Журналистские расследования Таджикистан

IWPR Tajikistan: Почему автодорога Айни – Пенджекент построена не так, как указывал президент? Кто собирается нажиться на этом строительстве?

27.08.2015

Ё кӣ мехоҳад аз пушти ин роҳ маблағи муфт ба даст орад?
Санаи 27-уми октябри соли 2012, бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маросими таҷдиду азнавсозии  роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент оғоз гардид.

Хуршед ФозиловАвтор расследования Хуршед ФозиловВыпускник Таджикского государственного национального университета по специальности инженер-метеоролог начал сотрудничество со средствами массовой информации с 2006 г. (еженедельники “Варзиш – Спорт”, “Сим — Сим»…). Одно время Хуршед также работал в качестве репортера в частной телекомпании ТВ “Симо” г. Пенджекента на севере Таджикистана. В настоящее время Хуршед Фозилов является корреспондентом еженедельной газеты “СССР” в Зеравшанской долине.  Постоянный участник тренингов IWPR по журналистским расследованиям. 

Представляем вниманию читателей текст расследования на таджикском языке:

Он вақт сарвари давлат дар баромади худ ба мардум изҳор намуда буд, ки бо кўмаки Бонки Осиёии Рушд, ки ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣгрант ҷудо намудааст, ҳамчунин бо кӯмаки ҳукумати кишвар роҳи мазкур азнавсозӣ мегардад. Лекин мушоҳидаҳо ва тадқиқоти  мо нишон дод, ки дар сохтмони роҳи Айнӣ – Панҷакент, як қатор камбудиҳо ҷой доранд, ки онро ба гуфтаи баъзе аз соҳибназарон «азхудикунии маблағҳо»  номидан шояд дуруст бошад. 

Барои исботи гуфтаҳои хеш аввал қисме аз матни баромади Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон,  дар оғози роҳи мазкурро меорем, ки ҳанӯз 3 сол пеш қироат шуда буд. 

— Таҷдиди роҳи мазкур, ки 114 километрро дарбар мегирад, мантиқан идомаи шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд- Бўстон — Чанак бо масофаи зиёда аз 350 километр маҳсуб мешавад. Таҷдиду бозсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент дар навбати аввал баҳри беҳбудии шароити зиндагии сокинони водии Зарафшон ва рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи фарохдоман ва таърихиву бостонии кишварамон нигаронида шудааст. Пешбинӣ гардидааст, ки азнавсозии пурраи роҳи мазкур дар мӯҳлати ду-се  сол ба маблағи умумии 650 миллион сомонӣ, яъне қариб яксаду чил миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расонида мешавад.

Бар асоси нақшаи пешбинишуда, паҳнои роҳи таҷдидшаванда аз 12 то 15 ва дар дохили шаҳри Панҷакент 20 метрро ташкил дода, ҳаракати чорқатораи нақлиёт ва сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ таъмин карда хоҳад шуд.

Инчунин сохтмону барқарорсозии 31 адад пул бо масофаи қариб 900 метр, таъмири 60 километр роҳҳои маҳаллӣ, чароғон намудани 41 километр роҳи маҳалҳои аҳолинишин ва хариди техникаву таҷҳизоти нигаҳдории роҳ ба маблағи 12 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Омили дигари муҳим ин аст, ки дар ин иншооти бузург дар қатори мутахассисони роҳсози Ҷумҳурии Мардумии Чин то 500 нафар сокинони маҳаллӣ давоми 2-3 соли оянда бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Бинобар ин, Вазорати нақлиёт, сохтору мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Айниву Панҷакент вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати иҷрои сифатноки корҳои сохтмониву барқарорсозӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъмиру таҷдид намудани шоҳроҳи мазкур дар ҳамкорӣ бо роҳсозон чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки масъалаи сифати корҳои сохтмониро мунтазам зери назорат қарор диҳанд – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш.

Баромади пурра дар сомонаи «Ховар» мавҷуд аст:
 
Ба иттилои мав
ҷуда, тендери сохтмони роҳро, ширкати чинии «Синьцзян-Бейсин Лтд», ки пудратчии корпоратсияи «China Road and Bridges» будааст, ба даст оварда, корҳои сохмониро расман аз  27-уми октябри соли 2012 иҷро намуда истодааст.

Тибқи сомонаи ин ширкат,  (http://www.crbc.com/site/crbcEN/index.html) «China Road and Bridges» яке аз 4 ширкатҳои бузурги купруку роҳсозии давлати Хитой маҳсуб гардида, дар зиёда аз 50 давлати дунё фаъолият доштааст. 

То ба имрўз қисми зиёди корҳои сохтмонӣ, аз қабили мумфарши дуқабатаи роҳ, сохтани якчанд пулҳо,  дар роҳи мазкур ба анҷом расидааст, вале чи тавре сарвари давлат қайд намуда буд, ки паҳнои роҳ берун аз шаҳр бояд аз 12 то 15 меттро ташкил диҳад, дар ягон мавзеъ чи хеле мо мушоҳида намудем, ҳатто 12 метр паҳноии роҳ дида намешавад.  Яъне  дар ягон мавзеи берун аз шаҳр, паҳноии худи асфалт бе назардошти паҳлӯ (обочина) ё мумфарши пурра, асфалт на 12 метр балки 7-8 меттро ташкил медиҳад. (Ба аксҳо нигаред)
Ҳамчунин, дар баъзе мавзеъҳо ба хусус  дар деҳаи Сўфиён воқеъ дар километри 85 +100-уми роҳи Айнӣ – Панҷакент гардишҳои хеле хатарнок сохта шудаанд, ҳол он ки дар ин ҷойҳо хонаҳои мардум барканда шудаанд ва мешуд, ки барои беҳтар кардани ин гардишҳо чораандешӣ намуд. Ба замми ин дар ин ҷой роҳи пиёдагузар низ мавҷуд нест ва тасаввур кунед, ки дар гардиши хавфнок эҳтимоли садамаҳо бо нақлиёт ва пиёдагардон зиёд вуҷуд дорад – гуфт як нафар аз  коршиносони маҳаллӣ Шоҳин Облоқулзода.

АРЗИ ҲАЗОРҲО НАФАРРО КӢ МЕШУНАВАД?

Ин мушкилиро ба Исмонқул Шоқулов, директори маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо санаи 28-уми апрели соли равон дар як вохўрӣ дар Панҷакент  баён доштем, аммо ў иброз намуд, ки ин кор, яъне сохтани роҳи пиёдагузар «дар лоиҳа нест» ва дар сурати пайдо шудани маблағ мешавад онро бартараф кард. Ҳамчунин боиси қайд аст, ки назар ба гуфтаи сокинони деҳаи дашти Қозӣ, ки ин деҳа дар километри 45-уми қисмати шимолу шарқии Панҷакент ҷойгир аст, аллакай дар ин ҷо бо сабаби набудани роҳи пиёдгард, як нафар аз сокини ин деҳа Шарбону Муҳаммадиева бар асари садамаи нақлиётӣ, cанаи 15-уми феврали соли ҷорӣ  фавтидааст. Сокинон шикоят аз он доранд, ки дар деҳаи онҳо аз чи сабаб бошад, ки на роҳи пиёдарагд ва на новаҳои обгузар вуҷуд надорад ва сабаби сохта нашудани онро ҳам касе аз масъулини роҳ ба онҳо шарҳ надодааст. 

Онҳо мегӯянд, вобаста ба ин мушкилот бо имзои 170 нафар истиқоматкунандагон ба ҳукумати шаҳри Панҷакент аз санаи 07.04.2015 барои чораҷӯйӣ нома ирсол доштаанд, вале то ба имрўз аз ҷавоби нома дараке набудааст.

Дар ҳамин ҳол номаи шикоятие ба намояндагӣ аз номи 2789 нафар интихобкунандагони деҳаи Ғўсар бо имзои вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Панҷакент, М. Дўстбоев, раиси ветеранҳои ҷангу меҳнати Лоиқ Шералӣ, М. Муҳаммадиев ва раиси ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, А. Аёзова таҳти рақами №Д-1432 аз 23.04.2015 ба ҳукумати шаҳри Панҷакент ирсол шудааст, ки нусхаи он ба дасти мо ҳам расид. Дар нома гуфта мешавад, ки:
“…Мутаасифона аз тарафи менеҷери лоиҳаи таҷдид ва анзавсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент, Раҷабов Анзур, ки бевосита барои сохтмони босифат ва ба талаботу меъёрҳои роҳсозӣ мувофиқ намудани роҳ, шахси масъул ва ҷавобгар мебошад, хунукназарона рафтор намуда истодааст, ки бар хилофи таъкидҳо ва сиёсати созандаи сарвари давлат мебошад.

Дар асоси меъёрҳои роҳсозӣ, ҳангоми сохтмони роҳ, сараввал бояд роҳравҳои пиёдагард (тротуар), ҷўйборҳои оҳану бетонӣ (лоток) ва дигар иншоотҳои ёрирасон сохта шаванд. Афсўс дар деҳаи Ғўсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ин талаботҳо аз тарафи роҳбарони роҳсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент дағалона вайрон шуда истодааст. Бар замии ин дар километрҳои 71 ва 72-и роҳи Айнӣ – Панҷакент, баромадгоҳи деҳаи Ғўсар, 2 қубури калонҳаҷми селпарто бидуни ҷўйборҳои оҳану бетонӣ сохта шуда, маҷрои селпартои якум ба ҳавлии шаҳрванд, Ҷабборов Матлаб ва селпартои дуюм ба сехи коркарди шароби ҶДММ “Парандис”, ки дар шафати роҳ ҷойгир аст, равона карда шудааст. Ҳангоми омадани сел ба хонаи шаҳрванд Ҷабборов ва когоҳи истеҳсолӣ зарари калони молиявӣ расонида мешавад ва ба талафоти ҷони низ оварда расониданаш мумкин аст”.

Дар ин нома ҳамчунин сухан аз боби он меравад, ки ҷўйборҳои оҳану бетонӣ танҳо то километри 71,54 васл карда шудаасту халос. Аз нуқтаи мазкур то километри 73,4 на ҷўйборҳои оҳану бетонӣ васл шудаанду на роҳравҳои пиёдагард мавҷуданд.

Воқеъан дар масъалаи роҳҳои пиёдагузар низ  камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Як қисми ин роҳҳоро аллакай худи мардум бо ҳашар бунёд намуданд. Сокинони маҳаллаҳои Самарқандӣ, Рўдакӣ, Зардолузор, Сои мисрак, Гулистон ва дигар маҳаллаҳои шаҳр дар ин ҳашарҳои дастаҷамъона, бо сарварии раисони маҳаллаҳо ҳар ҳафта рўзҳои шанбе ва якшанбе ширкат намуда, роҳҳои пиёдагузари маҳаллаҳои хешро тахту ҳамвор менамуданд ва дарахтони сояафкану арчаҳо мешинонданд. Ба гуфтаи чанде аз раисони маҳаллаҳо, ки нахостанд номашон зикр гардад, миқдори ҳашарчиён дар як рўз аз 10 то 20 нафар ташкил мекард.

Масалан, сокинони маҳаллаи Рўдакии шаҳри Панҷакент мегўянд, аз аввалҳои моҳи март то ба имрўз, тариқи ҳашар роҳравҳои маҳаллаи хешро тахту ҳамвор намуда, ба истилоҳ аз сари нав бунёд карда истодаанд. (Нигаред ба аксҳо)
Ин ҳам ҳамин ҳолест, ки  ин роҳравҳо бояд аз рўи барнома ё лоиҳа бунёд мешуданд. Инҷо саволе ба миён меояд, ки агар барои сохтани роҳи пиёдагузар аз Вазорати нақлиёт маблағ ҷудо шуда бошад, пас чаро ин корҳоро мардум бо роҳи ҳашар анҷом медиҳанднд? Оё ба ҳашарчиён ҳаққи хизматашон пардохт карда мешавад? Ин саволест, ки бояд масъулин роҳи Айнӣ – Панҷакент ба он посух диҳанд.
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала, ба намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон тариқи телефонӣ ба рақами 221-05-58 муроҷиат намудем. Хонуме гўширо бардошта, пас аз шунидани матлаб, моро бо масъуле пайваст кард, аммо ин нафар, баъди мақсади моро шунидан, гуфт ки агар ягон арзу шикоят ё эрод дошта бошед ба вазорати нақлиёт муроҷиат кунед. Аммо ин нафар аз овардани ному насабаш худдорӣ намуд.??? 

КӢ РОСТ МЕГЎЯД: РАҶАБОВ Ё ШОҚУЛОВ?

Агар чи мо борои посух гирифтан ба ин савол ба Вазорати нақлиёти ҶТ  муроҷиат намудем, вале ҷои вазорат ба мо аз маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои ҶТ ба ин саволи мо бо имзои директори иҷроия И Шоқулов аз 13.02.2015 №132 чунин посух доданд: “…Роҳҳои пиёдагард ва бо истифода аз имконият тасмахати кабудизоркунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ба инобат гирифта шудааст”.
Ин ҷавоб шарҳи пурраи суолҳои моро рўшан насохту боз ҳамчун як муаммо боқӣ монд.

Дар баробари ин проблемаи дигаре, ки дар роҳи мазкур ҷой дорад, ин ба гуфти сокиноне, ки хонаҳояшонро ба хотири васеъ намудани роҳ тахриб намудаанд,  напардохтани ҷуброни зарар будааст. Аммо, тибқи дархости мо, дар ҷавобияе, ки аз маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои ҶТ таҳти рақами №132 аз 13.02.2015 ба дасти мо расид, гуфта мешавад, ки: “Дар рафти татбиқи лоиҳа барои ҷудо намудани қитъаи замин ва кўчонидани аҳолӣ нақшаи ҷудо намудани замин ва кўчонидани аҳолӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардида, бо Бонки Осиёгии Рушд мувофиқа шудааст, ба роҳбарӣ гирифта мешавад. Барои хоҷагиҳои ҳамшафати роҳ, ҳангоми таъсир дидани бинову иншоотҳо, заминҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда ва тиҷорат, ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад. Маблағи ҷуброн аз рўи ҳаҷми бинову иншоотҳо ва масолеҳи сохтмонии истифодашуда, масоҳати замини кишоварзӣ ва навъи маҳсулот, шумора, сол ва навъи дарахтони мевадиҳанда, даромади солона (таъсир дидани нуқтаи тиҷоратӣ аз ҷониби Нозироти андози минтақа даромади солона муайян карда мешавад.

“Ҳангоми татбиқи лоиҳаи таҷдид ва барқароркунии роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ўзбекистон, дар ҳолати имрўза 10 (даҳ) хоҷагии таъсирдида, муайян карда шуда, мувофиқи ҳаҷми таъсири расонидашуда, дар ҳаҷми умумии 623 643 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт карда шудааст” – ин ҷавобест, ки бо мо имзои Шоқулов Исмонқул директори маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳоо аз санаи 13.02.2015 таҳти рақами 132 ба дасти мо расидааст. Вале дар ҳамин ҳол рўзи 28-уми апрели соли равон, ки ҷаноби Шоқулов Исмонқул барои дидани ҳолати роҳи мазкур ба Панҷакент ташриф оварда буд бо ӯ ҳамсўҳбат шудем. Ҳангоми сўҳбат аз ў бобати гирифани ҷубронпулӣ ба 10 нафар зарардидагон, ки дар номааш оварда буд, бори дигар пурсон шудем. Мусоҳиби мо Исмонқул Шоқулов оиди ин ҷавоби номаи хеш гуфт, инро масъули вижа тартиб додаасу ў метавонад ба ин савол ҷавоб гўяд. Аммо ному насаби масъулро наовард.

Аммо менеҷери роҳ Анзур Раҷабов, бошад, дар мавриди тахриби хонаҳо ҳангоми сўҳбат ба мо гуфт, ки то имрўз 73  манзили зисти мардум вайрон шуда, ҳамаашон ба гуфтаи ӯ ҷуброни хешро гирифтаанд. Вале ба суоли мо, ки ба чи миқдор маблағ ба ин нафарон пардохт шудааст, вай гуфт, ин кори Ҳукумат, вазифаи Ҳукумат на вазифаи лоиҳа! Магар Вазорати нақлиёт тобеъи Ҳукумати кишвар нест, ки ҷаноби Анзур Раҷабов чунин посух мегўяд?

Вале дар ҳамин ҳол бархе аз сокинон мегўянд, ки ба ҷуз Ҳукумати шаҳри Панҷакент ба хусус, раиси собиқи он Хисрави Абдуназар замини наздиҳавлигӣ ваъда кардаанд, дигар барояшон ҳеҷ гуна ҷубронпулӣ ва ҳеҷ кўмаке нарасондаанд. Аммо ҷониби ҳукумат мегўяд: Онҳое, ки манзилашон тахриб шудааст, дар солҳои пеш, ҳангоми васеъ намудани роҳ ҷуброн гирифта будаанд ва мебоист ин хонаҳои хешро гузошта, ба он мавзеъҳое, ки ҳукумати вақт ҷудо намуда буд мерафтанд. Барои исботи ин гуфтаҳояшон масъулини ҳукумат ба мо  танҳо бо як нивиштаи бе мўҳру имзо ҷавоб доданд, ки матнаш чунин аст: “Тибқи қарорҳои комитети совети депутатҳои халқии шаҳри Панҷакент аз 04.02.1982 №35 аз 05.01.1982 №12, аз 06.05..1982 №159 аз 01.11.1983 №444, аз 18.03.1985 №72 аз 17.04.1986 №153 аз 19.02.1987 №38, аз 15.03.1984 №97, аз 09.02.1989 №37, ба 65 нафар соҳибмулкони биноҳои хиёбони Рўдакӣ (собиқ Ленин) ба 65 нафар пурра ҷубронпулӣ аз 102 рубли шўравӣ то 18127 рубли шўравӣ пардохт гардидааст”.

ПРЕЗИДЕНТ: ДАР ПАНҶАКЕНТ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӣ СОХТА МЕШАВАД!
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ: ДАР ЛОИҲА НЕСТ!

Саволи асосӣ ин аст, ки чаро дар Панҷакент гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта нашуданд? Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти кишвар зимни суханрониаш гуфта буд, ки сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ таъмин карда хоҳад шуд. Иҷро накардани гуфтаҳои сарвари давлат чӣ маъно дошта бошад ва ки дар садри ин «гапногирӣ» меистад? Вазорати нақлиёт, роҳсозони ширкат, институти лоиҳакашӣ ё каси дигар?
Агарчи мо барои рўшанӣ андохтан ба ин мушкилот ба Вазорати Нақлиёт, менеҷери роҳ Анзур Раҷабов ва мутахасисони ин соҳа дар шаҳри Панҷакенту ҳукумат муроҷиат намудем, вале онҳо бо баҳонаҳои гуногун аз шарҳи иҷро нашудани дастури Президенти кишвар  худдорӣ мекарданд. Ё бо баҳонаи гўё, ки дар лоиҳа ин нуқта ба инобат гирифта нашудаасту маблағ барои сохтомони роҳи зеризаминӣ низ ҷудо нашудааст, он сохта намешавад мегуфтанд.

Масалан дар ҷавоби Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, бобати сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо имзои Исмонқул Шоқулов аз 13.02.15 омадааст, ки: тибқи лоиҳаи пешакӣ сохмони гузаргоҳи зеризаминӣ ба нақша гирифта нашудааст. Ҳамчунин ҳангоми сўҳбат бо Анзур Раҷабов менеҷери роҳи мазкур дар санаи 8.04.15 низ ҳамин баҳона зикр гардид. Яъне ҷавоб яктост: «дар лоиҳа нест ва маблағ ҷудо нашудааст!»

Ин дар ҳолест, ки шаҳри Панҷакент имрўз дар миқёси вилояти Суғд, аз рўи теъдоди аҳолӣ дар ҷойи дуввум қарор дорад. Тибқи маълумотҳои омории моҳи январи соли 2015 аҳолии шаҳр зиёда аз 271 000 нафарро ташкил медиҳад  ва табиист, ки рафтуомад ва ҳаракати нақлиёту одамон низ дар ин шаҳр нисбатан зиёд аст. Аз ҷумла дар ин бобат яке аз муҳандисон Аҳмадҷон Восеҳзод дар умури роҳсозӣ ва васоити нақлиёт, ки чанде қабл сўҳбат доштем  гуфт:
«Ман худ бар он мушоҳидаам, ки мавзеъҳои назди бозорҳои марказии шаҳр ва «Гулистон», назди беморхонаи марказӣ, мавзеъи назди «Дарвозаи Бухор» аз ҷойҳое мебошанд, ки ҳаракат ва гаштугузори зиёди одамон ва нақлиёт ҳамарўза сурат мегирад ва маҳз дар ҳамин мавзеъҳо бинобар набудани роҳи зеризаминӣ ё ҳавоӣ  садамаҳои нақлиётӣ зиёд ба вуқӯъ мепайванданд. Дастандаркорон, ба гуфтаи ҷаноби Восеҳзода, мебоист ҳангоми таҳияи лоиҳа ва таҷдиди роҳи мазкур таври ҳатмӣ бояд ин ҳолатҳоро ба назар мегирифтанд. Онҳо бояд убуру мурури зиёди нақлиётро, ки дар ин мавзеъҳо мавҷуд аст, ба инобат гирифта, сохмони роҳи зеризаминӣ ё ҳавоиро ба лоиҳа ворид мекарданд. Дар он сурат садамаҳои нақлиётӣ дар ин мавзеъҳо аз байн рафта, бехатарии одамон ба хусус кӯдакон таъмин мегардид.

Ба гуфтаи ў агар дар ин мавзеъҳо гузаргоҳои зеризаминӣ сохта мешуданд, дар натиҷа на танҳо бехатарии пиёдагардон таъмин, балки дар ин ҷо даҳҳо мағозаҳои тиҷоратӣ, дӯконҳо бунёд ва даҳҳо нафар бо ҷои кор таъмин мегардиданд.
Бо назардошти ҳамин ҳолатҳо мебоист ақалан дар ҳамин ҷойҳо гузаргоҳҳои зеризаминӣ ё лоақал роҳҳои ҳавоии рўизаминӣ  бунёд мегардид. Аммо сабаби бунёд нагардидани ин гуна роҳҳоро менеҷери роҳи Айнӣ – Панҷакент, Анзур Раҷабов дарҷ нашудан дар лоиҳа дониста, мегўяд, ингуна роҳҳо сохта нахоҳанд шуд.
Ҳамроқул  Ёров,  сокини дигари шаҳри Панҷакент, ки худ ронада аст мегўяд: “айни замон ҳамарўза дар назди бозори марказӣ, бозори «Гулистон», мавзеъи «Дарвозаи Бухор» ва назди беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, бахусус субҳ ва бегоҳ ба ҳангоми аз корбароӣ дар ин ҷойҳо нақлиёти зиёд ҷамъ омада, ҳаракати онҳо хеле душвор мегардад. Ин боиси асабонияти ронандагон ва пиёдагардон шуда, баъзан мошинҳо ба ҳамдигар бармехўранд”.
Ҳол он, ки дар назди бозори «Гулистон» ва бозори марказӣ, ду мактаб фаъолият дошта, теъдоди зиёди хонандагон дар он таҳсил мекунанд. Табиист, ки ин хонандагонро ҳангоми ба мактаб омадан хатари зиёд ҳангоми гузаштан аз роҳ таҳдид мекунад. Борҳо шудааст, ки тибқи нишондоди омори расмии БДА маҳз дар ҳамин қитъаҳо садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва бархўрдани мошин бо одамон ба вижа хонандагон ба миён омада, боиси фавти чанд нафар гардидааст. Аммо дар ин бобат арқоми расмиро вақти аз кормандони БДА-и шаҳри Панҷакент пурсон шудем, онҳо агарчи таъйид намуданд, ки дар ин қитъаҳо чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд, вале аз овардани арқом ё омори дақиқ худдорӣ намуданд.
Масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент, аз ҷумла муовини аввали раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафаров дар бобати вайрон шудани баъзе талаботҳои роҳсозӣ дар роҳи Айнӣ – Панҷакент ҳамин қадар гуфт, ки мо камбудиҳоро бо муовини вазири нақлиёт ҷаноби Мирзоев баён доштем ва протоколи вижае барои рафъи камбудиҳои ҷодошта бо имзои 19 нафар мутахассисону масъулин тартиб додем.
Роҳи мазкур бо маблағи зиёда аз 114 миллион доллари амрикоӣ таҷдиду азнавсозӣ мегардад, бояд бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон босифат ва мувофиқи талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ  ин масир  сохта шавад. Аммо чуноне ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, агарчи барои 1 км-и роҳ маблағҳои ҳангуфт масраф мегардаду сарвари давлат бунёди гузаргоҳҳои зеризаминиро тибқи нақшаи пешбинӣ шуда, дар нутқи хеш баён дошта буд, мутаасифона то ба имрўз иҷро нагардид.
Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон ҳоло ҳам дер нашудааст, ки нуқсонҳои ҷодоштаро масъулин бартараф намоянд. То ин ки роҳи мазкур, ки ба гуфтаи раиси ҷумҳур бояд 50 сол хизмат кунад, босифати баланду ҷавобгӯи талаботҳои ҳам мардум ва ҳам меъёрҳои ҷаҳонӣ бошад. Шояд баъди хондани ин таҳлилҳо Вазорати нақлиёт ва масъулини роҳи мазкур, ки аз ҷониби ин ниҳод таъин шудаанд ва имрўз назорату сифат ва таҷдиди роҳро ба зима доранд, ба хулосае биёянд.
“ЭКОНОМ”Ё «ҒАСБ»-И 100 000 СОМОНӢ ФАҚАТ АЗ ҲИСОБИ ЛОТОК
Дар ҳамин ҳол як тан аз коршиноси маҳаллии соҳаи роҳсозӣ, ки нахост номаш оварда шавад, зимни сӯҳбат ба мо зиёда аз 10  камбудиҳои ҷиддии ҷойдоштаро дар таҷдид ва анзавсозии роҳи Айнӣ – Панҷакент  баён дошт:

1.    
 То имрўз ягон купруки сохташуда, ба меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгў набуда, баъзе аз ин пулҳо панҷара надоранд. Қисми дигари купрукҳо васоити ҳимоякунада аз селро надоранд, ки ин дар сохмони купрукҳо ҳатмӣ мебошад.

2.    
Сохтмони роҳҳои пиёдагузар то ба ҳол, бо баҳонаи набудани маблағ оғоз нагардидааст. Ҳол он ки тибқи лоиҳа, ин кор вазифаи ҷонии Анзур Раҷабов – менеҷери роҳи Айнӣ — Панҷакент аст.

3.    
Сохтмони 28 адад қисмҳои пайвастшавии роҳи магистралӣ бо кӯчаҳои дуюмдараҷа оғоз нашудааст. Тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ ва роҳсозӣ, пайванди кӯчаҳо бо роҳи магистралӣ аз 30 то 50 метрро ташкил дода, дар баробари омода шудани роҳ ин амалиёт низ бояд ба анҷом расонида мешуд.

4.    
Дар маркази шаҳр, 91 адад пулҳои майдае, ки болои лотокҳо гузошта шудаанд, аз сатҳи роҳ 10 то 12 см баланд будаанд, ки он хилофи қоидаҳои роҳсозӣ ва лоиҳа аст.

5.    
Дар мавзеи (пикети) 90+600-и роҳи Айнӣ – Панҷакент, дар масофаи 300 метр обочина ё паҳлўи роҳ вуҷуд надорад. Ин метавонад ба он оварда расонад, ки дар ин қисми роҳ мошинҳои гаронвазн агар таваққуф фармоянд ва ё убур кунанд, метавонанд ин роҳро тахриб созанд, ё ба нишебӣ сарозер шаванд.

6.    
Дар ҳамин мавзеъ, лоток ё новаҳо барои оби полезӣ насб шуда бошанд ҳам, вале онҳо пасту баланд буда, дохилашон об намедарояд ва ин боиси он  шудааст, ки 4 Га заминҳои обӣ лалмӣ гардад.

7.    
Бинобар сохта нашудани тамбадевори бетоние, ки дар пикети 91+200 ҷойгир буда, тибқи протоколи №2 аз 08.05.2015 бо ширкати муовини вазири нақлиёти ҶТ Мирзоев ба пудратчӣ ширкати “Синцзиан Бейсинг”-и Чин вазифагузорӣ шуда буд, корҳои насби хати алоқа ба итмом нарасидааст.

8.    
Дар ҳудуди деҳаи Тошмунори ҷамоати деҳоти Чинор агарчи корҳои мумфаршкунӣ ба анҷом расидааст, лекин ба масофаи 1100 метр лотокҳои обгузари бетонӣ хобонида нашудааст ва ба ҳамин миқдор лотокҳо умуман иваз карда нашудаанд. Ин ба ҳисоби миёна зиёда аз 100 00 сомонӣ маблағро ташкил медиҳад, ки он сарфа шудааст.

9.    
Тибқи  пункти 31-уми протоколи №2 аз 08.05.2015 бояд дар Ҷ/Д Саразм корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи Саразм тезонида мешуд, вале то ба ҳол ҳеҷ ягон кор дар ин мавзеъ оғоз нашудааст. Ин дар сурате, ки тибқи протокол корҳои дидбонгоҳи мазкур то 20.05.2015 бояд анҷом меёфтанд.

10. 
Масъалаи 1670 метр лӯлаҳои калонҳаҷми оби ошомиданӣ, ки тибқи протокол бояд ба корхонаи обтаъминикунии шаҳр ҷудо мешуд, то кунун ҳалли худро наёфтааст. Ин боиси корҳои насбу гузаронидани хати об нотамом боқӣ мондааст. Ин масъала бояд то санаи 15-уми майи соли 2015 тибқи протокол ба анҷом расонида мешуд.

Ҳамсӯҳбати мо баъди ин мисолҳоро овардан гуфт, ман танҳо ҳамчун як мутахасис чанд нуқсони ҷиддиро номбар кардам, вале дар масофаи беш аз 100 километри ин роҳ садҳо камбудиву нуқсонҳои дигар мавҷуданд, ки зарари онҳо ҳазорҳо сомониро ташкил медиҳад.
 
 

Последнее

Популярное