© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

IWPR дар Тоҷикистон силсилаи лексияҳои озодро дар мавзӯи “Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон” барои кормандони милитсия ба анҷом расонд

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва созмони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, силсилаи лексияҳои озодро барои кормандони Шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ ШВКД-ҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ (Турсунзода, Шаҳринав, Файзобод ва Роғун) ва ду ноҳияи вилояти Хатлон (Данғара ва Темурмалик) доир намуд, ки дар он беш аз 200 нафар кормандони милитсия ширкат намуданд.

Силсилаи лексияи озодро барои кормандони милитсия олими шарқшинос, Саидаҳмад Қаландаров, муовини сардори шўъбаи роҳбарии нозирони минтақавии милитсияи Раёсати ҳифзи тартиби ҷамъиятии ВКД–и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуралӣ Қурбонов, муовини сардори Шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Ҳусниддин Нидоев ва намояндагони созмони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гузаронданд.

Лексияҳои озод, бо мақсади пешгирии амалҳои ифротгароӣ ва шиканҷа дар кишвар сурат гирифта, дар он намояндагони ҳифзи ҳуқуқи инсон ва коршиносони соҳа иштирок намуда, ба кормандони милитсия роҳҳои пешгирии ифротгароӣ, чӣ гуна бар зидди шиканҷа мубориза бурдан ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро талқин намуданд. Дар вохӯрӣ Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масъалаҳои динӣ зимни мулоқот бо кормандони милитсия дар атрофи аввалин решаҳои радикализм суҳбат намуда, қайд кард, ки радикализм аз хурдӣ дар кӯдак аз муҳити хонаводагӣ ва мактаб зуҳур мекунад. Номбурда дар ин раванд муносибати зичи нозирони минтақавӣ ва мақомоти нигаҳдории тартиботи ҷамъиятиро бо мақомоти иҷроияи ҳукумати маҳаллӣ зарур дониста, аз онҳо даъват намуд, ки ҳамкории муштарак метавонад содир намудани ҷиноятҳоро коҳиш диҳад.

Саидаҳмад Қаландаров, зимни баромади худ қайд намуд, ки яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир вусъатёбии раванди тундгароӣ, бахусус тундгароии динӣ, ифротгароӣ ва терроризм буда, он тамоми гӯшаҳои сайёраро дар бар мегирад.  “Ин амал аксаран зери шиорҳои динии бардурӯғ ва бо истифода аз арзишҳои динӣ сурат мегирад. Ӯ ҳамчунин ба он ишора кард, ки мубаллиғон, аз нокифоягии дониши динии ҷавонон истифода бурда, оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбарро (с) ба тарзи худ шарҳ медиҳанд ва бо ҳамин роҳ онҳоро ба сафи ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб менамоянд. Имрӯз натанҳо ҷавонон фирефтаи ҳама гуна гуруҳҳои ифротӣ мешаванд, балки шахсони соҳибмансаб низ бо сабабҳои гуногун ба гуруҳҳои тундрав шомил мегарданд. Ҳодисаҳои чанд соли охир нишон дод, ки натанҳо имрӯз ҷавонон фирефта мешаванд, балки шахсони соҳибмансаб низ ё аз нигоҳи молӣ, ё аз нигоҳи пасти маърифату дониш, ё аз нигоҳи хусумат ва интиқом ба доми фиреб афтоданд»,-қайд кард ӯ.

Нуралӣ Қурбонов, муовини сардори шўъбаи роҳбарии нозирони минтақавӣ раёсати ҳифзи тартибии ВКД–и Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот омили дигари шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундгароро таҳсили ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар арзёбӣ намуд: «яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, ин таҳсилоти ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар арзёбӣ мешавад. Дар ин давра, аз ибтидо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3233 нафар шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки 2931 нафари он ба воситаи таълиму тарғиби фаҳмондадиҳӣ ва корҳои профилактикӣ баргардонида шуданд. Айни замон, 302 нафари дигар онҷо боқӣ мондаанд».

Ҳамзамон, Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар мавзуъҳои мубориза бар зиди шиканҷа ва таҷрибаи фаъолияти гуруҳи мониторинги назди ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон суҳбат намуда, ба кормандони милитсия машваратҳои муфидро тавсия доданд.

Дар ҷамъбасти ҳар як лексия озод дар ШВКД-ҳо баҳсу мунозира ва саволҳои гуногун аз ҷониби кормандони милитсия пешниҳод мегардиданд, ки коршиносон бо мисолҳо ва далелҳои асоснокшуда ба саволҳои онҳо посух гардонданд.

Мавриди зикр аст, ки лексияҳои озод дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ Тоҷикистон» гузаронида шуда, дар нақша аст, ки чунин лексияҳо дар  тамоми минтақаҳои кишвар баргузор мегарданд.

 

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: