© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон”

Намояндагии  «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистони вилояти Суғд дар мавзӯи “Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” тренинги 4 рӯза доир намуд.

 Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR), рӯзҳои 16 -19 ноябри соли 2016,  барои 10 нафар журналисти вилояти Суғд, аз рӯйи меъёрҳои байналхалқии журналистика инъикос намудани масоили пешгирии ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ ва нозукиҳои истифодаи смартфонҳо дар фаъолияти хабарнигориро таълим дод.

20161117_092424

IWPR бо мақсади омода намудани мақолаҳои таҳлилии касбӣ оиди масоили пешгирии ифротгароӣ инчунин истифодаи дурусти барномаҳои смартфонҳо дар расонаҳои маҳаллӣ, ва беҳтар кардани сифати матлабҳои касбӣ роҳнамоӣ мекунад.

 Лола Олимова, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон, ва Аҳлиддин Салимов хабарнигори оҷонсии хабарии “Азия плюс”, ҳамчун тренер аз таҷрибаи ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ба журналистон мисолҳои воқеӣ оварданд.

20161119_154556

 Дар раванди тренинг, иштирокчиён оиди масоили ифротгароӣ, омилҳо ва сабабҳои ҷалб шудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундгаро, чӣ тавр ҷавоб додан ба “Интернет имомҳо” ва нақши ВАО дар мубориза бурдан бо ифротгароӣ  донишҳои назариявӣ гирифтанд. Инчунин коршиноси масоили динӣ дар Тоҷикистон, Саидаҳмад Қаландаров дар мавриди “Таҳаммулпазирӣ дар дин” ва дигар нозукиҳоимафҳумҳои диниро ба журналистон шарҳ дод.

20161119_105144

Дар қисмати омӯхтани технологияи мобилӣ иштирокчиён мустақиман аз барномаҳое ба монанди canva.com, easel.ly, batchegeo.com, timeline, Sound cloud bambuser, androvid, rec, tap machine, VivaVideo, yasni.com кор гирифтанд, ки дар таҷрибаи аксари онҳо бори аввал будааст.

 “Ин тренинг ба он хотир зарур буд, ки мо бо мафҳумҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм, кор бо Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» ва муайян кардани сабаб ва омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ шинос шудем. Дар давоми чор рӯз мо тавонистем, ки аз нозукиҳои технологияи мобилӣ ва меъёрҳои байналмиллалӣ пурра огоҳӣ  ёфтем, гуфт  Ҷамшед Маърупов, хабанигори “Озодагон” дар минтақаи Суғд”.

IWPR гузаронидани чунин тренингҳоро барои хабарнигорони минтақаҳои Хатлон, ВМКБ ва шаҳри  Душанбе низ дар нақша дорад.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: