи кор мешуд. Таври маълум, аксаран кишварҳои мо барномаҳои рушдро барои панҷ сол таҳия ва қабул менамоянд, биноан паҳлӯҳо ва суолҳое боқӣ мемонанд, ки шояд ҷузҳои ин барномаҳо дар муддати кӯтоҳ таҳлилу баррасӣ шаванд.
Асел Сооронбаева
Асел Сооронбаева

Дар бораи чаҳорчӯби нигориш (навиштан)-и матолиби таҳлилӣ ва махсусиятҳои он муҳаррири IWPR Лола Олимова нақл кард. Хатмкунандаи мактаби тобистонаи таҳлилгарон Асел Сооронбаева бошад, дар бораи меъёрҳои ахлоқии журналистон маълумот дод.   

Хадиша Акаева, фориғуттаҳсили Мактаби журналистикаи таҳлилии cabar.asia аз шаҳри Семейи Қазоқистон: 

Ба ман чӣ гуна амалӣ шудани тарҳе, ки ҳанӯз тобистон оғоз гардида буд, бештар маъқул шуд. Махсус, иртиботи баръакс писандам омад: баррасии иштибоҳҳои журналистон ва машварат барои оянда саривақтӣ буданд. Ин раванди корро беҳтар мегардонад. Ҳамзамон мехоҳам қайд намоям, ки тасмими ҳамҷоя фаъолият кардан, ҷамъ намудани коршиносону журналистон беҳтарин қарор аст. Бо ин шева навиштани мавод осонтару роҳаттар мешавад.

Асел Сооронбаева, иштирокчии Мактаби рӯзноманигории таҳлилии cabar.asia аз Бишкек:

Барнома барои ҳамаи ширкатдорон муфид буд. Муттаҳид кардани журналистони таҳқиқотчӣ ва коршиносон дар як платформа имконият дод, ки на фақат таҷриба иваз намоем, балки ҳамдигарро аз наздик хубтар шиносем. Чорабиниҳое, ки бо иштироки намояндагони ҳамсоякишварҳо баргузор мешаванд, барои беҳтар татбиқ гардидани лоиҳаҳои муштарак шароит фароҳам меоранд, роҳҳали мушкилот пайдо мешавад ва инъикоси жарфтари масоили ҳалталаб пайдо мегардад.
47110643_1935447353240499_7544180514362490880_o
47060086_1935447236573844_1720848272857235456_o
47058562_1935316993253535_4144998711744790528_o
47069137_1935546283230606_2496779113251995648_o
47098316_1935447593240475_3431057868772605952_o
47094746_1935447726573795_8125986873156829184_o
47150402_1935316739920227_3029051575566860288_o
47163643_1938059406312627_2445286406742867968_o
47166040_1937861826332385_7625935616273809408_o
47175492_1935546093230625_5518613941170733056_o
47007595_1935316463253588_2141124764234678272_o
46970544_1935316799920221_5330955339560910848_o
46966551_1935335899918311_4367111321959792640_o
46919382_1935547876563780_3927859922766659584_o
46962668_1935546646563903_3208389910696296448_o
46952316_1935334206585147_3773582648794939392_o
47050590_1935333976585170_3517028274926518272_o
47240901_1935316673253567_2821293480494497792_o
47239975_1935547453230489_4530688857984729088_o
47286824_1935317006586867_680013015105404928_o

Рӯзи дуюми ҳамойиш ба мавзӯъи “коршиносон ба раванди қабули қарорҳои сиёсӣ ва идорӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ тавр таъсир расонида метавонанд” ва “кадом мушкилот дар ин роҳ мавҷуд аст”, бахшида шуда буд. Вобаста ба мавзӯҳо ва муаррифии онҳо Шоҳрух Абдуллоев (Ӯзбекистон), Тимур Токтоналиев (Қирғизистон), Муслимбек Бӯриев (Тоҷикистон) ва Аскар Мукашев (Қазоқистон) баромад карданд. Дар бораи механизми ҳамкории ҷомеъаи коршиносӣ бо шахсони тасмимгиранда бошад, Қаҳрамон Бақозода, роҳбари маркази таҳқиқотии “Зеркало” нақл кард.   

Тафсилоти бештар:  То расидан ба “осмон”: коршиносон ва мансабдоронро зарур аст, ки муколамаи бунёдиро ба роҳ монанд

Ҳамчунин, дар ҳошияи нишасти хатмкунандагони мактаби тобистонаи cabar.asia мулоқоти минтақавии коршиностон дар заминаи обу энержӣ (гидроэнергетика) дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар бораи ба кор даромадани чархаи аввали “НБО Роғун”, паҳлӯҳои иқтисодӣ ва сиёсии ин пружа Шералӣ Ризоев, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон суҳбат кард.   

Фарҳод Амидҷонов
Фарҳод Аминҷонов

 Фарҳод Аминҷонов, муовини директори Институти таҳқиқоти стратегии Осиёи Марказӣ дар хусуси мавқеи Тошканд ва таъсири Роғун ба тақсими захоири обу энержӣ дар минтақа гузориш дод. Сиёсатшинос Жавлон Боймат дар бораи тағйири мавқеи Ӯзбекистон оид ба масоили бунёди неругоҳҳо дар Қирғизистону Тоҷикистон суханронӣ кард. 

Мавқеи Қирғизистону Қазоқистонро дар ин бора таҳлилгар Амангелдӣ Ҷумъабаев ва сиёсатшинос Меруерт Сейдуманова пешниҳоди иштирокчиён сохтанд.

Тафсилоти бештар: Низоми обию энержии Осиёи Марказӣ: танҳо дар ҳамҷоягӣ метавон рушд кард

47381830_1936533766465191_2031326072796086272_o
47379766_1936792246439343_7307528443418116096_o
47254927_1936533676465200_1750295586545860608_o
47319773_1936792366439331_2453611273133228032_1
47203032_1936532246465343_7883024391448035328_o
47175994_1936782946440273_6148631866208419840_o
47170925_1936652363119998_4586379061802041344_o
47170912_1936587239793177_297612294123159552_o
47165643_1936532316465336_1905693902816411648_o
47164792_1936533833131851_611412032222134272_o
47155406_1936664646452103_837294751844663296_o
47121608_1936792169772684_6344952386062123008_o
47085393_1936663913118843_5857275329390837760_o
47127699_1936792256439342_7029874334038491136_o
47071665_1936532369798664_6845021819246739456_o
47057902_1936532169798684_8623455634924240896_o
47048905_1936663893118845_2916389777324376064_o
46503511_1936664716452096_9016431875354263552_o

Фарҳод Мирзабаев, журналист-таҳлилгар аз Тошканд:

Ширкат дар ин нишаст барои ман хеле муфид буд, бисёр чизҳоро омӯхтам. Қабл аз ҳама устухонбандӣ (шаклгирӣ)-и мақоларо ёд гирифтам ва ин бароям навиштани матолибро барои пойгоҳи хабарии cabar.asia ва ҳамкорӣ бо ин расонаро осон менамояд. Сесияҳои мавзӯӣ (тематикӣ), махсусан нишасти марбут ба масоили гидроэнергетика дар Осиёи Марказӣ бо ширкати коршиносони шинохта ба ман ниҳоят писанд омад. Табиист, ки ширкат дар чунин ҳамойишҳои омӯзишӣ барои рушди шахс ва тақвияти касбият имкон медиҳад.

Мижгона Ҳалимова, хатмкардаи Мактаби таҳлилӣ, журналист аз Душанбе:

Хеле шодам, ки дуввумбора бо хатмкардагони мактаби тобистона вохӯрдам. Дигар ин ки дар бораи НБО-ҳо дар Осиёи Марказӣ маълумоти дақиқ ва иттилои саривақтӣ дарёфт кардам. Аз якояки масъулин ва баргузоркунандагони ҳамоиш ташаккур мекунам, ки ин ҳамаро барои мо омода намуданд.
Анастасия Валеева
Анастасия Валеева

Рӯзи охирин ва анҷоми нишаст аз ҳама рӯзҳои дигар пурбортар буд. Он ба корҳои амалӣ ва вижагиҳои таҷҳизоти онлайнӣ, ки аснои навиштани маводи таҳлилӣ ба журналистон ва коршиносон кӯмак менамояд, ихтисос ёфта буд. Нишасти коркарди додаҳо ва тарзи кор бо онро хатмкунандаи Мактаби тобистонаи таҳлилӣ Анастасия Валеева баргузор намуд. Вай тарзи кор бо омор, арқом, манобеъ ва сарчашмаҳоро, ки ба журналистон ҳангоми таҳияи матолиби таҳлилӣ зарур мешаванд, омӯзонд. Иштирокчиён дар амалия бо арқому манобеъ кор карда, ҳар кадоме омода кардани тасвирбаён (инфографика)-ро таҷриба карданд.

Бермет Уланова, хатмкунандаи Мактаби тобистонаи таҳлилӣ, журналист аз Бишкек:

Мулоқоти хабарнигорону коршиносони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба онҳо имкони боз ҳам аз наздик шинос шуданро дод. Бароям бештар аз ҳама бахши марбут ба захоири обу энержӣ ва зарфияти Осиёи Марказӣ дар ин самт маъқул шуд. Ҳамчунин, ширкат дар дарси дата-журналистика аз манфиат холӣ набуд. 

Амонгелдӣ Ҷумабаев, пажӯҳишгар аз Бишкек:

Мехостам тренингҳои омӯзишӣ дар мавриди тарзи навиштани мақолаҳои таҳлилӣ, меъёрҳо ва кор бо манобеъ бештар доир шаванд. Қисмати баррасии визуалӣ (додаҳо) низ бароям шавқовар буд. Ин ҳама аснои навиштани маводҳои таҳлилӣ даркор хоҳад шуд.
Аскар Мукашев ва Хадиша Акаева (Қазоқистон)
Аскар Мукашев ва Хадиша Акаева (Қазоқистон)

Мавзӯи дигари муҳим, ки дар ин нишаст баррасӣ гардид, далелсанҷӣ (фактчекинг) буд: он барои журналистон чӣ медиҳад, чӣ зарурати истифода аз он вуҷуд дорад ва чӣ тавр дурустии арқому иттилоъро санҷид. Мураббии шинохта Фариштамоҳ Гулова бошад, дар ин бора ба ширкатдорон маълумоти аҷиб ва заруриро пешниҳод сохт. 

 «Агар шумо ҳамчун журналист, ё фаъоли ҷомеъа дарк мекунед, ки ин хабар ҷаълӣ (фейк) аст ва он барои ба даст овардани теъдоди бештари “лайк”-у “писандидан” аст, барои оянда ва барои кори шумо дар оянда зарур мешавад. Қоидаҳои муайяни фактчекинг (далелсанҷӣ) вуҷуд доранд ва бо истифода аз онҳо шумо хабари дурустро аз тақаллубӣ, сарчашмаи аслро аз дурӯғ пайдо карда метавонед”,- иброз дошт Фариштамоҳ Гулова.   

Ҷавоҳир Очилов, журналист аз Тошканд:

Ман таҷрибаи хубе гирифтам, ҳамчунин бисёр эҳсосоти гарму мусбатро ин ҷо дарёфтам. Бо шарофати ин чорабинӣ идеяҳои нав ва ҳадафҳои нав пайдо намудам, ки дар оянда дар корам истифода хоҳам бурд.

Дар анҷоми нишаст иштирокдорон мулоқоти нахустини хатмкунандагони мактаби таҳлилии журналистон ва рӯзноманигории таҳлилии минтақаиро ҷамъбаст карда, хулосаҳои худро пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо бояд ба таври силсилаӣ (муддавом) сурат гирифта, дар он хабарнигорон ва коршиносон ширкат намоянд, зеро он барои тақвияти ҳамкории наздимарзӣ ва амалкарди муштараки ҷомеъа замина мегузорад.   

47323886_1937862112999023_2833485591272751104_o
47260422_1937863246332243_3647730280136966144_o
47480403_1937862516332316_8400515272842149888_o
47196867_1937863572998877_3340924501142536192_o
47133412_1937863179665583_8461444035385491456_o
47126712_1938059076312660_5970121325895745536_o
47290765_1938058859646015_3891710016259883008_o
47421393_1938059919645909_7470896582607503360_o

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: