Журналистские расследования Таджикистан

IWPR Tajikistan: Чаро нафақаи Шаҳбол 130 сомонӣ аст?

07.03.2015

Оё бо ин нафақаи ночизе, ки барои ин сарбози маъюби бистарӣ муқаррар шудааст, вай метавонад ба по рост шавад, зиндагиро аз сар бигирад ва ба орзуҳояш бирасад? Магар қадри сарбозе, ки дар роҳи ҳимояи Ватан маъюб шудааст, 130 сомонӣ арзиш дорад?
Автор расследования Тилав Расулзаде – известный таджикский журналист, живет и работает на севере Таджикистана, в Согдийской области. Выпускник Таджикского Государственного Национального Университета (1981 г.).  Работал во многих местных и международных СМИ, таких как ИА «Вароруд», газеты «Нигох», «Озодагон», «Импульс», ИА «Азия-плюс», долгое время писал для ИА «Fergana.ru». Сотрудничал с таджикской службой ВВС. В настоящее время работает специальным корреспондентом журнала «Бонувони Точикистон». Отличник печати Республики Таджикистан. Член Международной Конфедерации Журналистских Союзов.

Представляем вниманию читателей текст расследования на таджикском языке:  

Нафақаи заминавӣ -130 сомонӣ!

Собиқ сарбози қисми низомии 2620 Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алҳол бознишаста Шаҳбол Мирзоеви 23-сола тибқи хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 18.09.2014 маъюби гуруҳи якум эътироф гардид. Тибқи маълумотномаи пешниҳодкардаи ин идора сабаби маъюбии Шаҳбол «беморӣ дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ» дониста шуда, муҳлати маъюбӣ то 01.10.2016 ва муҳлати муоинаи навбатӣ 18-уми сентябри ҳамон сол муқаррар гардидааст.Дар санади мазкур зикр шудааст, ки шахси мазкур «Ба парастории шахси дигар муҳтоҷ» мебошад.
tj6Баъдан дар асоси хулосаи мазкур ба ШаҳболМирзоев аз ҷониби бахши Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт маоши бознишастагӣ дар ҳаҷми 130 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», полковники эҳтиётӣ Қаюм Атаев иброз медорад, ки тибқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», ки ба таърихи 01.12.1994 ( Ахбори Шӯрои Олии ҶТ , Душанбе, 1994, №23-24) ва иловаҳои ба он воридшуда ( аз 16.04.2012) қабул шудааст, таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбие, ки аз руйи даъватба ҳайси сарбоз, сержантҳо , старшинаҳо ва аъзои оилаҳои онҳо адои хизмат менамоянд ( қаблан хизмати ҳақиқии ҳарбӣ) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.02.1993( Ахбороти Шӯрои Олии ҶТ, 1993 (№15-16) дар амал татбиқмегардад. Ба қонуни мазкур аз 16.04.2012 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тибқи моддаи 27- (Андозаи нафақа)-и Қонуни мазкур андозаи нафақаи маъюбият аз рӯйи андозаи ҳаддиақали нафақаи пиронсолӣ муқаррар карда мешавад. Барои маъюбони гуруҳи якум андозаи нафақа аз рӯйи пиронсолӣ тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2013 130 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми хизматчиёни ҳарбӣ»( Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, №3) аз моҳи июли соли 2008 то ба 01.08.2012 ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯйи даъват адо менамоянд, дар сурати қабл аз муҳлатбинобар ҷароҳат бардоштан, осеб дидан, маҷруҳ шудан мураххас шуданашон аз хизмати ҳарбӣ, кӯмакпулии якдафъаинаба андозаи 40 моҳонаи хаддиақал пардохта мешуд. Тибқи тағйироте, ки ба ин Қонун аз 01.08.2012 ворид шудааст, андозаи кумакпулӣ то ба андозаи 6 ҳадди ақали моҳона кам ва ё коҳиш дода шудааст.
Нафақаи ночиз ва ҷилавгирӣ аз латукӯби сарбозон
Ба андешаи Раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, полковники эҳтиётӣ Музаффар Бобоҷонов, нафақае, ки барои Шаҳбол Мирзоев муқаррар кардаанд, дар доираи қонун сурат гирифтааст.
— Дар Қонун «Дар бораи таъмининафақаи хидматчиёни ҳарбӣ» зикр гардидааст, ки нафақа ба сарбозон чун ба монанди ашхоси мулкӣ муқаррар карда мешавад, — мегӯяд Музаффар Бобоҷонов.- Албатта, бисёр аламангез аст, ки чунин як навъ беадолатӣ дар қонун вуҷуд дорад. Шаҳбол Мирзоев дар асоси шаҳодатнома дар мавриди беморӣ аз хизмат озод карда шуда, лиҳозо шахси мулкӣ ба шумор меравад. Қонунҳои марбута, ба ашхоси либоси низомипӯш бартарият намедиҳанд. Ин аст, ки нафақаи онҳо низ басо ночиз буда, ҳатто ба як нону чойпулӣ намерасад. Дар мавриди пардохти маблағҳои дар роҳи табобат сарфкардаи Шаҳбол Мирзоев суҳбат карда, Музаффар Бобоҷонов таъкид медорад, ки тибқи Кодекси гражданӣ ва дигар қонунҳои мавҷуда, ашхоси муҷрим ва гунаҳкор, дар симои Ғайратов Усмоналӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд тамоми он хароҷотро бипардозанд.
— Барои он ки дигар дар қисмҳои ҳарбӣ ҳодисаҳои лату кӯби сарбозон сурат нагиранд, сарбозони маъюбшуда ба нафақаи ночиз таъин нашаванд, бояд дар ҳама қисмҳои низомӣ интизом ҷорӣ кард, қонунҳоро таҷдиди назар намуд,- андеша дорад Музаффар Бобоҷонов.- Андозаи кӯмакпулии якдафъаинаро дар ҳолати маҷруҳ шудан якчанд маротиба зиёд бояд кард. Дар кишвари мо бошад, баръакс, чунин андозаро ба санаи 01.08.2012 якчанд маротиба кам карданд. Яке аз сабабҳои кам кардани андозаи нафақа шояд вазъи нохуби иқтисодии кишвар ва касри( дефитсити) буҷа мебошад. Агар то он рӯз андозаи ҷуброн барои сарбозоне , ки дар хизмати ҳарбӣ маҷруҳ шудаанд баробар бо 40 моҳонаи ҳаддиақал (аз рӯйи вазифаи ишғолнамуда мувофиқи дараҷаи якум) муқаррар мешуд, ва ин моҳона 160 сомониро ташкил медод. Ба ибораи дигар кӯмакпулии якдафъаинаи сарбози маҷруҳшуда 6400 сомониро ташкил медод. Бояд таъкид кард, ки кӯмакпулии якдафъаина аз якуми августи соли 2012 ба 6 баробари моҳонаи ҳаддиақал,(аз рӯйи вазифаи ишғолнамуда мувофиқи дараҷаи якум то 240 сомонӣ) пойин оварда шуд. Ин қоида то ба якуми сентябри соли 2013 идома кард. Аз ин рӯз сар карда бо фармони №570 вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08. 09. 2013 ҳангоми пардохти ҷубронпулӣ моҳонаи хизматчиёни ҳарбии дараҷаи якум, яъне 324 сомонӣ ба назар гирифта мешавад. Пас дар ҳоли ҳозир андозаи кӯмаки якдафъаина ба сарбозони маҷруҳ 1944 сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло мавриди он расидааст, то дар моддаи 16-и Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», яъне «Кафолатҳои суғуртавии хизматчиёни ҳарбӣ. Ҳуқуқ ба ҷуброни зарар»(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, №3) тағйироти лозим дар мавриди зиёд кардани андозаи ҷубронҳо ворид карда шаванд.
Қисмати талх
Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии филиали Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд — Шаҳбол Мирзоев моҳи октябри соли 2013 таври довталабона барои адо кардани қарзи шаҳрвандии хеш дар назди Ватан барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт. Шоми 6-уми марти соли 2014 вай аз ҷониби сарбози қатории дигар- Усмоналӣ Ғайратов мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бинобар ҷароҳатҳои гирифтааш аз он рӯз то ба кунун бемори бистарист.
Дар ин миён падари ӯ –Нуъмон Мирзоев барои муолиҷаи вай дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маблағҳои муодили садҳо ҳазор сомониро харҷ карда, зарари моддӣ ва маънавӣ дид. Ӯ барои муолиҷаи фарзандаш хонаву дару мошину дигар дороияшро фурӯхт ва ҳамакнун дар як вазъи мушкили иқтисодиву молияву равонӣ қарор дорад.
Ҳамон тавре падари Шаҳбол- Нуъмон Мирзоев иброз дошт, вай барои барқарор намудани зарари барои саломатии фарзандашрасонидашуда, инак наздик ба як сол мешавад, мубориза мебарад. Дар ин миён маблағҳои зиёдеро масраф ва ҳамарӯза ба онҳо хароҷоти нав илова шуда истодаанд. Азҷумла, танҳо хароҷоти муолиҷа дар Муассисаи буҷавии федералии «Госпитали 3-уми ҳарбии клиникавии ба номи. А. А. Вишневский»-и Вазорати мудофиаи Федератсияи Руссия, ки дар шаҳри Красногорск ҷойгир асту Шаҳбол аз 28-уми апрел то 17-уми майи соли 2014 онҷо бистарӣ буд, ба таври зайл аст:
1. Хароҷотҳои вобаста ба харидории маводи ғизоӣ-10141 рубли ФР(муодили тоҷикияш 1410, 6131 сомонӣ)ва 974 сомонию 09 дирам
2. Ҳарҷи истиқомат дар меҳмонхонаи «Зенит»-и шаҳри Красногорск, аз санаи 28-и апрел то 17-и майи соли 2014, бо нархи 2800 рубли ФР( 389, 48 сомонӣ) барои як шабонарӯз, ҷамъ 56 ҳазор рубли ФР ( 7789, 60сомонӣ);
3. Мувофиқи шартномаи хизматрасонии тиббӣ таҳти рақами 634 аз санаи 25-уми апрели соли 2014, ки байни падари бемор ва Муассисаи буҷавии федералии «Госпитали 3-уми ҳарбии клиникавии ба номи. А.А. Вишневский»-и Вазорати мудофиаи Федератсияи Руссия баста шудааст, нархи амалиёти (хизматрасонии) тиббӣ дар таърихи 25.04.2014 71 ҳазору 236 рубли ФР(9908, 9276 сомонӣ) ва нархи амалиёти (хизматрасонии) тиббӣ ба таърихи 16-майи соли 2014 174 ҳазору 694 рубли ФР( 24999, 935 сомонӣ)- ро ташкил кардааст. Танҳо барои ин ду амалиёти ҷарроҳӣ падари сарбоз Шаҳбол Мирзоев, дар маҷмуъ, 245 ҳазору 930 рубли ФР ( 34208, 863 сомонӣ) пардохт кардааст. Илова бар он Нуъмон Мирзоев барои харидани дорувориҳо 6ҳазору 766 сомонию 10 дирам ва 4 ҳазору 667 рубли ФР ( 649, 1797 сомонӣ), барои харидани асбобҳои тиббӣ, чун винти сутунмуҳра бо гайкаи тамғаи Mountaineer 138 ҳазор рубли ФР( 19 195,8 сомонӣ), стержени тамғаи Mountaineer 28 ҳазор рубли ФР( 3 894,8 сомонӣ) , MESH-тори титанӣ 53 ҳазор рубли ФР (7372,3 сомонӣ) пластинаи тамғаи Vectra бо винтҳояш 51 ҳазор рубли ФР( 7094,1 сомонӣ) масраф кардааст. Гузашта аз ин, хароҷотҳои роҳи Нуъмон, Шаҳбол ва Мирзоҷон( бародари хурдии Шаҳбол, ки парастори шабонарӯзии ӯст) ба Русия ва аз Русия ба Тоҷикистон 9 ҳазору панҷ рубли РФ ва 6 ҳазору 657 сомонию 30 дирамро ташкил кардааст. Миқдори умумии хароҷоти сафару табобати Шаҳбол танҳо ба Федератсияи Русия 14 ҳазору 397 сомонию 49 дирам ва 595 ҳазору 743 рубли ФР ( 82867, 851 сомонӣ )–ро дар бар гирифтааст.
Мувофиқи иттилоъи сомонаи расмии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 18-уми августи 2014 қурби як рублиФР дар баробари асъори миллии ҶТ- сомонӣ 0,1391 сомониро ташкил кардааст. Мутаносибан, ҳосили зарби 594 ҳазору 743 рубл ва 20 копейки ФР бо 0, 1391 82 ҳазору 867,88 сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, маблағи зарари моддии расонидашуда ба сарбоз Шаҳбол Мирзоевро ҳисоб намоем, он 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирамро ташкил кардааст.
Шаҳбол Мирзоев тавассути адвокат Дилшод Ҷӯраев ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо дастрасӣ ба моддаҳои 1115, 1116, 1086, қисми 2,1079 қисми 1-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ аз болои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ аризаи даъвогӣ барои рӯёнидани зарари моддӣ дар ҳаҷми 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам пешниҳод кардааст. Ҳама ҳуҷчатҳои марбута чун далели шайъӣ дар дасти падари Шаҳбол ва адвокати ӯ нигаҳдорӣ мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки Нуъмон Мирзоев аз замони ба бистари беморӣ фиканда шудани фарзандаш маблағе дар ҳудуди 5-6 ҳазор доллари амрикоӣ ҷиҳати ҷалби пизишкон барои муоина, ҳамроҳӣ кардани онҳоҳангоми интиқоли Шаҳбол ба ину онҷо масраф кардааст, ки аз онҳо вай комилан чашм мепӯшад.
Гузашта аз ин, дар доираи аризаи даъвогии худ , Шаҳбол Мирзоев аз суд рӯёнида додани зарари маънавии аз амалҳои ғайриқонунии хизматчии ҳарбӣ Усмоналӣ Ғайратов ва ҳамшираи шафқат Гулрухсор Ширинова дидаашро, ки 144 ҳазор сомониро дар бар мегирад, талаб кардааст. Барои муайян кардани зарари маънавии расонидашуда, аз методикаи доктори илмҳои хуқуқ, профессор А.М. Эрделевский кор гирифта шудааст. Тибқи ҷадвали ин олим, ки дар бахши ҷуброни зарари маънавӣ таҳқиқот мебарад, ҳаҷми зарари маънавӣ, ки дар натиҷаи расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба вуҷуд омадааст, бояд ба андозаи 576 музди ҳадди ақали маош муқаррар гардад. Музди ҳаддиақали маош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми сентябри соли 2013 250 сомониро ташкил медиҳад. Пас, маблағи ҷуброни зарари маънавии ба Шаҳбол Мирзоев расонидашуда бо 144 ҳазор сомонӣ барорбар аст.
Ба андешаи адвокат Дилшод Ҷӯраев андозаи нафақае, ки барои Шаҳбол Мирзоев муқаррар гардида, ноодилона аст. Зеро вай ба чунин як мусибату нокомӣ ҳангоми адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан гирифтор шудааст.
— Ин маблағе ҳаст, ки ҳатто хароҷоти якҳафтаинаи табобати Шаҳболро намепӯшонад. Зеро хароҷоти ҳафтаина танҳо барои харидани дорувориҳо барои ӯ беш аз 420 сомониро ташкил медиҳад- мегӯяд Дилшод Ҷӯраев.
Алҳол Шаҳбол дар Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст.
Ҳамон тавре падари Шаҳбол Нуъмон Мирзоев иброз дошт, танҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои аввалия ва рӯзмарраи Шаҳбол, харидории маводи доруӣ, ба истиснои маводи ғизоӣ, ҳаддиақал 65-66 сомонӣ маблағ зарур аст. Азҷумла, барои табобати пою миён ҳамарӯза малҳами Вишневский (4 сомонӣ), лемакол (4 сомонӣ) 4 дона бинт (8 сомонӣ), катактер( 8-9 сомонӣ), арақ барои молидан ба бадан ба хотири поён кардани ҳарорат( 5 сомонӣ), лидокаин (2 сомонӣ), памперс (4 сомонӣ), витамин (30 сомонӣ) маблағлозим аст. Лиҳозо, нафақаи мегирифтаи Шаҳбол метавон гуфт, танҳо ба ду рӯзи муолиҷаи Шаҳбол хоҳад расид. Ин дар ҳолест, ки бо супориши Раиси вилоят , муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ як силсила воситаҳои табобатӣ, азҷумла, масҳу гузаронидани сӯзандору, таҳлилҳо ва муоинаи пизишкони беморхонаи мазкур барои Шаҳбол ройгон эълон шудааст. Агар вай чун дигар беморон маблағи ину онро мепардохт, харҷҳо дучанд мегардиданд.
Нафақаи камтар аз нафақаи ҳадди ақал
Аз муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд Манзура Мавлонова суол кардем: «Дар ҳолате, ки ҳадди ақали нафақа дар Тоҷикистон 200 сомонӣ мебошад, чӣ тавр андозаи нафақаи маъюби гуруҳи якум 130 сомонӣ ва маъюби гуруҳи саввум 78 сомонӣ муқаррар гардидааст?»
Дар посух ба ин савол Манзура Мавлоноваиброз дошт, ки «сабаби чунин муқаррар шудани нафақа фармони таҳти рақами 1493 аз 14 августи 2013 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатхи ҳифзи ӣҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» мебошад, ки дар он азҷумла, омадааст: «- нафақаи заминавӣ ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад». Азбаски сарбоз Шаҳбол Мирзоев собиқаи корӣ, яъне дафтарчаи меҳнатӣ надорад, нафақа ба чунин андоза таъин карда шудааст. Агар он кас то ба даъват ба хизмат ва ё баъди он дар ягон ҷо кор мекарданд, дар он сурат андозаи нафақа дигар мешуд».
— Нафақаи мазкур, — таъкид медорад муҳтарама Манзура Мавлонова, — то замони комилан сиҳати шудани Шаҳбол Мирзоев пардохта хоҳад шуд. Агар ӯ сиҳат шуда, фаъолияти корӣ анҷом диҳад, пас андозаи нафақаи муқарраргардида дубора баррасӣ хоҳад шуд. Ҳар вақте, ки фармони ҷаноби олӣ дар бораи зиёд кардани андозаи нафақаи заминавӣ содир шавад, нафақаи вай зиёд хоҳад шуд».
Бояд зикр кард, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш аз 23-уми январи соли равон ба Маҷлиси Олӣ»( http://www.prezident.tj/node/8136) иброз доштанд, ки сар аз якуми сентябри соли 2015 «Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Коршиноси соҳаи хидмати ҳарбӣ Музаффар Бобоҷонов иброз медорад, ки « барои он ки обрӯ ва нуфузи Артиши Тоҷикистон баланд бардошта шавад, хуб мешуд нафақаи сарбозоне, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ бемор ё маҷруҳ шудаанд, бо андозаи ҳадди ақали сабади истеъмолӣ, ки Агентии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, баробар карда шавад. Агар ин иқдом дар ҳоли ҳозир ғайриимкон бошад, пас зарур аст, то андозаи нафақаи заминавӣ барои сарбозони маҷруҳ ё беморгардида тибқи қонун ва ё фармони сарвари кишвар лоақал ду баробар зиёд гардида, ба 260 сомонӣ расонида шавад. Зеро теъдоди чунин сарбозон зиёд набуда, ҷудо кардани маблағҳои бузургро талаб намекунад. Агар чунин шавад, қадр ва эътибори сарбоз, оне, ки дар роҳи ҳимояи Ватан маҷруҳ ва ё маъюб шудааст, дар назди аҳли ҷомеа баланд бардошта хоҳад шуд. Тибқи моддаи 1-и Сарқонуни кишвар «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Пас зарур аст, то ин нуқтаи муҳими Сарқонун дар мавриди сарбозони маҷруҳу маъюбшуда низ дар амал татбиқгардад».
Тилав Расулзода
 

Последнее

Популярное