© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Коршиносон: Маърифати пасти динӣ ва шароити пасти зиндагӣ сабабҳои шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Бино ба маълумотҳои расмӣ, беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳҳои тундрав пайвастаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Тибқи иттилои ВКД, дар нимсолаи аввали соли 2017 ҳудуди 228 нафар аъзои гуруҳҳои террористӣ дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аз ин шумора, 104 нафар узви гуруҳи ба ном «Давлати исломӣ», «Салафия» – 80, «Ҷамоати ансоруллоҳ» – 17, «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» – 18, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 3,  «Гуруҳи 24» – 6 нафар мебошанд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


 Раҳимзода Рамазон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нишасти хабарӣ, ки моҳи июли соли 2017 баргузор гардид, қайд намуд, ки дар шаш моҳи соли 2017 дар Тоҷикистон 78 сомонаҳо, ки ба тарғиби идеяҳои экстремистӣ машғул буданд, баста шудаанд. Дар ин раванд, ВКД ду сохтори ҷадид таъсис додааст, ки ин ниҳодҳо  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 137 ҷиноятро дар ин замина ошкор кардаанд.

Коршиносон  сабабҳои шомилшавии сокинонро ба  ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротгаро  асосан ба паст будани  маърифати динӣ  ва шароити пасти зиндагӣ  вобаста мекунанд.  

Набиюллоҳи Суннатӣ коршиноси маҳаллӣ сабаби асосии  шомилшавии сокинонро ба  равияҳои тундрав дар  суст будани корҳои идеологӣ ва  паст будани сатҳи зиндагӣ арзёбӣ мекунад

“Яке аз сабабҳои аслии ба гурӯҳҳои ифротӣ  ва равияҳои экстримистиву террористӣ шомил шудани ҷавонон мо ин аз суст будани идеология аст.  Ба замони Шӯравӣ, ки  идеология ҷиддан ба тарбияи насли наврас машғул буд, агар назар кунем як режим як қувваи муқтадире буд, ки дар ботини ҳар як ҷавон, ҳар як кӯдак, ҳар як насли ҳамон сол нафақат ҳуввият, балки  муҳаббати ватандориро  ҷойгир карда метавонист, ки мутаасифона имрӯз мо ин чиро надорем.  Як омили дигари ба ҳаракатҳои ифроти гаравидани ҷавонон ин  паст будани сатҳи зиндагӣ аст. Имрӯз мардум ба хотири масалан гирем пулҳои ваъдагӣ ё барои дарёфтани ризқу рӯзӣ намедонам ягон сабабҳое, ки вобаста ба иқтисод аст, рӯ гурӯҳҳои тундрав  овардааншон мумкин аст ”- иҳзор медора Набиюллоҳи Суннатӣ
Гурӯҳҳои  ифротӣ  ва  заминаҳо

Неъматулло Мирсаидов

Коршиносни дигар  Неъматулло Мирсаидов дар робита ба мавзӯъ баён медорад, агар замина набошад ҳамин чиз ташаккул намёбад.

“Яке аз заминаҳо ин гумроҳ шудани ҷавонон аст. Маърифати пасти динӣ  ва ҳамчунин дунявӣ ба он оварда мерасонад, ки онҳоро фиреб додан бениҳоят осон мешавад. Аз тарафи онҳое ки маърифатро доранду лекин ба манфиати худашон истифода мекунанд. Дини мубини ислом ва таълимоти пайғамбараи бузурги моро  мегиранду ҳар хел   ба таври худашон истифода мекунанд, ба таври худашон тоб медиҳанд, маънидод мекунанд ва ҷавононро фирефта менамоянд. Заминаи дигар ин аст, ки  мардуми мо аз рӯи мӯҳтоҷӣ ба Руссия барои дарёфт кардани қути лоямуд мераванд. Агар касе ки он ҷо кор пайдо карда наметавонад, касе ки маоши дуруст пайдо карда наметавонад, вай аллакай осебпазир мегардад. Аз ин чиз дар ҳамон ҷо ҳам истифода мекунанд, пули зиёд ваъда медиҳанду мегӯянд, ки рафтем ба Туркия чунки дар он ҷо масъалаи раводид ниҳоят сода аст.  Аз ин рӯ вақте ба Туркия мераванд зери таъсири гурӯҳҳои ифротгаро мемонанд”-мегӯяд Неъматулло Мирсаидов

Шарҳи  вазир дар бораи онҳое ки ба ДИИШ мераванд.

Рамазон Рахимзода

Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии ҶТ дар як нишасташ  дар бораи он нафароне,  ки фирефта шудаву ба ДИИШ мераванд гуфт:

“Ин як фиреб фирефтагарӣ,  маблағ кор кардани гурӯҳҳои алоҳидаи ҷинояткор аст. Фирефта шудани шахсоне, ки ба доми онҳо меафтад, ҳамин аст, мардум ҳис карда истодааст. Асосан ки меравад? Шахсе ки ягон маълумо надорад, бесавод аст, ҷои кор надорад, мавқеи худро дар ҷомеа муайян накардааст ба доми онҳо меафтад. Ҳаминҳоянд, баъдан бо мардум кор кардем, корҳои профилактикӣ гузаронидем, мардуме ки баргашта омаданд инҳоро мо фаҳмонидем, бо мардум ҳамкорӣ карданд, инҳо ба мардум фаҳмониданд, ки  ин давлати исломӣ не, давлати ҷиноятӣ аст, давлати ҷинояткор аст,  мардум бисёрашон фаҳмиданд. ”

Аз  байн рафтани таълими Ислом дар мактабҳо

Ҷӯра Юсуфӣ коршиноси дигар  сабабҳои аслии шомилшавии сокинон  ба ҳар гуна гурӯҳҳои мамнӯъ ва  ифротиро огоҳии комил надоштан аз дини мубини Ислом ва мазҳаби “Ҳанафия”маънидод менамояд.

Photo: Sputnik-Tajikistan

“Ба назари мо пеш аз ҳама ин огоҳии комил надоштани ҷавонон аз дини Ислом бахусус аз  ҳақиқати мазҳаби “Ҳанафия” яъне мазҳаби Имоми Аъзам, ки аксарияти мутлақи мардуми Осиёи Миёна аз ҷумла тоҷикон, ки  асрҳои аср пайрави ҳамин мазҳаб ҳастанд ва арзишҳои онро дар Ислом  пазируфтаанд. Тавре маълум дар замони ҳукумати Шӯравӣ, ки атеизм яке аз рукнҳои идеологияи он буд, аксарияти мардум аз ҳақиқати Ислом воқеъ набуданд  ва он озодиҳову демократие, ки дар давраи ошкорбаёнӣ ва баъдан дар солҳои  аввали истиқлолиятхоҳии  давлатҳои ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ба вуҷуд омад, якбора ба муҳити пасошӯравии ҷумҳурияҳои мусулмонӣ чандин равияву мазҳабҳо барои худ ҷои по ҷустанд. Аз ҷумла дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон “Ваҳҳобия” бо ҳама шохаҳояш “Ҳизби таҳрир” ворид шуд, кӯшишҳои ба мазҳаби шиаъ ҷалб кардани сокинони аксари суннии масалан ҷамоҳири пасошӯравии мусулмонӣ ҳам эҳсос шуд. Он ҷомеа, он мардуме ки омода набуданд зуд фирефтаи чунин равияҳову мазҳабҳо шуданд, ки он хоси мардуми бумии Осиёи Миёна набуд. Бо вуҷуди он ки як соли махсус дар ҶТ ба Имоми Аъзам бахшида шуд, “Соли Имоми Аъзам” эълон карда шуд ва  дар бораи омӯхтани осору афкори ин имоми бузург корҳое сурат гирифт, аммо бо ҳамин гӯё шиносонидани мардум бо мазҳаби Имоми Аъзам оҳиста-оҳиста аз байн рафт. Бисёр пешниҳодҳо буданд дар хусуси он, ки дар мактабҳо таълими  Ислом ҷорӣ шавад, то ки насли нав огоҳ шавад вале мутаасифона ин ҳаракат ҳам дар нимароҳ монд ва дубора гӯё Вазорати маориф ва дигар ниҳодҳои дахлдор ин амалро нолозим шумориданд.  Ман фикр мекунам ин кори хато буд, чунки вақте аз хурдӣ аз синни мактабхонӣ ҷавонон аз ҳақиқатҳои мазҳабии худ огоҳӣ надошта бошад вай ба осонӣ тӯъмаи ҳар гуна равияҳои тундгарову ифротгаро шуданаш мумкин аст. ”

Мавқеи 72-юми Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии терроризм

Тоҷикистон дар раддабандии “Индекси ҷаҳонии терроризм” дар байни 163 кишвар дар зинаи 72-юм ҷой гирифтааст. Тибқи маълумоти ин гузориш дар соли 2016  бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар дунё 25 673 нафар кушта шудаанд.

Photo: Sputnik-Tajikistan

Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ ((The Institute for Economics and Peace) рӯзи 15 ноябр гузориши солонааш бо номи “Индекси ҷаҳонии терроризм”-ро нашр кард.  Муаллифон индекси таҳдиди терроризм ба Тоҷикистонро тибқи ҷадвали 10-баллӣ  2,427 балл баровард кардаанд, ки назар ба як соли пеш 0,66 балл беҳтар аст.  Аммо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз нигоҳи таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ баъд аз Қазоқистон дар ҷои дуюм қарор дорад.  Қазоқистон  мақоми 67, Қирғизистон дар зинаи 79-ро ишғол  карда, муаллифон сатҳи таҳдиди терроризм дар ду кишвари дигари ин минтақа – Узбекистон ва Туркманистонро хеле ночиз баршумурда, Узбекистонро бо 0,077 балл дар зинаи 123 ва Туркманистонро бо 0 балл дар зинаи охирини 134-ум гузоштаанд.

Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ менависад, ба сурати умум, бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар соли 2016 дар 77 кишвари ҷаҳон 25 673 нафар кушта шуданд. Ин назар ба 32 600 нафаре, ки дар соли 2014 қурбони терроризм шуданд, 22 дарсад камтар аст. Аммо шумори қурбониёни ҳамлаҳои террористии созмони ДОИШ (“Давлати исломӣ”) дар соли 2016 қариб 50 фоиз афзудааст. Соли гузашта дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 9 ҳазор нафар бар асари ҳамлаҳои террористие, ки масъулияташро ДОИШ ба дӯш гирифт, ҷон бохтаанд.

Ба андешаи соҳибназарон то он замоне ки сокинон махсусан ҷавонон аз дини Ислом огоҳии комил надошта бошанду сатҳи зиндагии мардум беҳтар нашавад, бархе аз гурӯҳҳо аз ин истифода бурда метавонанд ҷавонро гумроҳ намоянд ва ба манфиати худашон истифода кунанд.  Пешгирии  шаҳрвандон  аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротгаро  на танҳо вазифаи сохторҳои дахлдор, балки ҳар як нафар низ мебошад, ки метавонад дар ин ҷода саҳмгузор бошад. 


Афзал Босолиев 

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: