© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон”

Намояндагии  «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон омӯзиши  “Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” идома медиҳад. Тренинги 4 рӯзаи навбатӣ барои журналистони вилояти Хатлон санаҳои 29 ноябр то 02 декабри соли равон доир шуд.Дувоздаҳ нафар журналистони вилояти Хтлон, аз рӯйи меъёрҳои байналхалқии журналистика инъикос намудани масоили пешгирии ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ, нозукиҳои истифодаи смартфонҳо дар фаъолияти хабарнигориро таълим дод.

20161201_123053IWPR бо мақсади омода намудани мақолаҳои таҳлилии касбӣ оиди масоили пешгирии ифротгароӣ инчунин истифодаи дурусти барномаҳои смартфонҳо дар расонаҳои маҳаллӣ, ва беҳтар кардани сифати матлабҳои касбӣ роҳнамоӣ мекунад.

Лола Олимова, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон, ва Аҳлиддин Салимов хабарнигори оҷонсии иттилооотии “Азия плюс”, ҳамчун тренер аз таҷрибаи расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ба журналистон мисолҳои воқеӣ оварданд.

Дар раванди тренинг, иштирокчиён оиди масоили ифротгароӣ, омилҳо ва сабабҳои ҷалб шудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундгаро, чӣ тавр ҷавоб додан ба “Интернет имомҳо” ва нақши ВАО дар мубориза бурдан бо ифротгароӣ, қонунгузории ҶТ дар бораи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм  донишҳои назариявӣ гирифтанд. Инчунин коршиноси масоили динӣ дар Тоҷикистон, Саидаҳмад Қаландаров дар мавриди “Таҳаммулпазирӣ дар дин” ва дигар мафҳумҳои диниро ба журналистон шарҳ дод.

Дар қисмати омӯхтани технологияи мобилӣ иштирокчиён мустақиман аз барномаҳое ба монанди canva.com, easel.ly, batchegeo.com, timeline, Sound cloud bambuser, androvid, rec, tap machine, VivaVideo, yasni.com кор гирифтанд, ки дар таҷрибаи аксари онҳо бори аввал будааст.20161129_154558

“Тренинги чор рӯзае, ки марбут ба инъикоси дурусти масоили ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ибтикори IWPR доир гардида буд, барои рӯзноманигорони музофот бисёр муфид аст. Чунки хабарнигороне, ки дар маҳалҳо кор мекунанд, онҳо ниёзи бештар барои такмили ихтисоси худ доранд. Онҳо камтар имкон доранд, ки болои худ кор кунанд ва ҷузъиёти мавзӯе, ки марбут ба терроризм, экстремизм камтар ошноӣ доранд. Хеле хуб шуд, ки дар ин тренинг коршиносони қавӣ даъват шуданд ва онҳо аз нуқтаи назари ислом шарҳ доданд, ки тундгароӣ, ифротгароӣ, бадрафторӣ чӣ аст ва чӣ гуна паёмадҳо дорад, ки ҳангоми дуруст навиштан ва инъикос намудани мавзӯъ, шарҳ додани мавзӯъ барои хонанда ба журналистон хеле кӯмак мекунад”, – гуфт Носирҷон Маъмурзода, муовини сармуҳаррии рӯзномаи “Хатлон”.

20161129_151614Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки имрӯз гурӯҳҳои мамнӯъ аз усулҳои хеле муосири таблиғот истифода мекунанд, онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз воситаҳои интернет хеле ба таври таъсирбахш истифода мекунанд ва мо ҷомеаи журналистон бояд бо ҳамин гуна усулҳо ҷавоби муносиб бояд дода тавонем. Азбаски имрӯз таваҷҷӯҳи мардум ба воситаҳои нави иттилоорасонӣ мултимедиа, интернет бисёртар шудааст, барои ҳамин журналистон бояд ин усулҳоро хуб балад бошанд. Аз ин нуқтаи назар, фикр мекунам аз ҷониби IWPR идеяи хуб аст, ки ба журналистон истифодаи дуруст ва босамари нозукиҳои чандрасонаӣ омӯзонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин д

уюмин тренинг дар мавзӯи “Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” гузаронида шуд.

IWPR гузаронидани чунин тренингҳоро барои хабарнигорони ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри  Душанберо низ дар нақша дорад.

Назари иштирокчиёни тренинги IWPR дар ш. Кургонтеппа :

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: