Без рубрики

IWPR дар Тоҷикистон ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбиро баррасӣ менамояд

31.10.2016

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар ҳамдастӣ бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, мизи гирди навбатиро дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ” бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Норвегия дар ноҳияи Деваштичи (собиқ Ғончӣ) вилояти Суғд доир намуд.

русский

Дар ин мизи гирд намояндагон аз сохторҳои марбути Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди ҳарбӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Иштирокчиёни мизи гирд, ҷой доштани ҷинояткорӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, ғайриқонунӣ ҷалб шудани ҷавонон ба сафи қувваҳои ҳарбӣ, мавриди лату кӯб қарор гирифтани онҳо ва инчунин даст ба худкушӣ задани хизматчиёни ҳарбӣ ва тариқи шабакаҳои интерентӣ паҳн шудани чунин наворҳо аз қисмҳои ҳарбии кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

20140114_064503  Файзалӣ Достиев, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қайд намуд, ки “ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар фаъолияти хизмати ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ин доғи рӯз мебошад, ки имрӯз корҳои дар ин самт амалишударо ба самъи шумо мерасонам. Роҳбарияти Вазорати мудофиа тасмим гирифтааст, ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои мансуб ба вайрон кардани қойдаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарӣ, фавти хизматчиёни ҳарбӣ ва даст ба худкушӣ задани онҳо дар фаъолияти ҷузъу томҳои вазорат ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ нақшаи чорабиниҳои алоҳида барои соли 2016 бо мувофиқаи роҳбарони аввали сохторҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст. Вобаста ба масъалаи мазкур бояд иброз намуд, ки пешбурди корҳои тарбиявӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба хизмати ҳарбӣ алоқамандидошта, дар фаъолияти ҷузъу томҳои ҳарбӣ ба зиммаи ҳар як афсар алалхусус ба афсарони соҳаи корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ вогузор карда шудааст” қайд кард Достиев. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки “дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар самти мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва пешгирӣ намудани ҳамагуна қонуншиканиҳо дар давраи таҳлилии соли 2016 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, сатҳи содиршавии ҷиноятҳои марбут ба вайрон кардани қоидаҳои муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки ба лату кӯби сарбозон мансубият дорад, ду баробар кам гардидааст, ки соли 2016 ҳамагӣ 8 ҳолат ва соли 2015 бошад 22 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҳоло ҳам моро қонеъ гардонида наметавонад”.

20140114_064240

   Нидоев Ҳусниддин, Муовини Сардори шўъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, зимни баромади худ қайд намуд, ки “дастрасии аҳли ҷомеа дар ҳаёти сохторҳои ҳарбӣ метавонад барои таъмини масъулият, шаффофият ва идоракунии босамари сохторҳои ҳарбӣ, пешгирии ҷиноятҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат намояд. Бинобар дастрасии аҳли ҷомеа ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қисмҳои ҳарбӣ хеле муҳим аст. Аз ин рӯ аз тарафи Гурўҳи мониторингӣ ба ғайр аз муассисаҳои пўшида ва қисман пўшида дар Қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа мониторинг гузаронида мешавад. Шурӯъ аз соли 2014 дар Қисми ҳарбии Вазорати мудофиа, аз ҷумла дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Қўрғонтеппа, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд мониторинг гузаронида шуд. Дар соли 2015 бошад дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Рашт, ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Мурғоби ВМКБ мониторинг доир гардид. Натиҷаи мониторингҳо нишон медиҳад, ки вазъи риояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ рў ба беҳбудӣ овардааст. Биноҳои аксарияти қисмҳои ҳарбӣ аз нав сохта шуда, баъзеи дигараш аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд. Маблағгузории давлатӣ барои таъмир ва азнавсозии қисмҳои ҳарбӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст”.

  Раҳимзода Фахриддин, намояндаи Прокуратураи ҳарбии Гарнизони вилояти Суғд дар мавриди такмили қонунгузорӣ оид ба хизмати ҳарбӣ сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки “таҳлилҳои парвандаҳо ва санҷишҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои вайрон намудани интизоми ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, ин пеш аз ҳама паст будани савияи дониши худи онҳо ва аз надостани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшон мебошад, ки дар натиҷа даст ба содир намудани ҷиноят мезананд”.

20140114_064345

  Дилафрӯз Самадова, ҳимоягари ташкилоти ҷамъиятии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, зимни баромади хеш қайд намуд, ки “аз соли 2014 то инҷониб Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ 15 хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ки аз муносибатҳои гайриоинномавӣ дар артиш, шиканҷа ва азобу уқубат ҷабр дидаанд, бо адвокат, яъне бо ҳимоя таъмин намудаанд, ки 9 тои онҳо дар натиҷаи лату кӯб ва муносибати бераҳмона, ҳалок гардидаанд. Ба 4 нафар хизматчиёни ҳарбии боқимонда зарари вазнин ба саломати расонида шуда, дар 2 парвандаи дигар шаҳрвандон дар рафти даъват ба хизмати ҳарбӣ ҷабрдидаи вайронкунии қонун ва лату кӯб гаштаанд” илова кард адвокат.

20140114_064308

Бо мақсади пешгирӣ аз поймол шудани ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ, зиёд кардани имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбӣ, куштору сар задани ҷинояткорӣ, сатҳи таълим дар донишгоҳу донишкадаҳои ҳарбӣ иштирокчиёни мизи мудаввар як қатор тавсияҳо таҳия карданд, ки барои баррасии минбаъда ба мақомоти дахлдор, сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ва донорҳои байналмилалӣ, фиристода мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки чунин мизи гирд, дар вилояти Суғд, минтақаи Рашт, шаҳри Хоруғи ВМКБ гузаронида шуд. IWPR нақша дорад, ин силсиламизҳои гирдро дар шаҳри Душанбе низ, баргузор намояд.

Мизи гирди мазкур дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

Последнее

Популярное