© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Нигаронӣ аз бадтар шудани вазъи озодии баён дар Рӯзи озодии ВАО дар Тоҷикистон

Хабарнигорони тоҷик рӯзи озодии баёнро бо баргузории ҳамоиш ва шиори ҳифзи журналистикаи озод дар Тоҷикистон, таҷлил карданд. 

3-юми май, дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии матбуот, конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Озодии баён: мушкилот ва дурнамо” доир шуд. Зиёда аз 60 рӯзноманигори тоҷик, намояндагони иттиҳодияҳои журналистӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмиллалию сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

13119749_10154160312553064_7949541644593430889_o

Созмондиҳандагони конфронси мазкур Шӯрои ВАО-и ҶТ, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон ва бо дастгирии молии Дафтари САҲА дар ҶТ, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ  доир намуданд.

20160503_092500

Иштирокчиёни конфронс аз бадтар шудани вазъи озодии баён дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд. Бино ба гузориши солонаи ташкилоти байналмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» дар бораи озодии ВАО, рейтинги ин кишвар фавран 34 зина поин рафта, ҳоло Тоҷикистон дар байни 180 кишвари ҷаҳон, дар ҷойи  150-ум қарор дорад. 20160503_092518

Дар рафти конфронс мушкилоти асосии ВАО ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, аз қабили зиёд шудани фишор аз ҷониби мақомот ва берун шудани рӯзноманигорони ҳирфавӣ аз журналистика, мушкилоти иқтисодии ВАО, камбуди журналистони ҳирфавӣ аз як ҷониб, аз тарафи дигар даст кашидан корфармоён аз рӯзноманигороне, ки бо намояндагони мақомотҳои давлатӣ мушкил доранд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин зикр гардид, ки барои нахустин бор баъди солҳои зиёд, ҳудуди 10 нафар аз журналистони тоҷик, танҳо соли гузашта, баъди фишори зиёд аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба кишварҳои ғарбӣ барои паноҳгоҳи сиёсӣ расман муроҷиат намуданд.

Илова бар ин,  мушкилот дар самти таълим, истифодаи технологияи нав дар соҳаи журналистика, риояи меъёрҳои ахлоқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки маҳдуд кардани озодии ВАО яке аз омилҳои суст шудани амнияти иттилоотии кишвар мебошад.

Дар хотима, мукофотҳои солона ба беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва журналистон тақдим карда шуд.

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон, имсол озмуни ҳарсола дар бахши таҳқиқоти журналистӣ ҷоизаи ба номи Ҷумъабой Толибовро ба зимма гирифт.

Дар доираи ин озмун ба суроғаи IWPR 18 таҳқиқоти журналистӣ аз журналистони Тоҷикистон ворид шуд. Аз рӯйи натиҷагирии аъзои ҳакамон, беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ “Чаро сохтмони роҳи Айнӣ – Панҷакент аз рӯи гуфтаҳои президент сохта нашуд Ё кӣ мехоҳад аз пушти ин роҳ маблағи муфт ба даст орад?” https://cabar.asia/ru/iwpr-tajikistan-charo-ro-i-ajn-pan-akent-az-ruji-gufta-oi-prezident-sokhta-nashud/

аз рӯзноманигори ҷавон Хуршед Фозилов, эътироф шуд.

Имсол бори аввал Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҷоизаи касбии «Эътимод»-ро ташкил намуд ва Субҳон Ҷалилов барандаи ин ҷоиза дониста шуд. Нуралӣ Давлат барандаи ҷоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода, Дилшоди Абдулмаҷид барандаи ҷоизаи «Ҷасорати журналистӣ» ва Манижа Қурбонова барандаи ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ аз ҷониби «Медиа-Алянс»-и Тоҷикистон гардиданд.

Озмуни мазкур дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: