Журналистские расследования Таджикистан

IWPR Tajikistan: Бизнес биометрических паспортов в Таджикистане

27.03.2015

Зимни як таҳқиқи рӯзноманигорӣ ба ин натиҷа расидем, ки таҳвили шиносномаи биометрӣ ба асбоби тиҷорати афроди алоҳидае табдил ёфта, қимати як шиноснома аз 300% то 4100% боло бурда шудааст. Кӣ хизматгузории давлатиро ба тиҷорат ва нуқтаҳои шиносномадиҳиро ба дӯкон ё бозор табдил додааст?

Амрулох НизомовАвтор раследования Амруллох Низомов, выпускник факультета Международной журналистики и переводов Государственного Национального Университета Таджикистана. Будучи студентом,  активно сотрудничал как с государственными, так и с  независимыми СМИ Таджикистана. Официально работать в журналистике начал в 2008 году на Радио “Имруз”, затем в 2010 году перешел работать в газету “Имруз News». С 2012 года по сей день работает корреспондентом газеты « Нигох» и Информагентства “Tojnews”.  Прошел обучение на боле чем 20 тренингах в Таджикистане, Иране и России, в том числе неоднократный участник тренингов IWPR в Таджикистане. Победитель конкурса на звание лучшего журналиста расследователя 2015 года, объявленного IWPRTajikistan в рамках проекта «Журналистские расследования в Таджикистане»

Его расследование “Бизнес биометрических паспортов в Таджикистане” рассказывает о том, как некоторые дельцы используют в своих корыстных целях ажиотаж вокруг заграничных биометрических паспортов, возникший в результате изменений в законодательстве России, запрещаюший иностранным гражданам с 1 января 2015 г. въезд на ее территорию по национальным паспортам.  В своей статье журналист доказал, что в некоторых местах власти взымают за биометрические загранпаспорта цену, превышающую их реальную стоимость до 10 раз.  

Представляем вниманию читателей текст расследования на таджикском языке:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20- уми феврали соли 2009 фармон «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони ҶТ, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд» — ро имзо кард. Инчунин, 2-юми апрели соли 2009 Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ…” қарор баровард.

Ҳадафи мақомоти расмӣ аз ҷорӣ кардани шиносномаи биометрӣ ба ҷои шиносномаи хориҷии пешин ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик кардани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Инро Созмони ҷаҳонии ҳавонавардӣ низ талаб карда буд, аммо онҳо шояд ин огоҳиро надоранд, ки ин нияту иқдоми нек барои мардум ба чӣ қимати ноодилона дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя тамом мешавад.

tj1
tj2
tj3

Қимати шиносномаҳои биометрӣ ҳанӯз аз 2-юми ноябри соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон муайян шуда буд. Бино ба он, барои шиносномаҳои биометрии дипломатӣ – 125 доллари ИМА, хизматӣ – 100, умумишаҳрвандӣ – 75, кӯдакони то 16-сола – 25 доллари ИМА муайян шудааст. Илова бар ин, 60 сомонӣ боҷи давлатӣ ва 40 сомонӣ барои хизматрасонии хадамоте, ки шиносномаро медиҳад, низ пардохт мешавад.
Ин нархгузорӣ пас аз он, ки Фармони президент баромад ва шиносномаи биометрӣ ҳатмӣ шуд, тағйир наёфт. Мақомот барои соҳиб шудани шаҳрвандон ба шиноснома роҳи дигарро ҳам эҷод кард. Яъне гирифтани шиносномаи таъҷилӣ барои шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ дар давоми — 7 рӯз — 150$; дар 3 рӯз — 225$ муқаррар кард. Барои кӯдакони то 16 – сола бошад, ин нархгузоӣ дар давоми 7 рӯз — 50$ дар 3 рӯз — 75$ мебошад. Дар ҳама ҳолат боҷи давлатӣ 60 сомонӣ ва хизматрасонии Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии вазорати корҳои дохилӣ 40 сомонӣ арзиш дорад.
Ин нархгузорӣ замоне дар Тоҷикистон муқаррар шуда буд, ки мардум бештар ба шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ таваҷҷӯҳ доштанд, зеро он ҳамагӣ 20 доллари амрикоӣ буд. Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон ду намуди шиносномаи хориҷӣ мавҷуд аст. Шиносномаи қаблии хориҷӣ аз истифода берун шуд, чунки айни замон шиносномаҳои қаблиро ба шаҳрвандон намедиҳанд, вале агар афроде, ки қаблан ин шиносномаро гирифта буданду ҳоло мӯҳлаташ тамом нашудааст, истифода карда метавонанд. Омили муҳимтар аз ин -Русия эълон кард, ки аз соли 2015 шаҳрвандони хориҷиро бидуни истисно танҳо бо шиносномаи хориҷӣ иҷозати вуруд ва ҳузур дар қаламравашро хоҳад дод. Қаблан шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ин имтиёзро доштанд, ки бо шиносномаҳои дохилӣ низ дар Русия ҳузур дошта бошанд.
Аммо пас аз лағви ин имтиёз, бино ба маълумоте, ки мақомот пешниҳод мекунанд, соли 2014 ва 2015 таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба шиносномаи биометрӣ афзуд. Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба хабарнигори «Нигоҳ” гуфт, дар нуқтаҳои шиносномадиҳӣ дар як шабонарӯз аз 2 ҳазору 500 то 3 ҳазору 500 аризаи шаҳрвандон ворид мешавад. Ба гуфтаи ӯ, агар аз 1-уми феврали соли 2010 то 16-уми феврали соли 2015 ба зиёда аз 484 ҳазор нафар шиносномаи хориҷии биометрӣ дода шудааст, беш аз 409 ҳазори он ба соли 2014 ва аввали соли 2015 рост меояд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон низ 16-уми январи соли 2015 дар нишасти матбуотиаш гуфт, талабот ба шиносномаи хориҷии биометрӣ асосан пас аз тағйири қонунҳои Русия дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ зиёд шудаву ҳоло Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирӣ (ХБШ) супориш гирифтааст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор кунад.
Ҳукумати Тоҷикистон нуқтаҳоеро, ки шиносномаҳои биометрӣ таҳвил мешаванд, ба 101 адад афзудааст. Аз ин 23 адад ба вазорати корҳои хориҷӣ ва 78 адади дигар ба Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии вазорати корҳои дохилӣ тааллуқ доранд.
Дар чунин ҳол як кишвари мутамаддин дастрасӣ ба ҳуҷҷати зарурӣ барои шаҳрвандонашро бояд содда ва қимати онро коҳиш диҳад. Таҷрибаи Қирғизистон нишон медиҳад, ки ин кишвар аз 29-уми марти соли 2012 нархи шиносномаҳои биометрӣ барои шаҳрвандонашро беш аз 100% арзон кард. Барои мисол, Қирғизистон нархи шиносномаҳои биометриашро барои шаҳрвандони қаторӣ дар 15 рӯзи корӣ ба қимати 18 евро (қаблан 40 евро), дар 8 рӯз — 30 евро (75 евро), дар 4 рӯз 35 евро (85 евро), дар 2 рӯз — 40 евро (100 евро) муқаррар кард.
Ба ҳамин минвол, омори кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки қимати шиносномаҳои биометрӣ аз ин ҳам арзонтар аст. Масалан, қимати шиносномаи биометрӣ дар Украина барои 20 рӯз корӣ — 15 евро ва барои 7 рӯзи корӣ — 22 евро таъйин шудааст. Ё дар Ҷумҳурии Чех шиносномаи биометрӣ – 21 евро ва дар Словакия — 33 евро нарх дорад.

tj4

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишварҳои зикршуда маоши бамаротиб зиёд аз Тоҷикистон мегиранд. Агар ҳадди ақали маош дар Қирғизистон 970 сом (1 доллар = 61 сом (5 март) аст, дар Тоҷикистон 500 сомонӣ (1 доллар = 6 сомонӣ) аст.
Дигар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҳам инро собит мекунанд, ки қимати шиносномаҳои биометрӣ дар Тоҷикистон одилона нест. Муаммо инҷо аст, ки чаро қимати шиносномаи биометрӣ дар Тоҷикистон гарон аст? Оё имкони коҳиш додани он вуҷуд дорад?
Абдурразоқ Азизов, Сардори раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисорииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як суҳбаташ ба мо гуфт, ки «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва ба қайдгирии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи муайян кардани нархи хизматрасониашон доир ба додани шиносномаҳои электронии биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон бо онҳо мувофиқат кардааст, аммо нархи худи бланкаҳои шиносномаи биометрии хориҷӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли 2009 таҳти №203тасдиқ шудаанд”.
«Сири махфӣ” ин роҳи гурези мансабдорон аз савол аст
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар посух ба саволи мо, ки «як бланкаи шиносномаи биометрӣ бо чанд сомонӣ вориди Тоҷикистон мешавад?”, чунин посух гардонд: «расонаӣ кардани нархи бланкаҳои холии шиносномаҳои хориҷӣ аз як ҷониб фош кардани сирри хизматӣ ба ҳисоб рафта, хилофи «принсипи махфият”-и пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” ва вайрон кардани талаботи қонунгузории номбурда ба ҳисоб меравад”. Ин ниҳод хароҷоти овардану «ба расмиятдорории гумрукӣ ва андозӣ, хизматрасониҳои вобаста ба нигаҳдории техникиву таҷҳизоти чопи шиносномаҳои биометрӣ”, хизматрасонии кормандон, инчунин расонидани шиносномаҳо ба шаҳрвандон, аз ҷумла ба хориҷи дуру наздикро зикр карда, мегӯяд, «нархи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносномаҳои хориҷӣ, яъне 75 доллари ИМА чандон зиёд нест”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки 29 январи соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон ба моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» қисми 10 чунин тағйирот ворид кард: «Бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ, таҷҳизоти чопи кортҳои идентификатсионӣ ва 600 ҳазор бланкаи кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА ВА БОҶИ ГУМРУКӢ озод карда шаванд”. Дар солҳои 2010, 2011, 2013 низ воридоти бланкаҳои шиносномаҳои биометрии хориҷӣ аз АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА ВА БОҶИ ГУМРУКӢ озод шуда буданд.
Дар бораи «принсипи махфият” бошад, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар истинод ба Қонун «Дар бораи сирри давлатӣ” ва дигар қонунҳо мегӯяд, ки гуфтани нархи аслии бланкаҳо сирри хизматӣ аст, аммо ба гуфтаи ҳуқуқшинос Сергей Раманов, иттилоот дар ин бора озод буда, махфӣ намебошад ва низ дар Қонун «Дар бораи сирри давлатӣ», маълумот дар бораи бланкҳо (варақаҳо) ҳамчун сир пешбинӣ нашудааст. Барои тасдиқ ва тақвияти ин гуфтаҳояш 4 санад меорад.
Чаро мақомот шиносномҳоро даҳ маротиба гарон мефурӯшад?
Дар бораи ин, ки қимати шиносномаҳои биометрӣ ноодилона буда, бояд нархи онҳо поён бурда шавад, бори аввал 29 январи соли 2014 расман дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорумузви Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти ТоҷикистонИсмоил Талбаков суҳбат кард. Вай гуфт, нархи воридотии бланкаи шиноснома 51 сомониву 13 дирам (он замон муодили 10 доллар) буд, аммо аз 25 то 375доллари ИМА ва болои ин боз 100 сомонии дигар илова шуда, фурӯхта мешавад. «Барои ворид кардани ин бланкаҳо аз буҷаи давлат маблағ ҷудо мешавад. Ҳамчунин, аз супоридани андоз ва боҷи гумрукӣ онҳоро озод кардааст, ки имтиёзи андоз 16 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин хотир, дар нархгузорӣ бояд хеле аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд. Шиносномаҳо бояд арзон карда шаванд, зеро барои харидории онҳо мардум мушкил накашанд …Саволи ман ин аст, ки чаро мақомот нархи шиносномҳоро беш аз даҳ маротиба гарон мефурӯшад?»
Дар ҷаласаи зикршуда, дар мавриди пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ барои ворид кардани шиносномаҳои биометрӣ, кортҳои шиносоӣ озод карда мешуд, сухан мерафт. Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров гуфт, ки ба маблағи 54 млн сомонӣ мехоҳанд 700 ҳазор бланкаи шиносномаҳои биометрӣ, 600 ҳазор корти шиносоӣ ва таҷҳизоти зарурӣ ба маблағи 3,4 миллион евро ворид кунанд. Маблағе, ки аз озодкунии андозу боҷи гумрукӣ ба буҷет ворид нашуд, 18 миллиону 825 ҳазор сомониро ташкил дод.
Аммо ин бори охир набуд, ки парлумони кишвар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро аз пардохти андоз аз арзиши илова шуда (ААИ) ва боҷӣ гумрукӣ озод мекард. Бори аввал 28 апрели соли 2010 вақте Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорати корҳои хориҷӣ барои харидории 100 ҳазор адад бланкаҳои шиносномаҳои биометрӣ қарз дод, онро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кард, маблағи он беш аз 10 миллион сомонӣ буд. ВКХ барои ин аз Ҳукумати Тоҷикистон 24 миллион сомонӣ ба даст оварда, онро то соли 2012 ба буҷет баргардонд. Пас аз ин соли 2013 Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон 200 ҳазор бланкаи шиносномаи биометриро тавассути парлумон аз ин гуна пардохтҳо озод карда буд.
Ҳоло, ҳукумат барои овардани шиносномаҳои биометрӣ қарз медиҳад, маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукиро намегирад, аммо ҳамоно қимати расмии шиносномаҳои биометрӣ тағйир намехӯранд. Чаро?
Далели аз ҳама боризи мақомот ин аст, ки шиносномаҳои биометрӣ дар хориҷи кишвар –, яъне дар Олмон аз сӯи ширкати олмонии «Muеhlbauеr ID Servises GMBH» омода мешаванд. Ин ширкат соли 2010 дар як тендере, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон карда буд, пирӯз омадааст. Парвиз Давлатзода, муовини Вазири корҳои хориҷа мегӯяд, ки ширкати «Muehlbauer ID Servises” аз байни ширкатҳои зиёд интихоб гардида, шартномаи хариди мол мустақиман байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ширкати мазкур бе миёнарав ба имзо расидааст. Вазорати корҳои хориҷа дар озмуни хариди давлатии бланкаҳои холии шиносномаҳои хориҷӣ ҳамчун «ташкилоти харидор” баромад кардааст ва дар оянда низ дар вақти хариди бланкаҳои холии шиносномаҳои биометрӣ ба сифати харидор баромад хоҳад кард.
Ҳамин тавр, Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон барои таъмини шаҳрвандон ба шиносномаи биометрӣ тайи солҳои 2010 то 2014 аз ширкати Олмонии «Muеhlbauеr ID Servises GMBH» мустақим 1 млн адад бланкаи холии шиносномаи биометрӣ харидорӣ кардааст.
«Тибқи ҳисоби пешакӣ нархи як адад бланкаи шиносномаи биометрӣ 51,13 сомонӣ, ҷамъ (700,0 ҳазор бланкаи холии шиносномаи биометрӣ) ба маблағи 28,6 млн. сомонӣ, кортҳои идентификатсионӣ 6,4 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 3,8 млн. сомонӣ, як адад таҷҳизоти чопи кортҳои идентификатсионӣ 21,9 млн. сомонӣ ва ҷамъ 54,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 16,8 млн. сомонӣ арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳисоб карда мешавад, ки аз пардохти он озод карда хоҳад шуд”- ин иттилои рӯзномаи «Садои мардум” (№11, (3157), 31.01.2014) аст.
Ин ҳолатро аз Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон пурсидем, ки он чӣ тавр ба вуҷуд омад ва онро чӣ гуна шарҳ медиҳад?
Муовини Вазири корҳои хориҷа Парвиз Давлатзода онро чунин шарҳ медиҳад: «Табиист, ки лоиҳаи калонҳаҷм ва ҷори намудани шиносномаҳои миллӣ (кортҳои идентификатсионӣ) ва шиносномаҳои хориҷии биометрӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он дар як марҳила амалӣ карда намешавад. Барои амалӣ намудани лоиҳаи номбурда то имрӯз қариб 10 марҳила ва озмунҳои гуногуни хариди давлатӣ гузаронида шудаанд.
Моҳи январи соли 2014, ки Шумо ба он истинод меоред, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ” баррасӣ мешуд, ки озод кардани қисми таҷҳизоти воридшаванда ва қисми бланкаҳои кортҳои идентификатсионӣ ва шиносномаҳои хориҷиро дар бар мегирифт. Зурурати ворид намудани чунин тағйирот — сарфаи маблағҳои буҷетӣ барои амалӣ намудани марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳаи номбурда асос меёфт, ки имрӯз ба пуррагӣ амалӣ шуд”.
Муовини вазири корҳои хориҷа дар ҳоле аз 10 марҳила ва озмунҳои гуногуни хариди давлатӣ дар ин бора ҳарф мезанад, ки дар сомонаи расмии Агентии хариди давлатии мол, корҳо ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи тамоми харидҳову озмунҳои давлатӣ иттилоъ медиҳад ва санадҳоро пахш мекунад, ба ҷуз ду маврид дигар дар ин бора ҳеҷ санаду маълумоти иловагиеро пайдо карда натавонистем.
Ҷамшед Юсуфиён, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон 13-уми марти соли 2015 дар нишасти ғайринавбатии ин ниҳоди молӣ гуфт, мо дар ҳудуди Тоҷикистон чандин ширкатҳои хурду бузургро маҷбур кардем, то хизматгузории худро бо қурби миллӣ сомонӣ анҷом диҳанд, вале вақте аз ӯ пурсидем, ки чаро нархи хироҷи шиносномаҳои биометрӣ дар Тоҷикистон бо доллар муайян карда мешаванд гуфт, ки мо ба ғайр аз шаҳрвандони дохилӣ дар хориҷи кишвар низ шаҳрвандоне дорем, ки ба гирифтани шиносномаҳо ниёз доранд ва ин чизро қонунгузорӣ иҷозат медиҳад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз 29-уми январи 2014 то ҳол қурби доллар нисбат ба пули миллӣ сомонӣ ҳудуди 20% қимат шудааст ва аммо мардум ҳамоно дар дохили кишвар ҳангоми гирифтани шиносномаҳои биометрӣ хироҷи онҳоро бо арзиши доллар ва ба пули миллӣ сомонӣ пардохт мекунанд ва ҳар қадаре, ки қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ баланд шавад, мардум ба ҳамон андоза зарар мебинанд.
Кордону корафтодаҳо
То ин ҷо, ки суҳбат кардем, сухан аз қимати расмии шиносномаи биометрӣ буд. Дар рафти ин таҳқиқот, ки зиёда аз се моҳ тӯл кашид, шоҳиди воқеаҳои аҷибе шудем. Роҳҳои дигари ба даст овардани шиноснома низ вуҷуд доранд. Яке тариқи дафтарҳоест, ки 100 то 300 метрии нуқтаҳои шиносномадиҳию бақайдгирӣ вуҷуд доранд ва нуқтаҳои хурди ба ном тарҷумонӣ ё нусхабардории ҳуҷҷату асноданд. Аммо корашон на фақат тарҷумонӣ, нусхбардорӣ, пур кардани варақа, навиштани аризаҳост. Вақте ба онҳо муроҷиат мекунед, кормандонаш роҳи осони ба даст овардани шиносномаро нишон медиҳанд. Табиист, ки ин маслиҳату хидматрасониҳо ҳам арзиши худро доранд.
Яке аз собиқ кормандони Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирӣ, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд, дар ин нуқтаҳо чанд роҳи осони пулкоркунӣ вуҷуд дорад, мисол, як шаҳрванд ба таври нақд ба онҳо 250 доллар, албатта, ки нархи муайяншудаи шиносномаи биометриро ба онҳо медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки шиносномаи биометриашро дар муддати 3 рӯзи корӣ тайёр кунанд. Касоне, ки пулро нақд мегиранд, худашон рафта, дар банк нархи бланкаи шиносномаи биометриро барои 15 рӯзи корӣ месупоранду омада санаи бланкаҳои ӯро 12 — 15 рӯз пеш ба қайд мегиранд.
Дар ин ҳолат онҳое, ки мустақим ба нуқтаҳои ХШБ муроҷиат мекунанд, каму беш бо таъхир соҳиби шиноснома мешаванд. Барои мисол, бино ба иттилои радиои «Озодӣ” моҳи августи соли 2014 дар ХШБ – и ҷумҳуриявии Вазорати корҳои дохилӣ беш аз 10 нафар ба чунин мушкил дучор шуда буданд. Вақте қазия ба расонаҳо кашида шуд, дарҳол шиносномаҳояшонро гирифтанд.
Аммо муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода мегӯяд, вобаста ба ин масъала то имрӯз ба вазорат ягон арзу шикояти мушаххаси шаҳрвандон ворид нашудааст.
Чаро кормандони нуқтаҳои шиносномадиҳӣ, «ҳақ” талаб мекунанд?
Бо Фарангис Муродова, сокини 29 — солаи шаҳри Душанбе, 22-юми ноябри соли 2014 барои гирифтани шиносномаи биометрӣ ба нуқтаи ХШБ – и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардем. Масъули ин нуқта гуфт, ки аввал рафта пулро дар шуъбаи «Амонтабонк” супорида, расидҳояшро бо худ оред.
Мо бар асоси қурби муйян кардаи Бонки миллӣ барои 22-юми ноябри 2014 $75-ро бо пули миллӣ 472,20 сомонӣ супоридем ва расидҳои бонкиро оварда ба масъули Хадамоти шиносномадиҳӣ пешниҳод кардем. Хонуми масъул, ки тақрибан бонуи 40-45-сола буд, дар муддати камтар аз 20 дақиқа бланкаро пур карда, сипас гуфт, ки ба хотири акс гирифтан Фарангис омода шавад. Дар охир хонум талаб кард, ки ҳаққи пур кардани бланка 20 сомонӣ аст. 20 сомониро аз Фарангис гирифта, гуфт, ки баъди 16 — 17 рӯз тайёр мешавад, омада гиред.
Барои ин 20 сомонӣ Фарангис санад надорад ва ба хотири он, ки кораш буд шавад, худаш талаб ҳам накард. Аммо хабарҳои расмӣ аз ин шаҳодат медиҳанд, ки бахти Фарангис хеле «хандидааст”.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 7 октябри соли 2014 хабар дода буд, ки корманди ХШБ ШВКД-и шаҳри Ваҳдат Ситора Гуловаро бар асоси шикояти як нафар боздошт кард, зеро ӯ ба ҷои «маблағи қонун муайяннамуда оиди шиносномаи хориҷӣ боз 350 сомонӣ” талаб намудааст.
18 сентябри соли 2014 расонаҳо аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи боздошти Далер Нақибов, корманди Сарраёсати консулии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки бино ба он, мавсуф барои таҳияи шиносномаи хориҷӣ барои се шаҳрванд 4 ҳазор доллар гирифтааст. Баъдтар ин рақам ба 600 ва ниҳоят 30 доллар поён омадау Далер Нақибов озод шуд.
Ин худ нишондиҳандаи он аст, ки шаҳрвандони одӣ бидуни шинос ва ришва наметавонанд, ки дар муҳлати муқарраргардида соҳиби шиносномаи хориҷӣ гарданд.
Шиносномаи биометрӣ мушкили муҳоҷирро дучанд кард
Бидуни ҳеҷ баҳс, ин нуктаро бояд зикр кунем, ки ин мушкил ҳам асосан аз гиребони муҳоҷирини тоҷик мегирад, чун маҳз онҳо ба шиносномаи хориҷӣ беш аз ҳама ниёз доранд ва маҷбурӣ ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия ё дигар кишварҳо сафар мекунанд.
Дар рафти ин таҳқиқот бо баъзе муҳоҷироне ҳам вохӯрдем, ки мегуфтанд, дар пойтахт ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ тавассути миёнаравҳо то 2 ҳазору 500 сомонӣ ва ё бештар аз он ҳам дар муддати то се рӯзи корӣ соҳиби шиносномаи биометрӣ гардидаанд. Далелашон ҳам ин буд, ки агар чунин намекардем, ҷои кори муносибро аз даст медоданд.
Гузашта аз ин, муҳоҷирони кории Тоҷикистон маҷбуранд, ки пеш аз сафари Русия шиносномаҳои биометрии худро бо забони русӣ тарҷума карда, расман онҳоро аз қайди нотариалӣ бигузаронанд. Ин намуди хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе 20 сомонӣ арзиш дорад.
Аз Абдулло Давлатов, раҳбари Ҷамъияти «Тоҷикони Русия” пурсидем, ки маблағи ҳадди аққали муҳоҷират дар Русия ба хусус шаҳри Маскав барои як муҳоҷири тоҷикистонӣ бо шумули тамоми ҳуҷҷатгузориҳои расмӣ чӣ қадар пулро ташкил медиҳад? Вай гуфт, «агар манзур маблағи масрафи муҳоҷирон бошад, пас аз 14500 рубли русӣ то 23000 шунидаам. Аммо, ангуштшуморон метавонанд бо 14500 рубл ҳуҷҷатҳояшонро дуруст кунанд. Дигарон тавассути миёнравҳо, ки ин корҳоро анҷом медиҳанд, он аз 20000 рубли русӣ зиёдтар аст. Илова бар ин, ҳар моҳ 4000 рубл изофа мешавад. Яъне, агар моҳи аввал 20000 сарф шавад, 11 моҳи дигар 44000 рубл мешавад. Умуман – 64000 рубл дар як сол ин ҳадди аққали масрафи муҳоҷир аст, ки танҳо барои иҷозаи корӣ бояд пардохт кунад”. Дар бораи хӯрок ва ҷои зисташ ҳоло ҳарф намезанем.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола дар мавсими баҳорӣ, ки вақти рафтани муҳоҷирон ба Русия аст, нархи чиптаҳои ҳавопаймоҳо ва қатораҳо қимматар мешаванд. Барои мисол, агар як муҳоҷири тоҷик, ки то ҳол шиносномаи биометрӣ нагирифта бошад ва хоҳад ба шаҳри Маскав сафар кунад, ҳадди аққал бояд, ки беш 1300 доллари амрикоӣ бо худ дошта бошад.
Ба ҷои хулоса
Дар аксар кишварҳои пешрафта соҳаи иқтисоди бозаргонӣ рушд кардааст, вале то ҳол шояд ҳеҷ як иқтисоддони сатҳӣ ҷаҳонӣ чунин қоидаи фоидаовареро ба мисли Тоҷикистон кашф накардааст, ки як адад мол, коло, ҳуҷҷат ва бланкаеро, ки барои мисол ба қимати 1 сомонӣ харида бошаду онро муваффақона ба муштариёнаш ба нархи беш аз 40 сомонӣ ба фурӯш гузорад. Аз рафти кори Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва нархгузории ҳукумат тавре фаҳмида мешавад, ки гӯё аз нав бланка фармоиш медиҳанд, ҳол он, ки бланкаҳои Шиносномаи биометрӣ барвақт харидорӣ шуда, дар рафҳо хобидаанд.
Дар рафти ин таҳқиқот бо чанде аз коршиносони соҳа низ суҳбату мулоқотҳо доштем, ки ба ақидаи эшон давлат бояд ҳадди ақалл як маротиба ба шаҳрвандонаш ройгон шаҳодатномаи таваллуд ва шиноснома, аз ҷумла шиносномаи биометрӣ диҳад, чунки чархаи давлатдорӣ аз ҳисоби андоз ва боҷу хироҷи шаҳрвандон мечархад, аз ин хотир давлат вазифадор аст, ки ба шаҳрвандони худаш чунин хизматрасониҳоро бо пули миллӣ сомонӣ на доллари ИМА ва нархи паст ва ё бепул анҷом диҳад.
Амруллоҳи Низом
 

Последнее

Популярное