© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Лексияи озод барои донишҷӯён дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳои ифротӣ”

21 феврали соли равон Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) дар Тоҷикистон барои беш аз 80 нафар донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ” лексияи озод ташкил намуд. Ба ҳайси маърӯзачӣ олими шарқшинос, Саидаҳмад Қаландаров баромад кард.

Зимни баромади худ Саидаҳмад Қаландаров аз ҷумла қайд намуд, ки яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир вусъатёбии раванди тундгароӣ, бахусус тундгароии динӣ, ифротгароӣ ва терроризм буда, он тамоми гӯшаҳои сайёраро дар бар мегирад. Ин амал аксаран зери шиорҳои динии бардурӯғ ва бо истифода аз арзишҳои динӣ сурат мегирад.

Ба қавли ҷаноби Қаландаров, мубаллиғони ҳаракатҳои ифоротӣ барои ба доми худ даровардани ҷавонон, бештар аз технологияҳои иттилоотии муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд. Ин мубаллиғон, ҳамчунин, аз нокифоягии дониши динии ҷавонон истифода бурда, оёти Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбарро (с) ба тарзи худ шарҳ медиҳанд ва бо ҳамин роҳ онҳоро ба сафи ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонон набояд фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ҳар гуна шахсони шубҳаовар гарданд ва дар сурати эҳсос намудани чунин як ташвиқот ҳатман бояд худро аз ин гуна нафарон канор гиранд.

Мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ, Сангин Гулов, аз нигоҳи қонунгузории кишвар мавзӯъро шарҳ дода, ба донишҷӯён дар мавриди гурӯҳҳои экстримистиву террористӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, маълумот дод. Ҷаноби Гулов инчунин қайд кард, ки мубаллиғони ҳаракатҳои ифоротӣ барои ба доми худ даровардани ҷавонон, бештар аз технологияҳои иттилоотии муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд

Баромадкунандагон ҳамчунин паҳлӯҳҳои дигари ин мавзӯи муҳимро шарҳ доданд ва дар охир ба саволҳои зиёди донишҷӯён посух гардонданд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Сообщить об опечатке
Текст, который будет отправлен нашим редакторам: