Журналистские расследования Таджикистан

IWPR Tajikistan: Кто морочит голову жителям Худжанда?

13.03.2015

Указом Президента от 8  апреля 2013 года были созданы махаллинские комитеты, которые должны были решать все возникающие проблемы у жителей городов и сел. Кроме того, эта мера была призвана укрепить органы местного самоуправления. Во исполнение этого указа, мэр города Худжанда издал распоряжение от 18  июля 2013 года о создании 22 махаллинских комитетов в городе, была создана карта и даже кабинеты их председателей. Но в ходе журналистского расследования выяснилось, что спустя несколько лет эти комитеты не работают, кроме того у жителей города возникла путаница и неразбериха в вопросе, кому и за каие услуги оплачивать квитанции, махаллинским комитетам или сотрудникам ЖКХ?

Автор расследовани Афзал Босолиев, молодой журналист из Северного Таджикистана, живет и работает в городе Худжанд Согдийской области.  В 2001 году с отличием  закончил Худжандский государственный  Университет им. Академика Бободжона Гафурова по специальности журналист. Еще будучи студентом, стал сотрудничать со многими независимыми СМИ, в газетах и журналах, на радио и телевидении.  С 2009 года работал на местном телевидении «Джахоноро», где начинал с обычного корреспондента до главного редактора. С 2001 года до нынешнего времени работает на ТВ «Азия» в качестве руководителя отдела новостей. Одновременно до 2014 года являлся региональным корреспондентом республиканской газеты «Нигох» и информагентства «Tojnews». Постоянный участник тренингов IWPR. В конкурсе на лучшее журналистское расследование в 2015 году его расследование «Кто морочит голову жителям Худжанда» заняло второе место.

Представляем вниманию читателей текст расследования на таджикском языке:  

Амри президент ё мақомот???

ИҷронашуданиамриПрезидентикишварсокинонихонаҳоибаландошёнаишаҳриХуҷандромаҷбуркардааст, кибароигирифтанимаълумотномаазҷойизистҳамбаКорхонаидавлатии «Истифодабарииманзил” (ЖЭУ) ваҳамбаКумитаимаҳалламуроҷиаткунанд. Норушан будани кори ин ду сохтор дар шаҳри Хуҷанд фазоеро ба вуҷуд овардааст, ки корафтодагон бар замми овора шудан, боз чанд мушкили дигарро паси сар мекунанд.

tj7
Амри Президенти кишвар аз санаи 8-уми апрели соли 2013 дар бораи ба таври таҷрибавӣ ташкил намудани Кумитаи маҳаллаҳо ба имзо расидааст, ки ҳадаф аз он ба таври зуд ва осон ҳал кардани мушкилоти сокинони маҳалла ва пурзӯр намудани худидоракунии мақомоти маҳаллӣ арзёбӣ карда мешавад. Баҳри таъмини амри Президенти кишвар тибқи Қарори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, 22 Кумитаи маҳаллаҳо бо қарори маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд аз санаи 18-уми июли соли 2013 ташкил шуда, ҳатто харитаи Кумитаи маҳаллаҳо ва утоқи корӣ ташкил карда шудааст. Аммо ҳангоми гузаронидани тадқиқот маълум гардид, ки то ҳол кор ба таври бояду шояд дар бархе аз Кумитаи маҳаллаҳо ба роҳ монда нашудааст ва онҳо аз рӯи оинномаашон низ фаъолият намекунанд. Тибқи оинномае, ки тасдиқ карда шудааст, Кумитаи маҳаллаҳо бояд аз рӯи 7 банд фаъолият баранд, ки яке аз онҳо додани маълумотнома аз ҷои истиқомат (справка) аст. Аммо ба назар мерасад, ки ин ҳама дар рӯйи коғаз боқӣ мондааст.
Масъулин Сарқонунро сарфи назар мекунанд
Мутобиқи моддаи 24-и Сарқонуни кишвар ҳар як нафар ҳуқуқ ба гирифтани маълумотнома аз ҷои зист (справка) дорад. Аммо аксаран сокинони хонаҳои баландошёнаи соҳили рости шаҳри Хуҷанд барои гирифитани як маълумотнома якчанд мушкилро паси сар мекунанд. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд наздики 500 хонаҳои баландошёна ҳастанд, ки аз ин 294 адади он дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд ҷойгир шуда, наздики 18 ҳазор ҳуҷра дорад. Сокиноне, ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, барои гирифтани як маълумотнома аз ҷойи истиқомат аввал бояд ба Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” (ЖЭУ) оянд ва аз он ҷо бо арзиши се сомонӣ бланка харидорӣ намоянд. Баъдан онро бояд корманди нуқтаи шиносномадиҳии Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” (ЖЭУ) пур намояд ва боз ба назди раиси Кумитаи маҳалла омада, мӯҳр гиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯйи оиннома Кумитаи маҳаллаҳо бевосита метавонанд ба шаҳрвандон маълумотнома диҳанд. Ба ин нақша таваҷҷӯҳ намоед!
Ба ин нақша таваҷҷӯ намоед
tj8
Раиси кумитаи маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов мегӯяд, аз рӯи дастурамале, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дода шудааст, барои гирифтани маълумотнома аз ҷои зист сокинон бояд ҳам ба назди мо ва ҳам ба назди Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” раванд. Ӯ мегӯяд: «Аслан раиси Кумитаи маҳалла ҳуқуқ дорад ба сокиноне, ки дар маҳаллаи ӯ зиндагӣ мекунанду барои гирифтани маълумотнома аз ҷои зист муроҷиат мекунанд, бе ягон мамоният маълумотнома диҳад ва ин дар Сарқонун ҳам дарҷ шудааст, ки ҳар як нафар ҳуқуқ ба гирифтани маълумотнома аз ҷои зист дорад, аммо имрӯз ман ҳамчун раиси Кумитаи маҳалла бояд танҳо мӯҳр монаму ба китоби хоҷагидорӣ қайд намоям”.
Аввал маблағ, баъд справка
Чизи дигаре, ки аксарияти сокинонро нигарон кардааст, ин пеш аз пур кардани бланка талаб намудани маблағи хизматрасонии коммуналӣ аз тарафи Кормандони корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” аст. Шаҳрвандоне, ки барои гирифтани маълумотнома аз ҷои зист махсусан ба Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд меоянд, бояд барои гирифтани бланка аввал ба назди корманди нуқтаи шиносномадиҳии қитъаи мазкур раванд. Корманди нуқтаи шиносномадиҳӣ ӯро ба назди хазинадор мефиристад ва хазинадор аввал ба назди сармуҳосиб мефиристад, ки аз хизматрасонии коммуналӣ қарздор ҳаст ва ё не. Агар ки аз хизматрасонии комуналӣ қарздор бошад, то маблағи онро пардохт накунад, ба шаҳрванд бланкаи маълумотнома дода намешавад.
Маҳбика Турсунова, ки дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, аз чунин тарзи хизматрасонӣ зимни сӯҳбат шикоят кард. Ӯ гуфт: «Вақте ки ба фарзандам барои нав кардани шиносномааш маълумотнома аз ҷои истиқомат зарур шуд, ба Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд рафтем. Онҳо пеш аз пур кардани бланка аввал аз қарзи хонаи мо пурсон шуданд ва сармуҳосиб гуфт, ки ҳуҷраи мо дар назди идораи онҳо қарздор аст. Ин ҳуҷраро мо харидагӣ ҳастем ва 14 сол аст, ки зиндагӣ мекунем. Мо ҳайрон шудем, ки ҳар моҳ барои кадом хизматрасониашон ба ҳисоби 17 сомонӣ хонапулӣ (кварплата) диҳем. Онҳо ҳатто маблағҳое талаб доранд, ки бо қарори Суди шаҳри Хуҷанд ду сол пеш бекор карда шудааст. Ҳуҷраи моро наздики 800 сомонӣ қарздор карда, маро ба суд доданд ва вақте ман ба Иттифоқи истеъмолкунандагон дар ин бора муроҷиат кардам, онҳо ҷавоб доданд, ки аз Шумо барои маблағ талаб кардан ҳуқуқ надоранд, чунки хонаи Шумо шахсӣ аст ва агар ягон хизматрасонӣ намуда бошанд, баъд ҳақ доранд, ки аз Шумо маблағ гиранд. Баъд ин ҷавобро ба суд пешниҳод кардам ва он аз тарафи суд бекор карда шуд. Ин соли 2012 буд. Аммо имрӯз боз сармуҳосиби корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”, номаш дар ёдам нест, талаб мекунанд, ки маблағи пас аз соли 2012 ин ҷониб хизматрасонӣ намудаи онро пардохт намоем. Моҳи ноябри соли 2013 қубури обу ташноби таҳхонаи бино корношоям гардид. Барои таъмири он аз истиқоматкунандагони ду даромадгоҳи хона тақрибан аз 20 нафар дусад сомонӣ ҷамъ карданд. Танҳо расид (квитанция) дода рафтанд ва дигар ҳисобот надоданд, ки чи қадар маблағ сарф намуданду чӣ хариданд. Боз ба сармуҳосиби корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” (тибқи иттилои масъулин сармуҳисоби ин корхона имрӯз Мунаввара Мӯсоева аст), ба мо шартнома додаанд, ки бояд ба он имзо кунем, мо дигар шартнома ҳам намебандем, чунки барои таъмир ва дигар корҳо аз сокинон маблағ ҷамъ мекунанд, пас барои чӣ мо боз шартнома баста, ҳар моҳ маблағи иловагӣ диҳем, бе ин ҳам барои ҳар коре, ки мекунанд, маблағ медиҳем”.
Дар ҳамин ҳол, Хосият Комилова, сокини дигар шаҳри Хуҷанд, ки дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад, мегӯяд дар кадом асос маблағ талаб кардани хонапулиро кормандони Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд асоснок карда наметавонанд. Масалан ҳуҷраи маро, ки дар маҳаллаи 13, хонаи 25/2, ҳуҷраи 15 соли 2014 ҷойгир аст, 156 сомонӣ қарздор карданд. Сокиноне, ки дар он хонаҳо зиндагӣ мекунанд, 99 дарсадашон ҳуҷраҳоро харидаанд ва хонаҳо хусусианд. Ҳарчанд ки ман дар ин бора ба таври хаттӣ ба директори Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзили соҳил”-и рост Акрам Нурбоев мактуб навиштам, ки дар кадом асос Шумо аз ман маблағи хонапулӣ талаб мекунед, аммо онҳо ба ман ҷавоби қаноатбахш дода натавонистанд”.
— Ман дар ошёнаи 5-уми бинои 25-уми маҳаллаи 13 зиндагӣ мекунам. Вақти боронборӣ аз хонаи ман об мечакид ва доимо намӣ буд. Аз ин сабаб фарзанди дуввумам ба бемории тарбод (ревмотизм) гирифтор шуд. Барои таъмири болои бом ба Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” муроҷиат кардам. Онҳо ҷавоб доданд, ки барои таъмир маблағ надорем ва Шумо ба дигар ҷо муроҷиат кунед. Ман бо мушкилоти зиёд аз истиқоматкунандагони хона 14 ҳазору 500 сомонӣ, маблағ ҷамъ намуда, болои бомро тунукапӯш кардем. Акнун бошад, кормандони директори Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” Акрам Нурбоев ба мактуби ман ҷавоб додаанд, ки идораи мо ба маблағи 11 ҳазору 379 сомониву 60 дирам болопӯши хонаро тунукапӯш намудаанд. Пеш аз тунукапӯш намудани бино қарзи даромадгоҳи хонаи моро Акрам Нурбоев 4 ҳазору 600 сомонӣ гуфта буданд. О, ман маблағ ҷамъ карда болопӯши хонаро таъмир карда будам, ман медонам, ки чи қадар маблағ сарф шудааст, онҳо чи хел ба ман ин ҳисоботро медиҳанд, ҳайронам!? Шояд ҳамон устое, ки кор кардааст, надида бошанд, агар ки бо онҳо рӯ ба рӯ намоянд, мешинохта бошанд? Он корҳои ободоние, ки дар бино мешавад, ҳамаашро сокинон аз ҳисоби худашон мекунанд. Ман агар 15 сол ин ҷониб дар ҳамон хона зиндагӣ намоям, солҳои аввал агар ягон мушкилот мешуд, кормандони (ЖЭУ) омада бартараф мекарданд ва барои ҳар як корашон маблағашонро гирифта мерафтанд. Онҳо аз ҳисоби худашон ягон кор накардаанд,- гуфт Хосият Комилова.

tj9

Аз рӯи шартномае ки байни истиқоматкунанда ва Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд баста мешавад, онҳо бояд таъмири қубурҳои обу ташноб, кабудизоркунӣ ва таъмири болопӯши бино, нигаҳдории гирду атрофи бино ва ба монанди инҳоро иҷро намоянд. Ин хизматрасониҳо дар шартнома навишта шудаанд, аммо сокинон мегӯянд, ки чунин шартномаро дар ёд надоранд ва дидагӣ ҳам нестанд.
— Агар ягон мушкилоти барқ ва ё қубурҳои обу ташноб пайдо гардад, то аз аҳолӣ маблағ ҷамъоварӣ накунанд, кормандони ин корхона омада хизматрасонӣ намекунанд,- изҳор медоранд қаҳрамонҳои мо.
Роҳбари Иттифоқи истеъмолкунандагон дар вилояти Суғд Дилафрӯз Қаюмова баён медорад, ки муроҷиати шаҳрвандон низ солҳои ахир доир ба ин масъала ба онҳо зиёд шудааст. Дар рафти баррасии масъалаҳои шаҳрвандон маълум гардид, ки аз тарафи Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” камбудиҳо ба назар мерасанд.
Ёдовар мешавем, аз 294 биное, ки дар тарафи рости шаҳри Хуҷанд ҷойгиранд, 55 адади он аз тарози (баланс) Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” баромада, худ «Соҳибмулкони манзил”-ро таъсис додаанд. Имрӯз тибқи иттилои директори Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд Акрам Нурбоев, аз шаҳрвандон барои як метри мураббаъ 21 дирам ва аз он нафароне, ки дар хонаҳои давлатӣ зиндагӣ мекунанд, 18-дирамӣ маблағи хизматрасонии коммуналӣ, яъне хонапулӣ гирифта мешавад.
Коррупсия ва нархҳои гуногуни маълумотнома
Дигар ҷониби масъала ин пулакӣ будани бланкаҳо аст, ки барои он хазинадор 3 сомонӣ маблағ талаб менамояд. Тибқи маълумоти директори «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд Акрам Нурбоев, ин маблағ дар асоси хароҷотнома (смета), ки аз ҷониби иқтисодчии корхонаи мазкур, ки номашро нагуфт, соли 2009-ум тартиб дода шудааст. Имрӯз тибқи маълумоте, ки мегӯянд, 135 нафар коргар доранд ва маоши миёнаи онҳо 375 сомониро ташкил медиҳад. Директори Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд Акрам Нурбоев доир ба се сомонӣ арзиш доштани нархи маълумотнома аз ҷои зист гуфт, ки он бо Хадамоти зиддиинҳисории вилоят мувофиқа карда шудааст, аммо дар ин бора ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод карда натавонист ва набудани сармуҳосибашро баҳона кард ва як ҳафта интизорӣ дар ин бора бенатиҷа монд. Аммо чизи ҷолиб ин нархҳои гуногун доштани маълумотнома аз ҷои зист дар ду соҳили шаҳри Хуҷанд аст. Имрӯз нархи чунин маълумотнома дар Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили чап 1 сомониву 65 дирам муқаррар карда шудааст, вале дар тарафи рост бошад, он 3 сомонӣ аст. Мо доир ба ин масъала ба директори Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд Мираюб Иброҳимов муроҷиат кардем. Ӯ зимни сӯҳбат гуфт, ки мо ҳамасола дар охири сол нақшаи хароҷотномаро (смета) тасдиқ мекунем ва онро бо Хадамоти зиддиинҳисории вилоят мувофиқа менамоем. Аз рӯи нақшае, ки соли 2014 ва 2015 мо мувофиқа кардаем нархи як маълумотнома аз ҷои зист 1 сомонию 65 дирамро ташкил медиҳад ва ҷойи пӯшида ҳам нест, ки соҳили рост ва чапи шаҳр дар ин бора фарқ намекунад. Тибқи ҳуҷҷате, ки аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории вилоят ҳам тасдиқ гардидааст, арзиши як маълумотнома 1 сомониву 65 дирам нишон дода шудааст.
Чаро Амри президент иҷро намешавад?
Коршиноси маҳаллӣ Орифи Қодир мегӯяд, ки Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” тибқи низомнома ва қарорҳои мавҷудаи имрӯза як субъекти алоҳида дар дохили Кумитаи маҳаллаҳо бояд боқӣ монад. Он маҳаллаҳое, ки нав ташкил шудаанд ва ё он ҷое, ки пештар ЖЭУ фаъолият мекард, онҳо дар тобеияти Кумитаи маҳаллаҳо дохил шудаанд. Он корҳое, ки Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” мекарданд, аз қабили нигаҳдории хонаҳои баландошёна ҳанӯз ҳам фаъолияташонро идома медиҳанд, лекин дар зери итоати Кумитаи маҳаллаҳо ҳастанд. Ин як нав корхонае ҳаст, ки бояд ба он хонаҳое, ки дар Кумитаҳои маҳалла ҷойгир шудааст, хизмат расонад. Яъне шаҳрванд ба Кумитаи маҳалла доир ба таъмири бино, барои нигаҳдории худи бино, даромадгоҳҳо ва дигар масъалаҳо муроҷиат мекунад ва онҳо бояд ҳамин корро анҷом диҳанд. Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” пештар мустақилона ин корро мекард ва тамоми салоҳият ба зиммаи худашон буд. Дар як вақт ҳам вазифаи Кумитаи маҳалла ва ҳам Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”, яъне идораи хизматрасониро иҷро мекарданд. Аслан бояд аз рӯи қонуну мантиқ ҳамин гуна мешуд. Аз ин беш салоҳият нигаҳдорӣ, додани маълумотномаҳо, идоракунӣ ва тамоми сохтори роҳбарикунандаи идора бояд дар ихтиёри Кумитаи маҳаллаҳо бошад”.
Ҳуқуқшинос Садриддин Саидов мегӯяд, маълумотнома аз ҷои истиқомат аз ҷониби Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”, ки дар асоси шартнома ба аҳолӣ хизмат мерасонад, дода мешавад.
— Дар ҳолати талаб намудани маблағ барои маълумотнома аз ҷои истиқомат, бояд пурсид, ки барои додани маълумотнома пардохт муайян шудааст ё не? Агар муайян шуда бошад, бояд нархномаи он аз тарафи мақомоти давлатӣ тасдиқ карда шавад, баъдан мутобиқи он бояд шаҳрванд маблағи пешбинишударо барои гирифтани маълумотнома пардохт намояд ва ҳангоми пардохт расид (квитансия) талаб намояд. Бояд қайд намуд, ки агар шаҳрванд аз хизматрасонии коммуналӣ қарздор бошад, ин асос барои надодани маълумотнома аз ҷои истиқомат ва рад кардани он шуда наметавонад. Ҷамъоварии қарзи хизматрасонии коммуналӣ дар асоси шартномаи байни Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил” ва шаҳрванд сурат мегирад. Дар сурати пардохт накардани маблағи хизматрасонӣ он тариқи мақомоти судӣ руёнида мешавад,- илова кард Садриддин Саидов.
Бояд қайд кард, ки аз фаъолияти Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил”-и соҳили рости шаҳри Хуҷанд натанҳо корафтодагон қаноатманд нестанд, балки ин корхона дар рӯйхати қарздорҳои Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ аст, ки қарзи ҳозираи он ба 3 431 746 расидааст. Барои боварӣ ҳосил кардан метавонед аз ин сомона маълумотро пайдо кунед: http://www.andoz.tj
Афзал БОСОЛИЕВ
 

Последнее

Популярное