© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR Tajikistan: Дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбиро баррасӣ менамоянд

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”  дар ҳамдастӣ бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ,  рӯзи 01 июни соли равон мизи гирди навбатиро дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ”  дар  минтақаи Рашт доир намуд.

Дар ин мизи гирд намояндагон аз сохторҳои марбути Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Рашт, Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ ширкат намуданд. Иштирокчиёни мизи гирд аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки рӯз то рӯз зиёд шудани худкушӣ байни наваскарон ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо, боиси он гардидааст, ки ҷавонон бо роҳҳои гуногун аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд, ё саркашӣ мекунанд.

image006Қобилбек Холибеков,  намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қайд намуд, ки “содиршавии ҷиноятҳои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба лату кӯби сарбозон мансубият дорад, метавонад ба ҳолати рӯҳӣ – равониву ҳайёти шахсӣ зарари манфӣ расонида, обрую нуфузи хизмати ҳарбиро дар назди ҷомеа коста гардонад”. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки “дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар самти мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва пешгирӣ намудани ҳамагуна қонуншиканиҳо дар давраи таҳлилии соли 2016 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, сатҳи содиршавии ҷиноятҳои марбут ба вайрон кардани қоидаҳои муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки ба лату кӯби сарбозон мансубият дорад, ду баробар кам гардидааст, ки ин ҳоло ҳам моро қонеъ гардонида наметавонад”.

Ба ақидаи Собирзода Идибек, Прокурори ҳарбии гарнизони Рашт, “сабабҳои асосии даст ба ҷиноят задани хизматчиёни ҳарбӣ дар паст будани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ хунукназарона муносибат намудани афсарон ва командирони хурд ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор кардани қонунвайронкуниҳо аз ҷониби зертобеони худ, нагузаронидани сӯҳбатҳои инфиродӣ бо онҳо, хабардор набудан аз мушкилоти хизматӣ ва шахсию оилавии сарбозон, набудани ҳамкорӣ бо волидайни онҳо ифода меёбад”. Мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сабаби  идома ёфтани чунин ҷиноятҳо пинҳон намудани ҷинояткорӣ аз тарафи командирони зинаҳои гуногун мебошад, ки ин ҳам ба хотири зери танқид қарор нагирифтани онҳо аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳои ҳарбӣ аст.

image007Сӯҳроб Собиров, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, дар мавриди такмили қонунгузорӣ оид ба хизмати ҳарбӣ сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки “ҳатто дар сурати мавҷуд будани муқаррарот оиди ҳуқуқвайронкунии мазкур дар қонунгузорӣ шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ барои маҷбуран овардани шаҳрванд ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои таъмини қарзи ҳарбии шаҳрвандӣ ҳуқуқ надоранд”.

Бо мақсади пешгирӣ аз худкушии наваскарон ва поймол шудани ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ғайриқонунӣ ҷалб шудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иштирокчиёни мизи мудаввар як қатор тавсияҳо таҳия карданд, ки барои баррасии минбаъда ба мақомоти дахлдор, сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва донорҳои байналмилалӣ,  фиристода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки чунин мизи гирд моҳи марти соли равон дар вилояти Суғд гузаронида шуд. IWPR нақша дорад, силсиламизҳои гирдро дар шаҳрҳои  Қўрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва Душанбе низ, баргузор намояд.

Мизи гирди мазкур дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: