Без рубрики

IWPR ғолибони озмуни миллии беҳтарин таҳқиқоти журналистиро дар Тоҷикистон эълон намуд

20.12.2016

Намояндагии Институти инъкоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон санаи 16 уми декабри соли равон, дар ҳузури намояндагони ВАО, мудофиёни ҳуқуқи инсон, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ғолибони озмуни миллии беҳтарин таҳқиқоти журналистиро бо дипломҳо, мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Дар озмуни имсолаи “Таҳқиқоти журналистӣ”,  9 нафар хабарнигорони расонаҳои маҳаллию байналмиллалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ соҳиби ҷоиза гардиданд.  

IWPR дар Тоҷикистон аз соли 2012,  ба рушди жанри таҳқиқоти журналистӣ шурӯъ намуд, ки он вақт аз ҷониби Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда буд. Ҳарчанд лоиҳа хеле хурд буд, аммо нишон дод, ки ин жанр дар Тоҷикистон нерӯи бузурге дорад.

Соли 2014, Намояндагии Институти инъкоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон барои рушди жанри таҳқиқоти журналистӣ лоиҳаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» руйи даст гирифт, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

img_3898

Дар давоми се соли амалисозии лоиҳа як силсила тренингҳо ва давраҳои омӯзишӣ доир шуданд, ки дар онҳо ҳудуди 45 нафар хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ ширкат намуда, роҳу усулҳои таҳқиқоти журналистиро ба онҳо беҳтарин тренерҳои сатҳи байналхалқӣ таълим доданд. Дар маҷмӯъ дар доираи лоиҳаи мазкур 24 таҳқиқоти журналистӣ нашр шуд, ки дар онҳо журналистони тоҷик нақшаҳои қаллобӣ, порахурӣ ва як қатор қонуншиканиҳои баъзе аз мансабдоронро ошкор намуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқ, ки минбаъд ҳам дар ин самт кор кунанд, Намояндагии Институти инъкоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон соли сеюм аст, ки озмуни миллии беҳтарин таҳқиқоти журналистиро доир мекунад. Соли гузашта, ба ин озмун ҳудуди 17 таҳқиқоти журналистӣ аз ҷониби 21 рӯзноманигорони кишвар пешниҳод гардида буд, аммо имсол зиёда аз 24 мавод аз саросари кишвар аз сӯйи 30 рӯзноманигор пешкаши озмун гардид. Ин нишон медиҳад, ки сол аз сол таваҷҷӯҳ ба жанри таҳқиқоти журналистӣ зиёд шуда, сифати таҳқиқотҳо низ беҳтар шуда истодаанд.

Аъзои ҳакамон аз байни 24 таҳқиқоти журналистӣ танҳо  6 маводро интихоб намуданд, ки аз рӯйи меъёрҳои асосии баҳогузории озмун, яъне мавҷуд будани фарзия, шуҷоати журналистӣ, дақиқӣ, ошкорбаёнӣ, аҳамияти мавзӯъ, натиҷаи таҳқиқот баҳои бештар гирифтанд.

Дар озмуни имсола инҳо ғолиб шуданд:

Бахши «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ дар матбуот/расонаҳои онлайнӣ»:

Ҷойи аввал ($500) – Муллораҷаб Юсуфзода, хабарнигори нашрияи “Нигоҳ” барои таҳқиқоти “Дуздии буҷет: аз кӯчарӯбӣ то…”; http://cabar.asia/ru/tadzhikistan-vorovstvo-iz-byudzheta-ot-dvornikov-do/

Ҷойи дуюм ($300) – Ҷамшеди Маъруф ва Рустам Гулов барои таҳқиқоти Суғд: Навзодҳо бо пора таваллуд мешаванд; http://cabar.asia/ru/iwpr-tajikistan-su-d-navzod-o-bo-pora-tavallud-meshavand/

Ҷойи сеюм ($200) – Машҳур Имомназаров ва Некруз Наврузов барои таҳқиқоти “Бадахшон: Автобусҳои президентӣ туъмаи кӣ шуданд?”; http://cabar.asia/ru/iwpr-tajikistan-badahshan-chej-dobychej-stali-prezidentskie-avtobusy/

Ҷоизаҳои вижаи IWPR :

  • Мижгона Ҳалимова хабарнигори хабаргузории «Озодагон” барои силсилаи мақолаҳо дар бахши “Ҳуқуқи занон ва кӯдакон” ($200);
  • Ёқуб Ҳалимов ва Мавзуна Абдуллоева дар бахши “Мубориза бо ришваситонӣ дар маориф”барои таҳқиқоти “Пул бегона нашавад” ($200);
  • Хилватшоҳи Маҳмуд журналисти мустақил бо ҷоизаи “Мавқеи шаҳрвандӣ”($200)  қадрдонӣ шуданд.

Ғайр аз мукофотҳои молӣ, ба ғолибони озмун инчунин таҳҷизоти техникӣ тақдим карда шуд.

 «Рости чанд соли охир бо сабабҳои зиёд ва чандин омилҳои дигар жанри таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон жанри мурда буд. Мо ҷавонон, ки шавқманди гузарондани таҳқиқоти журналистӣ будем, ба як ниҳод, ё нафароне ниёз доштем, ки моро дастирӣ кунанд ва ин гуна пуштибонро мо дар мисоли созмони IWPR пайдо кардем. Дар раванди гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ба мо хеле кӯмак карданд ва худи гузарондани озмун ҳам як навъ ҳавасмандкунӣ ва дастгирии мо журналистон аст, ки барои давом додани таҳқиқотҳои минбаъда низ саҳмгузор мебошад”, гуфт Муллораҷаб Юсуфзода баррандаи ҷойи аввали озмун зимни суханронии худ дар маросими ҷоизасупорӣ.

img_3765

Ғолиби дигар озмун Ёқуб Ҳалимов, ки дар бахши “Мубориза бо ришваситонӣ дар маориф” бо ҷоизаи вижаи IWPR қадрдонӣ шуд, гуфт: “Ҷоиза гирифтан барои ман нагаҳонӣ буд. Аслан ман барои назорат ва иштирок кардан дар чорабинӣ омадам. Фикр намекардам, ки дар инҷо барои ман диплому ҷоиза омода шудааст ва заҳматҳои гузаштаи маро қадр мекунанд. Бояд гуфт, ки эҳтои чунин ҷоизаву дипломҳо ҳар як хабарнигорро рӯҳбаланд мекунад ва водор мекунад, ки барои навиштани матлабҳои нав, пайдо кардани ҳақиқат, ошкор кардани қонуншиканиҳо бештар талош кунад. Ман аз ҳоло боз дар фикри тарҳҳои нав, барои анҷом додани таҳқиқоти журналистии минбаъда оғоз кардам”.

Ҷаноби Нильс Янсонс, Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зимни супоридани ҷоиза ба ғолибони озмун қайд кард, ки “ташаккур ба IWPR ва ба хабарнигорону иштирокчиёни ин лоиҳаи мазкур, ки давоми се сол кори вазнинро иҷро намуданд. Мо имрӯз гуфта метавонем, ки ин лоиҳаи муввафақ буд ва натиҷаҳоро алаккай мо дар мақолаҳо ва таҳқиқотҳо дида истодаем. Шумо аз аввал ҳадафҳои бузург дар наздатон гузоштед ва амалӣ намудани онҳо хеле душвор буд, аммо мо дидем, ки шумо имрӯз онҳоро амалӣ намудед”.

img_3818

Абахон Султоназаров, роҳбари минтақавии IWPR дар Осиёи Марказӣ, гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон жанри таҳқиқоти журналистӣ рушд карда истодааст. “Гарчанде аз байни 45 нафар таълимдиҳандагони мо, ки имрӯз ҳудуди 8 ё 10 нафар ба гузаронидани таҳқиқоти журналистӣ машғуланд, аммо кори онҳо натиҷа дода истодааст. Пас аз он ки мо ба рушди жанри таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кардем, бисёре аз созмонҳои дигари журналистӣ ҳам он тренерҳое, ки мо даъват кардем, баъдан онҳоро даъват карданд. Ин хеле хуб аст, чунки ин ба мо умед мебахшад, ки хабарнигорони Тоҷикистон ҳам ба ҳамаи мушкилӣ нигоҳ накарда, аз мушкилоту манфиатҳои мардуми оддӣ ҳимоя мекунанд”.

Иштирокдорони маросими ҷоизасупорӣ аз он изҳори умед намуданд, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Последнее

Популярное